quranm◉

Саҳифа 86

Range
from 4:45 to 4:51
Surahs covered
Тарҷума
7 Тарҷума

◉

4:45

وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِأَعۡدَآئِكُمۡۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ وَلِيّٗا وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ نَصِيرٗا ﴿45﴾

Ва Аллоҳ душманони шуморо беҳтар мешиносад ва кофӣ аст, ки Аллоҳ сарпарасти шумо бошад ва кофӣ аст, ки Аллоҳ ёвари шумо бошад.

4:46

مِّنَ ٱلَّذِينَ هَادُواْ يُحَرِّفُونَ ٱلۡكَلِمَ عَن مَّوَاضِعِهِۦ وَيَقُولُونَ سَمِعۡنَا وَعَصَيۡنَا وَٱسۡمَعۡ غَيۡرَ مُسۡمَعٖ وَرَٰعِنَا لَيَّۢا بِأَلۡسِنَتِهِمۡ وَطَعۡنٗا فِي ٱلدِّينِۚ وَلَوۡ أَنَّهُمۡ قَالُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَا وَٱسۡمَعۡ وَٱنظُرۡنَا لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۡ وَأَقۡوَمَ وَلَٰكِن لَّعَنَهُمُ ٱللَّهُ بِكُفۡرِهِمۡ فَلَا يُؤۡمِنُونَ إِلَّا قَلِيلٗا ﴿46﴾

Гурӯҳе аз яҳудиён суханонро аз ҷойгоҳашон дигаргун карда ва мегӯянд: "Шунидем ва нофармонӣ кардем ва бишнав, кошкӣ ношунаво гардӣ ва (мегуфтанд) моро риоят кун". Онҳо бо истифодаи ин гуна калимаҳо ва печ додани забонашон ба айбҷӯйӣ аз дин ба паёмбар мепардохтанд ва дар миёни худ мн матлабро бо равшанӣ баён мекарданд. Сипас Аллоҳ онҳоро ба анҷоми он чи ки барояшон беҳтар аст, роҳнамоӣ намуд ва фармуд: Ва агар онҳо мегуфтанд: "Шунидем ва фармон бурдем ва бишнав ва ба сӯи мо бингар" барояшон беҳтар ва дурусттар буд. Вале аз он ҷо ки сиришташон нопок буд, аз ин шева рӯй гардонданд. Аммо Аллоҳ ба сабаби куфрашон ононро лаънат кард, пас ба ҷуз иддаи каме имон намеоранд.

4:47

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ ءَامِنُواْ بِمَا نَزَّلۡنَا مُصَدِّقٗا لِّمَا مَعَكُم مِّن قَبۡلِ أَن نَّطۡمِسَ وُجُوهٗا فَنَرُدَّهَا عَلَىٰٓ أَدۡبَارِهَآ أَوۡ نَلۡعَنَهُمۡ كَمَا لَعَنَّآ أَصۡحَٰبَ ٱلسَّبۡتِۚ وَكَانَ أَمۡرُ ٱللَّهِ مَفۡعُولًا ﴿47﴾

Эй аҳли китоб! Имон оваред ба он чи Мо нозил кардаем аз Қуръон, ки тасдиқкунандаи чизҳоест, ки шумо бо худ доред. Пас ҳамон тавре ки онҳо ҳақро тарк гуфта ва ботилро ривоҷ доданд, ба сазое аз навъи корашон ҷазо дода шуданд ва чеҳраҳояшон маҳв гардид, ҳамон тавре ки онҳо ҳақро маҳв карданд. Ва баргардондани чеҳраҳояшон ба сурате буд, ки чеҳраи онон дар пушт қарор гирифт ва ин зишттарин сурат аст. Ё онҳоро лаънат кунем, ҳамон тавре ки ёрони шанберо лаънат кардем. (Яъне, онҳоро аз раҳмати худ дур намуд ва табдил ба маймун гардонд, ҳамон тавр ки Аллоҳ бо бародаронашон, ки дар рӯзи шанбе таҷовуз ва сарпечӣ карданд, чунин кард). Ва фармони Алдоҳ анҷом шуданӣ аст.

4:48

إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدِ ٱفۡتَرَىٰٓ إِثۡمًا عَظِيمًا ﴿48﴾

Ба дурустӣ, ки Аллоҳ намеомӯрзад, ки Ӯро ширк муқаррар карда шавад ва гуноҳони поинтар аз онро барои ҳар касе, ки бихоҳад (аз гуноҳони сағира ва кабира), меомӯрзад. Ва ҳар кас ба Аллоҳ ширк варзад, гуноҳи бузургеро содир кардааст.

4:49

أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ يُزَكُّونَ أَنفُسَهُمۚ بَلِ ٱللَّهُ يُزَكِّي مَن يَشَآءُ وَلَا يُظۡلَمُونَ فَتِيلًا ﴿49﴾

Оё касонеро намебинӣ, ки худро пок мешуморанд, балки Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад пок месозад. (Яъне, ӯро ба сабаби имон ва амали солеҳ ва оростагӣ ва ахлоқи зебо пок мегардонад. Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад ва ба андозаи риштае ситам нахоҳад шуд. Аммо яҳудиён гарчи худро пок бидонанд ва даъво кунанд, ки ба роҳи рост ҳастанд, дурӯғгӯ мебошанд. Ба ба сабаби ситам ва куфрашон аз хислатҳои покон баҳрае надоранд) ва Аллоҳ бар онҳо ситам раво надоштааст, ҳатто ба андозаи риштаи борике ки дар пӯсти хурмо ҳаст.

4:50

ٱنظُرۡ كَيۡفَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَۖ وَكَفَىٰ بِهِۦٓ إِثۡمٗا مُّبِينًا ﴿50﴾

Нигоҳ кун чи гуна бо пок қарор додани худ, ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд ва ин бузургтарин дурӯғест ба Аллоҳ нисбат дода мешавад. Ва кофӣ аст, ки ин дурӯғи ошкоре бошад.

4:51

أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ أُوتُواْ نَصِيبٗا مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡجِبۡتِ وَٱلطَّـٰغُوتِ وَيَقُولُونَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ هَـٰٓؤُلَآءِ أَهۡدَىٰ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ سَبِيلًا ﴿51﴾

Оё касонеро намебинӣ, ки баҳрае аз Китоб дода шудаанд?! Ахлоқи зишт ва палидашон ононро водор кард, то аз имон ба Аллоҳ ва паёмбараш рӯй бигардонанд ва ба ҷибт (бутон) ва тоғут имон биёваранд. Ва ба кофирон мегӯянд: "Инҳо аз касоне, ки имон овардаанд, роҳёбандатаронанд".