Сура Yunus 10:73
فَكَذَّبُوهُ فَنَجَّيۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ وَجَعَلۡنَٰهُمۡ خَلَـٰٓئِفَ وَأَغۡرَقۡنَا ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَاۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُنذَرِينَ ﴿٧٣﴾
◉
Тарҷума
Пас, қавмаш Нӯҳро дурӯғ шумориданд. Мо ӯ ва ҳамроҳонашро дар киштӣ наҷот додем ва ононро ҷонишини пешиниён сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ мешумурданд, ғарқ кардем. Пас, (эй Расул) бингар, ки оқибати бимдодашудагон (яъне касоне, ки туро дурӯғ шумориданд ва бар куфрашон давомат карданд) чӣ гуна буд!
Пас, [қавмаш] ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва Мо ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ ҳамроҳаш буданд, наҷот додем ва ононро ҷонишин [-и пешиниён] сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ меангоштанд, ғарқ кардем. Пас, бингар, ки саранҷоми ҳушдорёфтагон чигуна буд
Дурӯғаш бароварданд ва Мо ӯву ҳамроҳонашро дар киштӣ бираҳонидем ва ононро ҷонишини пешиниён сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ мешумурданд, ғарқ кардем. Пас бингар, ки оқибати бимдодашудагон чӣ гуна буд!