quranm◉

Сура Yusuf 12:41

يَٰصَٰحِبَيِ ٱلسِّجۡنِ أَمَّآ أَحَدُكُمَا فَيَسۡقِي رَبَّهُۥ خَمۡرٗاۖ وَأَمَّا ٱلۡأٓخَرُ فَيُصۡلَبُ فَتَأۡكُلُ ٱلطَّيۡرُ مِن رَّأۡسِهِۦۚ قُضِيَ ٱلۡأَمۡرُ ٱلَّذِي فِيهِ تَسۡتَفۡتِيَانِ ﴿٤١﴾

◉

Тарҷума

Эй ду рафиқи зиндонии ман, пас яке аз шумо барои хоҷаи хеш шароб мерезад, пас дигареро, ба дор овехта мешавад ва парандагон аз майнаи сари ӯ мехӯранд. Коре, ки дар бораи он мепурсед қабул кунед ё накунед, фармони Аллоҳ муқаррар шудааст».
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Эй дӯстони зиндонии ман, яке аз шумо [озод мешавад] ва ба сарвари хеш шароб хоҳад нӯшонд ва аммо дигаре ба дор овехта мешавад ва парандагон аз [мағзи] сараш хоҳанд хӯрд. Амре, ки дар [мавриди] он аз ман назар хостед, [чунин] муқаддар шудааст»
— Pioneers of Translation Center
Эй ду зиндонӣ, аммо яке аз шумо барои хоҷаи худ шароб резад, аммо дигареро бар дор кунанд ва паррандагон сари ӯ бихӯранд. Коре, ки дар бораи он назар мехостед, ба поён омадааст»,
— Tajik

Мавзӯъҳо · Оят

◉ Сура · ∞