quranm◉

Саҳифа 598

Range
from 97:1 to 98:7
Surahs covered
Тарҷума
12 Тарҷума

◉

97:1

إِنَّآ أَنزَلۡنَٰهُ فِي لَيۡلَةِ ٱلۡقَدۡرِ ﴿1﴾

Бегумон, Мо Қуръонро дар Шаби Қадр нозил кардем! ва он яке аз шабҳои моҳи шарифи рамазон аст

97:2

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا لَيۡلَةُ ٱلۡقَدۡرِ ﴿2﴾

Ва ту чӣ медонӣ, ки Шаби Қадр чист?

97:3

لَيۡلَةُ ٱلۡقَدۡرِ خَيۡرٞ مِّنۡ أَلۡفِ شَهۡرٖ ﴿3﴾

Фазли Шаби Қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст.

97:4

تَنَزَّلُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ وَٱلرُّوحُ فِيهَا بِإِذۡنِ رَبِّهِم مِّن كُلِّ أَمۡرٖ ﴿4﴾

Дар он шаб фариштагону рӯҳ (Ҷабраил алайҳиссалом) ба иҷозати Парвардигорашон барои анҷом додани ҳар гуна кор мефароянд.

97:5

سَلَٰمٌ هِيَ حَتَّىٰ مَطۡلَعِ ٱلۡفَجۡرِ ﴿5﴾

Он шаб, шаби саломат ва раҳмат аст то дами субҳ!

98:1

لَمۡ يَكُنِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ مُنفَكِّينَ حَتَّىٰ تَأۡتِيَهُمُ ٱلۡبَيِّنَةُ ﴿1﴾

Кофирони аҳли китоб (аз яҳуду насоро) ва мушрикон даст барнадоранд аз куфри худ, то барояшон хуҷҷати равшане биёяд.

98:2

رَسُولٞ مِّنَ ٱللَّهِ يَتۡلُواْ صُحُفٗا مُّطَهَّرَةٗ ﴿2﴾

Фиристодае аст (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Аллоҳ, ки саҳифаҳои поки Қуръонро мехонад,

98:3

فِيهَا كُتُبٞ قَيِّمَةٞ ﴿3﴾

дар онҳо навиштаҳоест росту дуруст, аз ахбор ва амрҳои одилона, ки ба роҳи ҳақ ҳидоят менамояд.

98:4

وَمَا تَفَرَّقَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَةُ ﴿4﴾

Ва аҳли китоб пароканда нашуданд, магар баъд аз он ки барояшон бурҳоне равшан омад. Ва он бурҳон Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, ки дар Тавроту Инҷил барояшон ваъда дода шуда буд. Ҳама дар паёмбарии ӯ иттифоқ буданд. Пас он ҳангом, ки ба паёмбарӣ мабъус гардид, инкор карданд ва пароканда шуданд.

98:5

وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ وَيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ ٱلۡقَيِّمَةِ ﴿5﴾

Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Аллоҳро мухлисона бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини Ӯ бо ихлос бошанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост!

98:6

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ فِي نَارِ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآۚ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمۡ شَرُّ ٱلۡبَرِيَّةِ ﴿6﴾

Ҳамоно аз аҳли китоб онҳое, ки кофир шуданд ва мушрикон, дар оташи ҷаҳаннаманд ва дар он ҳамеша хоҳанд буд. Инҳо бадтарини офаридагонанд.

98:7

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمۡ خَيۡرُ ٱلۡبَرِيَّةِ ﴿7﴾

Албатта касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, беҳтарини офаридагонанд.