72:1قُلۡ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّهُ ٱسۡتَمَعَ نَفَرٞ مِّنَ ٱلۡجِنِّ فَقَالُوٓاْ إِنَّا سَمِعۡنَا قُرۡءَانًا عَجَبٗا ﴿١﴾
Бигӯ эй Паёмбар: Аллоҳ таъоло ба ман ваҳй кардааст, ки гурӯҳе аз ҷин ҳамоно гӯш фаро доданд, ҳангоме ки ман тиловати Қуръон мекардам. Пас чун шуниданд, ба қавмашон гуфтанд: Ҳамоно шунидем Қуръонро, хеле хуш аст дар балоғаташ, фасоҳаташ ва дар ахкому ахбораш,
72:2يَهۡدِيٓ إِلَى ٱلرُّشۡدِ فَـَٔامَنَّا بِهِۦۖ وَلَن نُّشۡرِكَ بِرَبِّنَآ أَحَدٗا ﴿٢﴾
даъват мекунад ба сӯӣ ҳақ ва ҳидоят. Пас, мо ба ин Қуръон имон овардем ва ҳаргиз касеро дар ибодат шарики Парвардигорамон намесозем.
72:3وَأَنَّهُۥ تَعَٰلَىٰ جَدُّ رَبِّنَا مَا ٱتَّخَذَ صَٰحِبَةٗ وَلَا وَلَدٗا ﴿٣﴾
Ва албатта, азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад ва на фарзанде дорад.
72:4وَأَنَّهُۥ كَانَ يَقُولُ سَفِيهُنَا عَلَى ٱللَّهِ شَطَطٗا ﴿٤﴾
Ва бехиради мо Иблис дар бораи Аллоҳ таъоло суханони дур аз ҳақ мегуфт.
72:5وَأَنَّا ظَنَنَّآ أَن لَّن تَقُولَ ٱلۡإِنسُ وَٱلۡجِنُّ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبٗا ﴿٥﴾
Ва мо, ҳароина, мепиндоштем, одаму ҷин дар бораи Аллоҳ таъоло, ҳаргиз дурӯғ намегӯянд.
72:6وَأَنَّهُۥ كَانَ رِجَالٞ مِّنَ ٱلۡإِنسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٖ مِّنَ ٱلۡجِنِّ فَزَادُوهُمۡ رَهَقٗا ﴿٦﴾
Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд, пас зиёда карданд мардони ҷин бар инсҳои паноҳҷӯй тарсу ҳароси бештарро.
72:7وَأَنَّهُمۡ ظَنُّواْ كَمَا ظَنَنتُمۡ أَن لَّن يَبۡعَثَ ٱللَّهُ أَحَدٗا ﴿٧﴾
Ва ҳамчунон, ки шумо эй гӯруҳи ҷинҳо мепиндоштед, инсонҳои кофир ҳам мепиндоштанд, ки Аллоҳ таъоло, ҳаргиз, ҳеҷ касро дубора баъд аз марг зинда намегардонад.
72:8وَأَنَّا لَمَسۡنَا ٱلسَّمَآءَ فَوَجَدۡنَٰهَا مُلِئَتۡ حَرَسٗا شَدِيدٗا وَشُهُبٗا ﴿٨﴾
Ва мо гӯруҳи ҷинҳо талаб кардем ба осмон расиданро то бишнавем суханҳои аҳли осмонро, пас онро ёфтем пур аз фариштагони нигаҳбону қудратманд бо ситорагон, ки андохта мешавад ба он касеро, ки ба осмон наздик мешавад.
72:9وَأَنَّا كُنَّا نَقۡعُدُ مِنۡهَا مَقَٰعِدَ لِلسَّمۡعِۖ فَمَن يَسۡتَمِعِ ٱلۡأٓنَ يَجِدۡ لَهُۥ شِهَابٗا رَّصَدٗا ﴿٩﴾
Ва мо, ҳароина менишастем пеш аз ин ба ҷойҳое аз осмон; то бишнавем ахборашро. Пас, ҳар кӣ акнун барои гӯш кардан нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад, ки ӯро сӯзонда ҳалок мекунад.
72:10وَأَنَّا لَا نَدۡرِيٓ أَشَرٌّ أُرِيدَ بِمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ أَرَادَ بِهِمۡ رَبُّهُمۡ رَشَدٗا ﴿١٠﴾
Ва мо гӯруҳи ҷинҳо намедонем, ки оё барои касоне, ки ба рӯйи замин ҳастанд, бадӣ муқаддар мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад?
