quranm◉

Саҳифа 121

Range
from 5:77 to 5:82
Surahs covered
Тарҷума
6 Тарҷума

◉

5:77

قُلۡ يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لَا تَغۡلُواْ فِي دِينِكُمۡ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ وَلَا تَتَّبِعُوٓاْ أَهۡوَآءَ قَوۡمٖ قَدۡ ضَلُّواْ مِن قَبۡلُ وَأَضَلُّواْ كَثِيرٗا وَضَلُّواْ عَن سَوَآءِ ٱلسَّبِيلِ ﴿77﴾

(Эй Паёмбар ба насоро) бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба ноҳақ дар дини хеш ғулув (зиёдаравӣ) макунед дар он чи ки аз шахсияти Масеҳ эътиқод доред ва аз хоҳишҳои он мардуме, ки пеш гумроҳ шуда буданд ва мардуми бисёреро гумроҳ карданд ва худ аз роҳи рост каҷравӣ кардаанд, пайравӣ макунед».

5:78

لُعِنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۢ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ عَلَىٰ لِسَانِ دَاوُۥدَ وَعِيسَى ٱبۡنِ مَرۡيَمَۚ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَواْ وَّكَانُواْ يَعۡتَدُونَ ﴿78﴾

(Парвардигор хабар медиҳад, ки Ӯ кофиронро аз раҳматаш маҳрум карда гуфтааст): Онон, ки аз бани Исроил кофир шуданд, ба забони Довуд ва Исо ибни Марям лаънат шуданд ва ин лаънат подоши исён ва таҷовузашон буд.

5:79

كَانُواْ لَا يَتَنَاهَوۡنَ عَن مُّنكَرٖ فَعَلُوهُۚ لَبِئۡسَ مَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ ﴿79﴾

Инҳо, яҳудиён гуноҳи ошкор мекарданд ва ба кардани он розӣ буданд ва аз кори зиште, ки мекарданд, якдигарро мань намекарданд ва ҳароина бадкорӣ мекарданд. Ба ин сабаб сазовори лаънати Парвардигор гаштанд.

5:80

تَرَىٰ كَثِيرٗا مِّنۡهُمۡ يَتَوَلَّوۡنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۚ لَبِئۡسَ مَا قَدَّمَتۡ لَهُمۡ أَنفُسُهُمۡ أَن سَخِطَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡ وَفِي ٱلۡعَذَابِ هُمۡ خَٰلِدُونَ ﴿80﴾

Бисёре аз яҳудиёнро мебинӣ, ки бо кофирон (яъне, бо мушрикони Макка, ки бар зидди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ҷанг баромаданд) дӯстӣ меварзанд. Бад аст, он чӣ пештар барои худ фиристоданд. Хашми Аллоҳ бар онҳост ва рӯзи қиёмат дар азоби ҷовидонаанд.

5:81

وَلَوۡ كَانُواْ يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلنَّبِيِّ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مَا ٱتَّخَذُوهُمۡ أَوۡلِيَآءَ وَلَٰكِنَّ كَثِيرٗا مِّنۡهُمۡ فَٰسِقُونَ ﴿81﴾

Ва агар он яҳудиёне ки мушриконро дастиёрӣ карданд ба Аллоҳ ва паёмбар (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва он чӣ бар ӯ нозил шуда, (Қуръон) имон оварда буданд, кофиронро дӯст намегирифтанд, вале бештарашон фосиқонанд. (Яъне, аз тоъати Аллоҳ ва расулаш берунанд)

5:82

لَتَجِدَنَّ أَشَدَّ ٱلنَّاسِ عَدَٰوَةٗ لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱلۡيَهُودَ وَٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْۖ وَلَتَجِدَنَّ أَقۡرَبَهُم مَّوَدَّةٗ لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّا نَصَٰرَىٰۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّ مِنۡهُمۡ قِسِّيسِينَ وَرُهۡبَانٗا وَأَنَّهُمۡ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ ﴿82﴾

Бешак хоҳӣ дид, эй Паёмбар, ки душмантарин мардум барои мӯъминон яҳудиён ва мушрикон ҳастанд ки яҳудиён аз сабаби саркашӣ ва инкор карданашон ҳақро ва мушрикон ба сабаби бутпарастиашон душманӣ варзиданд ва меҳрубонтарин касон нисбат ба онон, ки имон овардаанд, касонеро меёбӣ, ки мегӯянд: «Мо насронӣ ҳастем». Зеро баъзе аз онҳо донишмандону обидон ҳастанд ва онҳо аз қабули ҳақ такаббур намекунанд. (Ва онҳо касонеанд, ки рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро қабул карданд ва ба он имон оварданд.)