quranm◉

Surah Ad-Duhaa (93) recited by Abdulbaset Abdulsamad (Mujawwad)

Listen to Abdulbaset Abdulsamad (Mujawwad)

Surah ◉

93:1

وَٱلضُّحَىٰ ﴿1﴾

Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба вақти чошт.

93:2

وَٱلَّيۡلِ إِذَا سَجَىٰ ﴿2﴾

Ва савганд, ба шаб, чун бипӯшад бо торикии худ атрофро,

93:3

مَا وَدَّعَكَ رَبُّكَ وَمَا قَلَىٰ ﴿3﴾

Эй Муҳаммад, ки Парвардигорат туро тарк накардааст ба сабаби таъхири ваҳй ва бад ҳам надидааст.

93:4

وَلَلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ لَّكَ مِنَ ٱلۡأُولَىٰ ﴿4﴾

Албатта охират барои ту беҳтар аз дунёст.

93:5

وَلَسَوۡفَ يُعۡطِيكَ رَبُّكَ فَتَرۡضَىٰٓ ﴿5﴾

Ба зудӣ Парвардигорат туро эй Муҳаммад аз неъматҳои гуногун ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ.

93:6

أَلَمۡ يَجِدۡكَ يَتِيمٗا فَـَٔاوَىٰ ﴿6﴾

Оё туро қабл аз ин ятим наёфт ва ҷоят дод?

93:7

وَوَجَدَكَ ضَآلّٗا فَهَدَىٰ ﴿7﴾

Ва туро роҳгумкарда ёфт, ки намедонистӣ чӣ аст китоб ва чӣ аст имон, пас таълим дод туро он чиро, ки намедонистӣ ва ба некӯтарин амалҳо ҳидоятат кард?

93:8

وَوَجَدَكَ عَآئِلٗا فَأَغۡنَىٰ ﴿8﴾

Ва туро фақир ва бечиз ёфт ва ба қаноъат ва сабр сарватманд ва дороят гардонд?

93:9

فَأَمَّا ٱلۡيَتِيمَ فَلَا تَقۡهَرۡ ﴿9﴾

Пас ятимро маёзор

93:10

وَأَمَّا ٱلسَّآئِلَ فَلَا تَنۡهَرۡ ﴿10﴾

ва гадоро марон, балки таъом деҳ ва ҳоҷаташро баробар гардон

93:11

وَأَمَّا بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ فَحَدِّثۡ ﴿11﴾

ва аз неъмати Парвардигорат, ки ба ту арзонӣ кардааст, сухан бигӯй.

This surah by other reciters