72:11وَأَنَّا مِنَّا ٱلصَّـٰلِحُونَ وَمِنَّا دُونَ ذَٰلِكَۖ كُنَّا طَرَآئِقَ قِدَدٗا ﴿١١﴾
Ва баъзе аз мо некӯкору солеҳанд ва баъзе аз мо ғайри ин кофиру фосиқанд ва гурӯҳҳои гуногунем.
72:12وَأَنَّا ظَنَنَّآ أَن لَّن نُّعۡجِزَ ٱللَّهَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَن نُّعۡجِزَهُۥ هَرَبٗا ﴿١٢﴾
Ва мо яқин донистем, ки Аллоҳ бар мо қодир аст ва мо дар зери қабза ва фармонравоии Ӯ мебошем, пас агар кореро ба мо хоҳад, аз Ӯ гурехтан натавонем. Ва ҳаргиз натавонем сӯи осмон гурехтан аз азобаш, агар бадиеро ба мо хоҳад.
72:13وَأَنَّا لَمَّا سَمِعۡنَا ٱلۡهُدَىٰٓ ءَامَنَّا بِهِۦۖ فَمَن يُؤۡمِنۢ بِرَبِّهِۦ فَلَا يَخَافُ بَخۡسٗا وَلَا رَهَقٗا ﴿١٣﴾
Ва чун Қуръонро шунидем, ба он имон овардем ва иқрор кардем, ки Қуръон аз назди Аллоҳ аст. Пас ҳар ки ба Парвардигораш имон оварад, пас на аз нуқсони ҳасаноташ метарсад ва на аз ситам (яъне, мабодо, ки дар бадиҳояш изофае нашавад).
72:14وَأَنَّا مِنَّا ٱلۡمُسۡلِمُونَ وَمِنَّا ٱلۡقَٰسِطُونَۖ فَمَنۡ أَسۡلَمَ فَأُوْلَـٰٓئِكَ تَحَرَّوۡاْ رَشَدٗا ﴿١٤﴾
Ва ҳароина, баъзе аз мо ҷинҳо мусалмононанд ва баъзе аз ҳақ дур. Пас онҳое, ки ислом овардаанд, пас онҳо қасд кардаанд роҳи ростро.
72:15وَأَمَّا ٱلۡقَٰسِطُونَ فَكَانُواْ لِجَهَنَّمَ حَطَبٗا ﴿١٥﴾
Ва аммо онҳое, ки аз роҳи Ислом дуранд, пас онҳо ҳезуми ҷаҳаннаманд.
72:16وَأَلَّوِ ٱسۡتَقَٰمُواْ عَلَى ٱلطَّرِيقَةِ لَأَسۡقَيۡنَٰهُم مَّآءً غَدَقٗا ﴿١٦﴾
Ва агар одамони кофир ва ҷинҳои кофир ба роҳи Ислом мерафтанд, ҳароина, барои онҳо оби бисёреро фуруд меовардем ва ризқашонро дар дунё фарох мекардем,
72:17لِّنَفۡتِنَهُمۡ فِيهِۚ وَمَن يُعۡرِضۡ عَن ذِكۡرِ رَبِّهِۦ يَسۡلُكۡهُ عَذَابٗا صَعَدٗا ﴿١٧﴾
то онҳоро биёзмоем чи гуна неъматҳои Аллоҳро шукр мекунанд? Ва ҳар ки аз тоъати Парвардигораш ва гӯш кардани Қуръон ва амал кардан ба он рӯй гардонад, ӯро ба азобе сахт дарандозанд.
72:18وَأَنَّ ٱلۡمَسَٰجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدۡعُواْ مَعَ ٱللَّهِ أَحَدٗا ﴿١٨﴾
Ва ҳароина, масҷидҳо барои ибодати Аллоҳи ягона ҳастанд. Пас ибодат накунед дар он ҷо ғайрашро. Ҳамоно масҷидҳо фақат барои ибодати Аллоҳи ягона сохта шудаанд.
72:19وَأَنَّهُۥ لَمَّا قَامَ عَبۡدُ ٱللَّهِ يَدۡعُوهُ كَادُواْ يَكُونُونَ عَلَيۡهِ لِبَدٗا ﴿١٩﴾
Ва чун бандаи Аллоҳ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои парастиши Парвардигораш бархост, наздик буд, ки ҷинҳо ӯро боло-болои ҳам гирд кунанд, то бишнаванд аз ӯ Қуръонро.
