quranm◉

Саҳифа 473

Range
from 40:50 to 40:58
Surahs covered
Тарҷума
9 Тарҷума

◉

40:50

قَالُوٓاْ أَوَلَمۡ تَكُ تَأۡتِيكُمۡ رُسُلُكُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِۖ قَالُواْ بَلَىٰۚ قَالُواْ فَٱدۡعُواْۗ وَمَا دُعَـٰٓؤُاْ ٱلۡكَٰفِرِينَ إِلَّا فِي ضَلَٰلٍ ﴿50﴾

Нигаҳбонони дӯзах дар ҷавоби онҳо мегӯянд: Ин дуо ба шумо чизе фоида надиҳад, оё паёмбаронатон бо далелҳои равшан назди шумо наёмада буданд, пас шумо онҳоро дурӯғ баровардед? Мегӯянд дӯзахиён: Бале. Нигаҳбонони дӯзах мегӯянд: Мо барои шумо дуо намекунем ва дар ҳаққи шумо шафоат ҳам наметалабем. Пас, худ дуо кунед. Лекин ин дуо ба шумо чизе фоида надиҳад, зеро шумо кофир ҳастед. Ва дуои кофирон, ҷуз он ки табоҳ шавад, ҳеҷ чизе нахоҳад буд. Ва ҳаргиз мавриди иҷобат қарор намегирад.

40:51

إِنَّا لَنَنصُرُ رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَيَوۡمَ يَقُومُ ٱلۡأَشۡهَٰدُ ﴿51﴾

Яқинан, Мо ёрӣ мекунем паёмбарони худ ва касонеро, ки имон овардаанд дар зиндагии дунё ва низ ёрӣ мекунем дар рӯзи қиёмат, ки гувоҳон аз фариштагон, паёмбарон ва мӯъминон барои гувоҳӣ додан бар умматҳое, ки паёмбарони худро дурӯғ бароварданд барпой мехезанд, ва ту низ эй Муҳаммад, гувоҳӣ медиҳӣ, ки паёмбарон рисолати Парвардигорашонро ба умматонашон расонданд ва умматҳояшон онҳоро тасдиқ накарданд.

40:52

يَوۡمَ لَا يَنفَعُ ٱلظَّـٰلِمِينَ مَعۡذِرَتُهُمۡۖ وَلَهُمُ ٱللَّعۡنَةُ وَلَهُمۡ سُوٓءُ ٱلدَّارِ ﴿52﴾

Дар рӯзе, ки ҳисобу ҷазо аст ситамкоронро узр хостан фоида надиҳад ва насиби онҳо лаънат аст ва барояшон дар охират ҷойгоҳи бад аст! Аз сабабе, ки онҳо паёмбарони худро дурӯғ мебароварданд.

40:53

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡهُدَىٰ وَأَوۡرَثۡنَا بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ٱلۡكِتَٰبَ ﴿53﴾

Мо ба ростӣ ба Мӯсо ҳидоят (Таврот ва мӯъҷизаҳо) ато кардем ва банӣ Исроилро ворисони китоб намудем.

40:54

هُدٗى وَذِكۡرَىٰ لِأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ ﴿54﴾

Китобе, ки раҳнамо ва андарзгӯйи хирадмандон аст.

40:55

فَٱصۡبِرۡ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لِذَنۢبِكَ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ بِٱلۡعَشِيِّ وَٱلۡإِبۡكَٰرِ ﴿55﴾

Пас сабр кун, эй Расул, аз озори мушрикон, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ва ҳеҷ хилофе дар он нест. Ва барои гуноҳат омурзиш бихоҳ ва ҳар шому саҳар ба сипос ва ситоиши Парвардигорат бипардоз.

40:56

إِنَّ ٱلَّذِينَ يُجَٰدِلُونَ فِيٓ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ بِغَيۡرِ سُلۡطَٰنٍ أَتَىٰهُمۡ إِن فِي صُدُورِهِمۡ إِلَّا كِبۡرٞ مَّا هُم بِبَٰلِغِيهِۚ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ﴿56﴾

Ба ростӣ, касоне, ки дар оёти Аллоҳ бе он ки ҳуҷҷате барояшон омада бошад ба гумонҳои фосиду ботил муҷодала мекунанд ва мехоҳанд бо ботиле, ки бо худ доранд бар ҳақ бартарӣ ҷӯянд, дар синаҳои онҳо ҷуз кибр нест ва ҳасадбаранда ҳастанд бар фазлу каромате, ки Аллоҳ ба паёмбараш додааст, вале ба он мақсад нахоҳанд расид. Пас, ба Аллоҳ паноҳ бибар, ки албатта, Ӯ бисёр шунаво аст ба гуфторашон, биност ба кирдорашон ва ҳар якеро ҷазои муносиб хоҳад дод!

40:57

لَخَلۡقُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ أَكۡبَرُ مِنۡ خَلۡقِ ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿57﴾

Бегумон офариниши осмону замин аз офариниши мардум ва аз зинда гардонидани онҳо баъд аз мирониданашон бузургтар аст, вале бештари мардум намедонанд, ки офариниши ҳама махлуқот бар Аллоҳ осон аст!

40:58

وَمَا يَسۡتَوِي ٱلۡأَعۡمَىٰ وَٱلۡبَصِيرُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ وَلَا ٱلۡمُسِيٓءُۚ قَلِيلٗا مَّا تَتَذَكَّرُونَ ﴿58﴾

Ва нобинову бино баробар нестанд. Ва онҳое, ки имон ба ягонагии Аллоҳ овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва амал ба шариати Ӯ кардаанд, бо зишткорон, ки ягонагии Аллоҳро инкор кардаанд ва паёмбаронро дурӯғ баровардаанд ва ба шариати Ӯ амал накардаанд, ҳаргиз баробар набошанд. Аммо шумо кам панд мегиред!