quranm◉

Сура Yunus 10:28

وَيَوۡمَ نَحۡشُرُهُمۡ جَمِيعٗا ثُمَّ نَقُولُ لِلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ مَكَانَكُمۡ أَنتُمۡ وَشُرَكَآؤُكُمۡۚ فَزَيَّلۡنَا بَيۡنَهُمۡۖ وَقَالَ شُرَكَآؤُهُم مَّا كُنتُمۡ إِيَّانَا تَعۡبُدُونَ ﴿٢٨﴾

◉

Тарҷума

Ва ба ёд ор эй Паёмбар, рӯзе ҳамаи онҳоро барои ҳисобу ҷазо дар маҳшар гирд оварем. Сипас мушриконро гӯем: «Шумо ва шариконатон (ононро, ки шарики Аллоҳ сохтаед) дар макони худ қарор гиред!» Сипас онҳоро аз якдигар ҷудо мекунем ва ба Аллоҳ шарик сохтаҳояшон мегӯянд: «Шумо ҳаргиз моро дар дунё намепарастидед».
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
[Ва эй паёмбар, ёд кун аз] рӯзе, ки ҳамаи ононро гирд меоварем,он гоҳ ба касоне, ки ширкат варзидаанд, мегӯем: «Шумо ва шариконатон [маъбудонатон] бар ҷойи худ бимонед». Сипас миёни онҳо ҷудоӣ меафканем ва шариконашон мегӯянд: «Дар ҳақиқат, шумо моро намепарастидед
— Pioneers of Translation Center
Ва рӯзе ҳамаи онҳоро дар маҳшар гирд оварем. Сипас мушриконро гӯем: «Шумо ва бутҳоятон дар макони худ қарор гиред!» Сипас онҳоро аз якдигар ҷудо мекунем ва бутҳояшон мегӯянд: «Шумо ҳаргиз моро намепарастидаед».
— Tajik

Мавзӯъҳо · Оят

◉ Сура · ∞