Сура Yunus 10:25
وَٱللَّهُ يَدۡعُوٓاْ إِلَىٰ دَارِ ٱلسَّلَٰمِ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ ﴿٢٥﴾
◉
Тарҷума
Аллоҳ ба сарои амн ва амон (ҷаннат) даъват менамояд ва ҳар киро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад! (Ва он роҳ Ислом аст).
Ва Аллоҳ таоло [шуморо] ба сарои саломат [биҳишт] фаро мехонад ва ҳаркиро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад
Худованд ба сарои саломат даъват мекунад ва ҳар киро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад!