quranm◉

Сура Al-Baqarah 2:101

وَلَمَّا جَآءَهُمۡ رَسُولٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٞ لِّمَا مَعَهُمۡ نَبَذَ فَرِيقٞ مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَرَآءَ ظُهُورِهِمۡ كَأَنَّهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿١٠١﴾

◉

Тарҷума

Ва замоне, ки Паёмбаре аз ҷониби Аллоҳ назди онҳо омад, ки тасдиқкунандаи чизе буд, ки бо худ доштанд, гурӯҳе аз аҳли китоб, китоби Аллоҳро пушти сарашон андохтанд, гуё ки аз он ҳеҷ намедонанд.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Ва ҳангоме ки фиристодае аз сӯйи Аллоҳ таоло ба суроғашон омад, ки бо нишонаҳое, ки [дар Таврот] назди онон буд мутобиқат дошт, гурӯҳе аз эшон, ки ба онҳо китоби [Таврот] дода шуда буд, китоби Аллоҳро пушти сар афканданд, гӯӣ [аз он нишонаҳо] ҳеҷ намедонанд
— Pioneers of Translation Center
Ва гурӯҳе аз аҳли китоб чун паёмбаре аз ҷониби Худо бар онон фиристода шуд, ки ба китобашон ҳам гувоҳӣ медод, китоби Худоро, чунон ки гӯӣ аз он бехабаранд, паси пушт афканданд.
— Tajik

◉ Сура · ∞