quranm◉

Саҳифа 359

Range
from 24:62 to 25:2
Surahs covered
Тарҷума
5 Тарҷума

◉

24:62

إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَإِذَا كَانُواْ مَعَهُۥ عَلَىٰٓ أَمۡرٖ جَامِعٖ لَّمۡ يَذۡهَبُواْ حَتَّىٰ يَسۡتَـٔۡذِنُوهُۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَسۡتَـٔۡذِنُونَكَ أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۚ فَإِذَا ٱسۡتَـٔۡذَنُوكَ لِبَعۡضِ شَأۡنِهِمۡ فَأۡذَن لِّمَن شِئۡتَ مِنۡهُمۡ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُمُ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿62﴾

Ҳамоно мӯъминон касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон овардаанд ва чун бо паёмбар дар коре якҷоя бошанд, то аз ӯ рухсат наталабидаанд, набояд бираванд. Онон, ки аз ту эй паёмбар, рухсат металабанд, ҳароина, касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳу Паёмбараш имон овардаанд. Пас, ҳангоме ки аз ту барои баъзе аз корҳояшон рухсат хостанд, бар ҳар як аз онон, ки хоҳӣ, рухсат бидеҳ ва барояшон аз Аллоҳ омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно Аллоҳ таоло бахшояндаву меҳрубон аст!

24:63

لَّا تَجۡعَلُواْ دُعَآءَ ٱلرَّسُولِ بَيۡنَكُمۡ كَدُعَآءِ بَعۡضِكُم بَعۡضٗاۚ قَدۡ يَعۡلَمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ يَتَسَلَّلُونَ مِنكُمۡ لِوَاذٗاۚ فَلۡيَحۡذَرِ ٱلَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنۡ أَمۡرِهِۦٓ أَن تُصِيبَهُمۡ فِتۡنَةٌ أَوۡ يُصِيبَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ﴿63﴾

Эй мӯъминон, он чунон ки якдигарро нидо мекунед, паёмбарро нидо накунед (яъне ё Муҳаммад нагӯед, балки бо эҳтирому иззат ба ин лафз эй паёмбари Аллоҳ, ё расулаллоҳ бигӯед). Албатта, Аллоҳ медонад онҳоеро, ки пинҳонӣ берун мешаванд аз назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Бояд ки битарсанд онҳое, ки хилофи ҳукми паёмбар кор мекунанд аз ин ки бирасад ба онҳо ба сабаби хилофкориашон балову мусибате ё бирасад ба онҳо азоби дарднок.

24:64

أَلَآ إِنَّ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ قَدۡ يَعۡلَمُ مَآ أَنتُمۡ عَلَيۡهِ وَيَوۡمَ يُرۡجَعُونَ إِلَيۡهِ فَيُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُواْۗ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمُۢ ﴿64﴾

Огоҳ бошед, ҳароина, аз они Аллоҳ аст ҳар чи дар осмонҳову замин аст. Медонад, ки шумо бар чи коред. Ва он рӯз, ки ба сӯйи Ӯ бозгардонда шаванд, ононро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ месозад ва ҷазо медиҳад. Ва Аллоҳ ба ҳар чизе доност!

25:1

تَبَارَكَ ٱلَّذِي نَزَّلَ ٱلۡفُرۡقَانَ عَلَىٰ عَبۡدِهِۦ لِيَكُونَ لِلۡعَٰلَمِينَ نَذِيرًا ﴿1﴾

Бисёр бузургу боазамат аст, он ки ин Фурқон (Қуръон, яъне ҷудосозандаи ҳақ аз ботил)-ро бар бандаи Худ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил кард, то ҷаҳониёнро ба воситаи он аз азоби Аллоҳ бимдиҳандае бошад.

25:2

ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَمۡ يَتَّخِذۡ وَلَدٗا وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ شَرِيكٞ فِي ٱلۡمُلۡكِ وَخَلَقَ كُلَّ شَيۡءٖ فَقَدَّرَهُۥ تَقۡدِيرٗا ﴿2﴾

Он Зоте, ки аз они Ӯст фармонравоии осмонҳову замин ва фарзанде барои Худ нагирифтааст ва Ӯро шарике дар фармонравоӣ нест ва ҳар чизро биёфаридааст, пас онро ба андозаи муайян офаридааст.