quranm◉

Surah Al-'Adiyat (100) recited by Abdur Rahman as Sudais

Listen to Abdur Rahman as Sudais

Surah ◉

100:1

وَٱلۡعَٰدِيَٰتِ ضَبۡحٗا ﴿1﴾

Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба аспони тозандае ки нафасзанон ба тарафи душман ҳамла мекунанд.

100:2

فَٱلۡمُورِيَٰتِ قَدۡحٗا ﴿2﴾

Савганд, ба аспоне, ки ба наъли худ сангро зада оташ мебароранд;

100:3

فَٱلۡمُغِيرَٰتِ صُبۡحٗا ﴿3﴾

Пас савганд ба аспоне, ки бар муқобили душман бомдодон ҳуҷум оваранд

100:4

فَأَثَرۡنَ بِهِۦ نَقۡعٗا ﴿4﴾

ва он гоҳ дар он ҷо ғубор бархезонанд

100:5

فَوَسَطۡنَ بِهِۦ جَمۡعًا ﴿5﴾

ва он гоҳ дар он ҷо дар миён дароянд ва душманро сарнагун созанд.

100:6

إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لِرَبِّهِۦ لَكَنُودٞ ﴿6﴾

Ба дурустӣ, ки одамӣ Парвардигори худро шукр намегӯяд.

100:7

وَإِنَّهُۥ عَلَىٰ ذَٰلِكَ لَشَهِيدٞ ﴿7﴾

Ба дурустӣ, ӯ худ бар ин гувоҳ аст.

100:8

وَإِنَّهُۥ لِحُبِّ ٱلۡخَيۡرِ لَشَدِيدٌ ﴿8﴾

Ва ӯ алоқаи сахт бо дороӣ ва мол дорад.

100:9

أَفَلَا يَعۡلَمُ إِذَا بُعۡثِرَ مَا فِي ٱلۡقُبُورِ ﴿9﴾

Оё инсоне, ки мағрур аст намедонад Аллоҳ таъоло мурдагонро аз гурҳояшон барои ҳисобу ҷазо берун меоварад.

100:10

وَحُصِّلَ مَا فِي ٱلصُّدُورِ ﴿10﴾

ва он чӣ дар дилҳо аз неку бад пинҳон аст, ошкор шавад.

100:11

إِنَّ رَبَّهُم بِهِمۡ يَوۡمَئِذٖ لَّخَبِيرُۢ ﴿11﴾

Парвардигорашон дар он рӯз аз ҳоли онҳо ва амалҳояшон огоҳ аст. Ва ҳеҷ чизе аз Ӯ пинҳон нахоҳад монд.

This surah by other reciters