يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ لَهُ ٱلۡمُلۡكُ وَلَهُ ٱلۡحَمۡدُۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ ﴿1﴾يُسَبِّحُ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ لَهُ ٱلۡمُلۡكُ وَلَهُ ٱلۡحَمۡدُۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ
Аллоҳро тасбеҳ мегӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Фармонравоӣ ва ҳокимият аз они Ӯст ва сипос ва ситоиши некӯ сазовори Ӯст ва Ӯ ба ҳар чизе тавоност!
هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ فَمِنكُمۡ كَافِرٞ وَمِنكُم مُّؤۡمِنٞۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ ﴿2﴾هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ فَمِنكُمۡ كَافِرٞ وَمِنكُم مُّؤۡمِنٞۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ
Ӯст, ки шуморо биёфарид. Баъзе аз шумо ба Илоҳи бар ҳақ будани Ӯ кофиранд ва баъзе мӯъминанд ва ба шариъати Ӯ амалкунандаанд. Ва ҳамаи корҳое, ки мекунед, мебинад ва ҳеҷ чиз аз он бар Ӯ пинҳон намемонад ва дар баробари амалҳоятон ҷазодиҳандааст!
خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّ وَصَوَّرَكُمۡ فَأَحۡسَنَ صُوَرَكُمۡۖ وَإِلَيۡهِ ٱلۡمَصِيرُ ﴿3﴾خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّ وَصَوَّرَكُمۡ فَأَحۡسَنَ صُوَرَكُمۡۖ وَإِلَيۡهِ ٱلۡمَصِيرُ
Осмонҳову заминро барҳақ ва ба ҳикмати расо биёфарид ва шуморо тасвир кард ва некӯ тасвир кард. Ва оқибати бозгашти ҳама дар рӯзи қиёмат ба сӯи Ӯст!
يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَيَعۡلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعۡلِنُونَۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ ﴿4﴾يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَيَعۡلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعۡلِنُونَۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
Эй мардум! Ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, Аллоҳ таъоло медонад ва низ медонад ба он чӣ пинҳон медоред байни якдигар ё ошкор месозед. Ва Аллоҳ ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад ва пинҳондошта мешавад, доно аст!
أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ نَبَؤُاْ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَبۡلُ فَذَاقُواْ وَبَالَ أَمۡرِهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ ﴿5﴾أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ نَبَؤُاْ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَبۡلُ فَذَاقُواْ وَبَالَ أَمۡرِهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Оё эй мушрикон шуморо хабари касоне, ки аз ин пеш кофир шуда буданд, нарасидааст? Уқубати ногувори амалашонро дар дунё чашиданд ва барояшон дар охират азоби дардовар аст.
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُۥ كَانَت تَّأۡتِيهِمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَقَالُوٓاْ أَبَشَرٞ يَهۡدُونَنَا فَكَفَرُواْ وَتَوَلَّواْۖ وَّٱسۡتَغۡنَى ٱللَّهُۚ وَٱللَّهُ غَنِيٌّ حَمِيدٞ ﴿6﴾ذَٰلِكَ بِأَنَّهُۥ كَانَت تَّأۡتِيهِمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَقَالُوٓاْ أَبَشَرٞ يَهۡدُونَنَا فَكَفَرُواْ وَتَوَلَّواْۖ وَّٱسۡتَغۡنَى ٱللَّهُۚ وَٱللَّهُ غَنِيٌّ حَمِيدٞ
Ин азоби дардноке, ки дар дунё дучорашон шуд, ба сабаби он буд, ки ҳароина, паёмбаронашон бо далелҳои равшан бар онон фиристода шуданд: Ва онҳо бо тааҷҷуб ва инкор гуфтанд: «Оё монанди мо одамиён моро ҳидоят мекунанд?» Пас, ба Аллоҳ кофир шуданд ва рисолати расулонашро инкор карданд ва аз ҳақ рӯй гардониданд ва онро қабул накарданд ва Аллоҳ бениёз аз имон ва итоъати онҳо буд ва ҳамеша Аллоҳ бениёз аст ва сазовори ситоиш аст дар гуфтору корҳо ва сифоташ.
زَعَمَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَن لَّن يُبۡعَثُواْۚ قُلۡ بَلَىٰ وَرَبِّي لَتُبۡعَثُنَّ ثُمَّ لَتُنَبَّؤُنَّ بِمَا عَمِلۡتُمۡۚ وَذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ ﴿7﴾زَعَمَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَن لَّن يُبۡعَثُواْۚ قُلۡ بَلَىٰ وَرَبِّي لَتُبۡعَثُنَّ ثُمَّ لَتُنَبَّؤُنَّ بِمَا عَمِلۡتُمۡۚ وَذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ
Онон, ки кофир шуданд, пиндоштанд, ки онҳо ҳаргиз баъд аз мурданашон зинда карда намешаванд. Бигӯ барояшон эй Расул: «оре, ба Парвардигорам савганд, ки шуморо, ҳатман, баъд аз мурданатон зинда хоҳад кард. Сипас ба он чӣ дар дунё кардаед, ҳатман, огоҳ сохта мешавед. Ва ин бар Аллоҳ осон аст».
فَـَٔامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَٱلنُّورِ ٱلَّذِيٓ أَنزَلۡنَاۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ ﴿8﴾فَـَٔامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَٱلنُّورِ ٱلَّذِيٓ أَنزَلۡنَاۚ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ
Пас, эй мушрикон ба Аллоҳу паёмбараш ва ин нур, Қуръон, ки нозил кардем, имон биёваред. Ва Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст! Пас чизе аз суханон ва афъолатон бар Ӯ пӯшида намемонад ва рӯзи қиёмат дар баробари амалҳоятон ҷазоятон хоҳад дод.
يَوۡمَ يَجۡمَعُكُمۡ لِيَوۡمِ ٱلۡجَمۡعِۖ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلتَّغَابُنِۗ وَمَن يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ وَيَعۡمَلۡ صَٰلِحٗا يُكَفِّرۡ عَنۡهُ سَيِّـَٔاتِهِۦ وَيُدۡخِلۡهُ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ﴿9﴾يَوۡمَ يَجۡمَعُكُمۡ لِيَوۡمِ ٱلۡجَمۡعِۖ ذَٰلِكَ يَوۡمُ ٱلتَّغَابُنِۗ وَمَن يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ وَيَعۡمَلۡ صَٰلِحٗا يُكَفِّرۡ عَنۡهُ سَيِّـَٔاتِهِۦ وَيُدۡخِلۡهُ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ
Рӯзе, ки ҳамаи шуморо барои рӯзи ҷамъ (рӯзи қиёмат, ки аввалин то охирин) гирд оварад, он рӯз, рӯзи тағобун аст. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ имон биёварад ва кори шоиста кунад, гуноҳонашро мебахшад ва ба биҳиштҳое, ки дар қасрҳои онҳо дарёҳо ҷорист, дохил кунад. Он ҷо ҷовидона хоҳад буд. Ин комёбии бузургест, ки ҳеҷ комёбии дигаре бо он баробар наметавонад шуд!