Ва агар Аллоҳ тарки диёрро бар онҳо муқаррар накарда буд, дар дунё ба азоби қатл ва асирӣ гирифторашон мекард ва барояшон дар охират азоби оташи дӯзах аст.
Ин мусибате, ки дар дунё ба яҳудиҳо расид ва он чи дар охират мунтазир мешаванд, ба ҷазои он буд, ки бо Аллоҳу паёмбараш душманӣ карданд ва ҳар кӣ бо Аллоҳ душманӣ меварзад, бидонад, ки албатта, Аллоҳ сахт азобкунандааст!
Ва он чӣ Аллоҳ аз молҳои яҳудиҳои бани Назир ба паёмбари худ бозгардонда ва бахшидааст, пас бар он (амвол) на аспе тохтаед ва на шутуре ва лекин Аллоҳ паёмбаронашро бар ҳар касе, ки аз душманонаш бихоҳад, ғолиб мегардонад, пас душманон барояшон бе ҳеҷ ҷанг таслим мешаванд ва Аллоҳ бар ҳар чизе қодир аст ва ҳеҷ чизе Ӯро нотавон карда наметавонад!
Он ғанимате, ки Аллоҳ аз молҳои мушрикони мардуми деҳаҳо бе ранҷу заҳмат насиби паёмбараш кардааст, пас он молҳо аз они Аллоҳ аст ва аз они паёмбар ва аз они хешовандони паёмбар ва низ барои ятимон ва мискинону мусофирони дар роҳ мондааст, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад. Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод, онро бигиред ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, аз он бозистед. Ва аз Аллоҳ бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш битарсед, ки ҳароина, Аллоҳ азоби сахте дорад барои онон, ки Ӯро нофармонбардорӣ кардаанд ва дар амру наҳйи Ӯ зид баромадаанд!
Низ ғаниматҳо барои фақирони муҳоҷире, ки аз диёр ва амволи худ аз Макка берун ронда шудаанд ва онҳо бо ризқу рӯзӣ ёфтан дар дунё ва касби ризои ҳақ дар охират фазлу хушнудии Аллоҳро металабанд ва дини Аллоҳ ва паёмбарашро ёрӣ мекунанд, инҳо ростгӯёнанд, ки сухани хешро бо амал рост гардонидаанд!
Ва касоне, ки пеш аз омадани муҳоҷирон дар диёри худ дар Мадина ҷой гирифтанд ва низ имон оварда буданд, касонеро, ки ба сӯяшон муҳоҷират кардаанд, дӯст медоранд ва дар амволу ҷойҳои худ онҳоро шарик месозанд. Ва аз он чӣ дода шудааст аз ғаниматҳо дар дилҳои худ ба муҳоҷирон эҳсоси ҳасад ва ниёзмандӣ намекунанд ва онҳоро (яъне, муҳоҷирон ва ниёзмандонро) бар худ муқаддам медоранд, ҳар чанд худ (ансор) мӯҳтоҷ бошанд. Ва касоне, ки аз ҳирсу бухли хеш дар амон монда бошанд, пас он гурӯҳ растагоронанд!
Оё мунофиқонро надидаӣ, ки ба бародарони аҳли китобашон, аз бани Назир, ки куфр варзидаанд, мегуфтанд: «Агар шуморо Муҳаммад ва асҳобаш аз манзилҳоятон бадарға кунанд, мо низ бо шумо берун меоем ва ҳаргиз сухани касеро дар мавриди шумо итоъат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷангиданд, ҳатман, ёриатон мекунем». Ва ҳол он ки Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳароина, мунофиқон дурӯғгӯ ҳастанд дар он чи ки ба яҳудиёни бани Назир ваъда додаанд.
Агар яҳудиён аз Мадина бадарға шаванд, мунофиқон бо онҳо берун намераванд. Ва агар ба онҳо ҷанг шавад, онҳоро ёрӣ намекунанд ва агар ҳам ба ёриашон бархезанд, ҳатман пушт ба майдон карда фирор мекунанд. Сипас яҳудиён ёрӣ дода намешаванд, балки Аллоҳ хору залилашон мегардонад.
Яҳудиён ҳамагӣ бо шумо ҷанг намекунанд, магар дар деҳаҳое, ки қалъа дошта бошад ё аз паси девор. Онҳо сахт бо якдигар душмананд, ту онҳоро муттаҳид мепиндорӣ ва ҳол он ки дилҳояшон аз ҳам ҷудо аст. Ин ба он сабаб аст, ки ҳароина, онҳо мардуми бехираданд ва дар оёти Аллоҳ намеандешанд.
Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, аз Аллоҳ бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш, битарсед. Ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардо рӯзи қиёмат чӣ фиристодааст. Аз Аллоҳ битарсед, дар ҳар фармудаҳо ва манъкардаҳояш, ки ҳароина, Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе аз аъмоли шумо бар Вай пӯшида нест!
Ва эй мӯъминон, аз он касоне мабошед, ки Аллоҳро фаромӯш карданд ва фармонҳояшро тарк карданд ва Аллоҳ низ чунон кард, ки насибаи неки худро, ки аз азоби рӯзи қиёмат наҷоташон медод, фаромӯш кунанд. Онҳо фосиқонанд. (яъне, аз тоъати Аллоҳ ва расулаш берунрафтагонанд)
Агар ин Қуръонро бар кӯҳе аз кӯҳҳо нозил мекардем, аз ваъдаву ваъидҳое, ки дар он Қуръон аст, кӯҳ бо сахтӣ ва маҳкамиаш аз хавфи Аллоҳ онро хоксор ва аз ҳам пошида медидӣ. Ва ин мисолҳоест, ки барои мардум меоварем, шояд дар қудрати Аллоҳ ва бузургиаш биандешанд.