وَٱلشَّمۡسِ وَضُحَىٰهَا ﴿1﴾وَٱلشَّمۡسِ وَضُحَىٰهَا
Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт
Listen to Mohamed Siddiq al Minshawi (Mujawwad)
وَٱلشَّمۡسِ وَضُحَىٰهَا ﴿1﴾وَٱلشَّمۡسِ وَضُحَىٰهَا
Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт
وَٱلۡقَمَرِ إِذَا تَلَىٰهَا ﴿2﴾وَٱلۡقَمَرِ إِذَا تَلَىٰهَا
ва савганд, ба моҳ чун аз паи он барояд
وَٱلنَّهَارِ إِذَا جَلَّىٰهَا ﴿3﴾وَٱلنَّهَارِ إِذَا جَلَّىٰهَا
ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад
وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰهَا ﴿4﴾وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰهَا
ва савганд, ба шаб, чун рӯзро бипӯшад
وَٱلسَّمَآءِ وَمَا بَنَىٰهَا ﴿5﴾وَٱلسَّمَآءِ وَمَا بَنَىٰهَا
ва савганд, ба осмон ва ба он ки онро бино кард
وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا طَحَىٰهَا ﴿6﴾وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا طَحَىٰهَا
ва савганд, ба замин ва ба он ки онро паҳн кард
وَنَفۡسٖ وَمَا سَوَّىٰهَا ﴿7﴾وَنَفۡسٖ وَمَا سَوَّىٰهَا
ва савганд, ба нафси одамӣ ва ба он ки некӯяш биёфарид,
فَأَلۡهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقۡوَىٰهَا ﴿8﴾فَأَلۡهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقۡوَىٰهَا
сипас шинохти бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом кард.
قَدۡ أَفۡلَحَ مَن زَكَّىٰهَا ﴿9﴾قَدۡ أَفۡلَحَ مَن زَكَّىٰهَا
Ҳамоно касе, ки нафсашро пок дошт, наҷот ёфт.
وَقَدۡ خَابَ مَن دَسَّىٰهَا ﴿10﴾وَقَدۡ خَابَ مَن دَسَّىٰهَا
Ҳамоно касе, ки нафсашро палид сохт ва онро дар маъсият одат дод, ҳалок шуд.
كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِطَغۡوَىٰهَآ ﴿11﴾كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِطَغۡوَىٰهَآ
Қавми Самуд паёмбарашонро аз рӯи саркашии худ, дурӯғ бароварданд.
إِذِ ٱنۢبَعَثَ أَشۡقَىٰهَا ﴿12﴾إِذِ ٱنۢبَعَثَ أَشۡقَىٰهَا
Он гоҳ, ки бадбахттаринашон бархост ва рафт аз барои куштани шутур.
فَقَالَ لَهُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقۡيَٰهَا ﴿13﴾فَقَالَ لَهُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقۡيَٰهَا
Паёмбари Аллоҳ Солеҳ алайҳиссалом ба онҳо гуфт, ки ба шутур коре надошта бошед, ҳамоно ин муъҷизаи Аллоҳ аст ва ӯро аз навбати обаш боз надоред.
فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمۡدَمَ عَلَيۡهِمۡ رَبُّهُم بِذَنۢبِهِمۡ فَسَوَّىٰهَا ﴿14﴾فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمۡدَمَ عَلَيۡهِمۡ رَبُّهُم بِذَنۢبِهِمۡ فَسَوَّىٰهَا
Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашон ба сабаби гуноҳашон бар сарашон азоб овард ва бо хок баробар сохт.
وَلَا يَخَافُ عُقۡبَٰهَا ﴿15﴾وَلَا يَخَافُ عُقۡبَٰهَا
Ва Ӯ таъоло баъд аз фуруд овардани азоб аз оқибати кори онҳо наметарсад.