Сура Yunus 10:33
كَذَٰلِكَ حَقَّتۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ عَلَى ٱلَّذِينَ فَسَقُوٓاْ أَنَّهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ ﴿٣٣﴾
◉
Тарҷума
Ҳамчунон ки инҳо, мушрикон кофир шуданд ва ҳамеша бар ширки худ давомат карданд. Пас, сухан (ҳукм ва қазо)-и Парвардигори ту дар бораи фосиқон ба ҳақиқат пайваст, ки гуфт: «Инҳо ба ягонагии Аллоҳ ва на ба паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон намеоваранд»!
Ин гуна сухани Парвардигорат дар бораи касоне, ки [аз фармони Ӯ] нофармонӣ карданд, ба ҳақиқат пайваст, ки: «Онон имон намеоваранд»
Пас сухани Парвардигори ту дар бораи исёнгарон, ки гуфт: «Инҳо имон намеоваранд», ба ҳақиқат пайваст!