quranm◉

Саҳифа 107

Range
from 5:3 to 5:5
Surahs covered
Тарҷума
3 Тарҷума

◉

5:3

حُرِّمَتۡ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةُ وَٱلدَّمُ وَلَحۡمُ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ لِغَيۡرِ ٱللَّهِ بِهِۦ وَٱلۡمُنۡخَنِقَةُ وَٱلۡمَوۡقُوذَةُ وَٱلۡمُتَرَدِّيَةُ وَٱلنَّطِيحَةُ وَمَآ أَكَلَ ٱلسَّبُعُ إِلَّا مَا ذَكَّيۡتُمۡ وَمَا ذُبِحَ عَلَى ٱلنُّصُبِ وَأَن تَسۡتَقۡسِمُواْ بِٱلۡأَزۡلَٰمِۚ ذَٰلِكُمۡ فِسۡقٌۗ ٱلۡيَوۡمَ يَئِسَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن دِينِكُمۡ فَلَا تَخۡشَوۡهُمۡ وَٱخۡشَوۡنِۚ ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ فِي مَخۡمَصَةٍ غَيۡرَ مُتَجَانِفٖ لِّإِثۡمٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿3﴾

Ҳаром шуд бар шумо хӯрдани ҳайвони худмурда ва хуни забҳ ва гӯшти хук ва ҳар ҳайвоне, ки ба ҳангоми куштанаш номи дигаре ҷуз Аллоҳро бар ӯ бигӯянд ва он чӣ нафасгиршуда мурда бошад ё ба санг зада бошанд ё аз боло дарафтода бошад ё аз шох задани ҳайвони дигаре бимирад ё даррандагон аз он хӯрда бошанд, магар он ки пеш аз мурданаш сар бурида бошед. Ва низ ҳар чӣ барои бутон сар бурида шавад ва он чӣ ба василаи тирҳои қимор қисмат кунед, ки ин кор худ нофармонист. Имрӯз (яъне рӯзи Арафа) кофирон аз бозгашти шумо аз дини хеш ноумед шудаанд. Аз онон матарсед, аз Ман битарсед. Имрӯз дини шуморо бо Қуръону суннат ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва Исломро ҳамчун дин барои шумо интихоб намудам. Пас ҳар кӣ дар гуруснагӣ ночор монад, бе он ки қасди гуноҳ дошта бошад яъне, гуруснагӣ маҷбураш созад, ки аз мурдор ё он чӣ дар ин оят баршумурда ва ҳаром шудааст, бихӯрад, дар сурате, ки танҳо барои ҳифзи ҳаёт бошад, бидонад, ки Аллоҳ бахшанда ва меҳрубон аст ва хӯрдани худмурда, хук ва чизҳои манъшуда ва ҳаромро дар ин ҳол барои ӯ мубоҳ кард!

5:4

يَسۡـَٔلُونَكَ مَاذَآ أُحِلَّ لَهُمۡۖ قُلۡ أُحِلَّ لَكُمُ ٱلطَّيِّبَٰتُ وَمَا عَلَّمۡتُم مِّنَ ٱلۡجَوَارِحِ مُكَلِّبِينَ تُعَلِّمُونَهُنَّ مِمَّا عَلَّمَكُمُ ٱللَّهُۖ فَكُلُواْ مِمَّآ أَمۡسَكۡنَ عَلَيۡكُمۡ وَٱذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَيۡهِۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ ﴿4﴾

Аз ту эй Паёмбар мепурсанд, ки чӣ чизҳое бар онҳо ҳалол шудааст? Бигу: Чизҳои покиза ҳар он чизе аст, ки дар он фоида ё лаззате бошад ва зиёне барои бадан ва ақл надошта бошад бар шумо ҳалол шуда ва низ хурдани сайди паррандагон ва он ҳайвоне, ки ба он сайд кардан омӯхтаед, чун ҷонварони шикории таълим додашуда ва сагони шикорӣ, ҳар гоҳ онҳоро ба он тавре, ки Парвардигоратон барои шумо омӯзонидааст, таълим дода бошед, аз он сайд, ки бароятон мегиранд ва нигоҳ медоранд, бихӯред ва номи Аллоҳро бар он бихонед ва аз Аллоҳ битарсед, ки рӯзи қиёмат наздик аст ва Ӯ таъоло зуд ба ҳисоб расандааст!

5:5

ٱلۡيَوۡمَ أُحِلَّ لَكُمُ ٱلطَّيِّبَٰتُۖ وَطَعَامُ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ حِلّٞ لَّكُمۡ وَطَعَامُكُمۡ حِلّٞ لَّهُمۡۖ وَٱلۡمُحۡصَنَٰتُ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ وَٱلۡمُحۡصَنَٰتُ مِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكُمۡ إِذَآ ءَاتَيۡتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ مُحۡصِنِينَ غَيۡرَ مُسَٰفِحِينَ وَلَا مُتَّخِذِيٓ أَخۡدَانٖۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بِٱلۡإِيمَٰنِ فَقَدۡ حَبِطَ عَمَلُهُۥ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ﴿5﴾

Имрӯз чизҳои покиза барои шумо ҳалол шудааст. Таъоми аҳли Китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ издивоҷ бо занони порсо ва покдомани мӯъмина ва занони порсо ва покдомани аҳли китоб (яҳуду насоро) ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, қасдатон аз ин издивоҷ поқдоманӣ бошад, на ба қасди зинокорӣ ва на пинҳонӣ дӯст гирифтан, бар шумо ҳалоланд. Ва ҳар кас, ки ба Аллоҳу паёмбараш ва ба дини Ислом кофир шавад, амалаш нобуд шавад ва дар охират аз зиёнкорон ва бадбахтон хоҳад буд.