72:20قُلۡ إِنَّمَآ أَدۡعُواْ رَبِّي وَلَآ أُشۡرِكُ بِهِۦٓ أَحَدٗا ﴿٢٠﴾
Бигӯ эй Паёмбар ба он кофирон: Танҳо Парвардигорамро ягона парастиш мекунам ва ҳеҷ касро дар ибодат шарики Ӯ намесозам.
72:21قُلۡ إِنِّي لَآ أَمۡلِكُ لَكُمۡ ضَرّٗا وَلَا رَشَدٗا ﴿٢١﴾
Бигӯ эй Паёмбар ба онҳо: Албатта, ман наметавонам бар шумо зиёне бирасонам ё барои шумо фоидае биёварам.
72:22قُلۡ إِنِّي لَن يُجِيرَنِي مِنَ ٱللَّهِ أَحَدٞ وَلَنۡ أَجِدَ مِن دُونِهِۦ مُلۡتَحَدًا ﴿٢٢﴾
Бигӯ: Ҳеҷ кас маро, аз азоби Аллоҳ наҷот надиҳад агар нофармонии Ӯ кунам ва ман ҷуз Ӯ, ҳаргиз, паноҳгоҳе намеёбам,
72:23إِلَّا بَلَٰغٗا مِّنَ ٱللَّهِ وَرِسَٰلَٰتِهِۦۚ وَمَن يَعۡصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَإِنَّ لَهُۥ نَارَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدًا ﴿٢٣﴾
Вале он чӣ метавонам расондани пайёми Ӯ таъоло ва анҷом додани рисолатҳои Ӯ мебошад. Ва ҳар ки Аллоҳу паёмбарашро нофармонӣ кунад, пас, насиби ӯ, ҳароина, оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад буд,
72:24حَتَّىٰٓ إِذَا رَأَوۡاْ مَا يُوعَدُونَ فَسَيَعۡلَمُونَ مَنۡ أَضۡعَفُ نَاصِرٗا وَأَقَلُّ عَدَدٗا ﴿٢٤﴾
То он гоҳ, ки он чиро ба мушрикон ваъда дода буданд, (яъне азобро) бингаранд. Пас, хоҳанд донист, чӣ касонеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст.
72:25قُلۡ إِنۡ أَدۡرِيٓ أَقَرِيبٞ مَّا تُوعَدُونَ أَمۡ يَجۡعَلُ لَهُۥ رَبِّيٓ أَمَدًا ﴿٢٥﴾
Эй Паёмбар, ба мушрикон бигӯ: Ман намедонам, ки оё он ваъдаи азобе, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне ниҳодааст?
72:26عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ فَلَا يُظۡهِرُ عَلَىٰ غَيۡبِهِۦٓ أَحَدًا ﴿٢٦﴾
Ӯ таъоло донои ғайб аст ва ғайби Худро бар ҳеҷ кас аз халкаш ошкор намесозад,
72:27إِلَّا مَنِ ٱرۡتَضَىٰ مِن رَّسُولٖ فَإِنَّهُۥ يَسۡلُكُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَمِنۡ خَلۡفِهِۦ رَصَدٗا ﴿٢٧﴾
магар бар он паёмбаре, ки ӯро барои рисолаташ ихтиёр кардааст ва аз ӯ хушнуд бошад, пас ӯро ба баъзе аз илми ғайбаш хабардор мекунад ва барои нигаҳбонии ӯ (аз ҷин), аз пеши рӯй ва пушти сараш нигаҳбоне (фариштае) қарор медиҳад, мабодо хабари ғайбро надузданд ва ба гӯши коҳинон нарасонанд.
72:28لِّيَعۡلَمَ أَن قَدۡ أَبۡلَغُواْ رِسَٰلَٰتِ رَبِّهِمۡ وَأَحَاطَ بِمَا لَدَيۡهِمۡ وَأَحۡصَىٰ كُلَّ شَيۡءٍ عَدَدَۢا ﴿٢٨﴾
То бидонад, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва салллам), паёмбарони пеш аз ӯ низ ҳам паёмҳои Парвардигорашонро ҳақ ва рост расонидаанд ва ӯ ҳам ҳифз карда шудааст аз ҷин, ҳамчунон ки паёмбарони пешина ҳифз карда шуда буданд. Ва Аллоҳ таъоло ба он чӣ дар назди онҳост, аз илмҳои ошкоро ва пинҳонӣ амрҳо ва ҳукмҳо иҳота дорад, чизе аз Ӯ фавт нашавад ва Ӯ таъоло ҳама чизро ба адад шумор кардааст.