quranm◉

Саҳифа 385

Range
from 27:89 to 28:5
Surahs covered
Тарҷума
10 Тарҷума

◉

27:89

مَن جَآءَ بِٱلۡحَسَنَةِ فَلَهُۥ خَيۡرٞ مِّنۡهَا وَهُم مِّن فَزَعٖ يَوۡمَئِذٍ ءَامِنُونَ ﴿89﴾

Ҳар кас, ки кори неке кунад (чун имон ба Аллоҳ ва ихлос дар тоат), беҳтар аз онро мукофот гирад, ки ризо ва хушнудии парвардигор аст ва некӯкорон аз ваҳшати он рӯз, ки қиёмат фаро мерасад ва тарсу хавф мардумро фаро мегирад дар амон бошанд ва ғаму андӯҳ ва нигарониҳо аз онҳо дур бошад.

27:90

وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَكُبَّتۡ وُجُوهُهُمۡ فِي ٱلنَّارِ هَلۡ تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ﴿90﴾

Ва ононро, ки корҳои бад мекунанд (чун ширк ва маъсият), сарнагун дар оташ андозанд ва ба онҳо сарзаниш карда гуфта шавад: Оё ҷуз мувофиқи корҳое, ки дар дунё кардаед, ҷазо дода мешавед?

27:91

إِنَّمَآ أُمِرۡتُ أَنۡ أَعۡبُدَ رَبَّ هَٰذِهِ ٱلۡبَلۡدَةِ ٱلَّذِي حَرَّمَهَا وَلَهُۥ كُلُّ شَيۡءٖۖ وَأُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ ﴿91﴾

(Эй Паёмбар бигӯ:) Ҳароина, ба ман фармон шудааст, ки танҳо Парвардигори ин шаҳрро (Маккаро) бипарастам. Шаҳреро, ки Аллоҳ, ки ҳама чиз аз они Ӯст, ҳурматаш ниҳода ва онро ҳарами амн ва амон сохтааст ва дар он куштани инсоне ё зулм ба касе ва ё забҳи ҳайвон ё кандани гиёҳу дарахти он, ҳаром ҳукм гардидааст ва амр шудаам, ки аз мусалмонон бошам.

27:92

وَأَنۡ أَتۡلُوَاْ ٱلۡقُرۡءَانَۖ فَمَنِ ٱهۡتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهۡتَدِي لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَقُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ ﴿92﴾

Ва ба ман фармуда шуд, ин ки Қуръонро тиловат кунам. Пас ҳар кӣ ҳидоят ёфт, ба нафъи худ ҳидоят ёфтааст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, бигӯ: «Ҳароина, ман аз бимдиҳандагон ҳастам».

27:93

وَقُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ سَيُرِيكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ فَتَعۡرِفُونَهَاۚ وَمَا رَبُّكَ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ ﴿93﴾

Ва эй Паёмбар, барои мушрикони қавмат бигӯ: «Сипос Аллоҳрост. Оёти худро дар вуҷуди шумо ва дар осмону замин ба шумо хоҳад намуд, то онҳоро бишносед. Ва Парвардигори ту аз ҳар коре, ки мекунед, бехабар нест».

28:1

طسٓمٓ ﴿1﴾

То, Син, Мим.

28:2

تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ ﴿2﴾

Ин оятҳои китоби равшан аст, яъне, Қуръони маҷид, баён мекунад ҳақро аз ботил ва намудор месозад роҳи ростро аз каҷ ва роҳи саодати дунёву охиратро барои инсонҳо нишон медиҳад.

28:3

نَتۡلُواْ عَلَيۡكَ مِن نَّبَإِ مُوسَىٰ وَفِرۡعَوۡنَ بِٱلۡحَقِّ لِقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ ﴿3﴾

Барои онҳое, ки ба ин Қуръон имон меоваранд, достони ростини Мӯсо ва Фиръавнро бар ту мехонем.

28:4

إِنَّ فِرۡعَوۡنَ عَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَجَعَلَ أَهۡلَهَا شِيَعٗا يَسۡتَضۡعِفُ طَآئِفَةٗ مِّنۡهُمۡ يُذَبِّحُ أَبۡنَآءَهُمۡ وَيَسۡتَحۡيِۦ نِسَآءَهُمۡۚ إِنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلۡمُفۡسِدِينَ ﴿4﴾

Фиръавн дар он сарзамини Миср бартарӣ ҷуст ва мардумашро гурӯҳ - гурӯҳ сохт. Гурӯҳеро (яъне, банӣ Исроил) хор медошт ва писаронашонро мекушт ва занонашонро зинда мегузошт, ки ҳароина, ӯ аз фасодкорон буд.

28:5

وَنُرِيدُ أَن نَّمُنَّ عَلَى ٱلَّذِينَ ٱسۡتُضۡعِفُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَنَجۡعَلَهُمۡ أَئِمَّةٗ وَنَجۡعَلَهُمُ ٱلۡوَٰرِثِينَ ﴿5﴾

Ва мехоҳем бар онон, ки дар замин заиф ва нотавон қарор дода шудаанд, миннат ниҳем ва ононро дар хубиҳо пешво созем ва баъди ҳалоки Фиръавн ва қавмаш ононро вориси замин созем.