quranm◉

Сура Al-Baqarah 2:120

وَلَن تَرۡضَىٰ عَنكَ ٱلۡيَهُودُ وَلَا ٱلنَّصَٰرَىٰ حَتَّىٰ تَتَّبِعَ مِلَّتَهُمۡۗ قُلۡ إِنَّ هُدَى ٱللَّهِ هُوَ ٱلۡهُدَىٰۗ وَلَئِنِ ٱتَّبَعۡتَ أَهۡوَآءَهُم بَعۡدَ ٱلَّذِي جَآءَكَ مِنَ ٱلۡعِلۡمِ مَا لَكَ مِنَ ٱللَّهِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٍ ﴿١٢٠﴾

◉

Тарҷума

Яҳудон ва насрониён аз ту, эй Расул, ҳаргиз хушнуд намешаванд, то ки ба динашон пайравӣ накунӣ! Ба онҳо бигӯ: Дини ислом ин дини саҳеҳ аст. Ва агар ту орзуҳои ботили онҳоро пайравӣ кунӣ, баъди он чи аз ваҳй туро омад, пас туро барои халос аз азоби Аллоҳ ҳеҷ дӯсте ва ёридиҳандае набошад. (Гарчанде ин оят хитоб ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бошад, вале ба ҳамаи уммат далолат мекунад).
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Яҳудиён ва масеҳиён ҳаргиз аз ту хушнуд нахоҳанд шуд, магар ин ки аз оини онон пайравӣ кунӣ. Бигӯ: "Бе тардид ҳидоят [-и ростин] ҳидояти Аллоҳ таоло аст" ва [яқин бидон] агар пас аз донише, ки ба ту расидааст, аз ҳавасҳои онон пайравӣ кунӣ, дар баробари Аллоҳ таоло ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳӣ дошт
— Pioneers of Translation Center
Яҳудон ва тарсоён аз ту хушнуд намешаванд, то ба динашон гардан ниҳӣ. Бигӯ: «Ҳидоят ҳидоятест, ки аз ҷониби Худо бошад». Агар аз он пас ки Худо туро огоҳ кардааст, ба хостаи онҳо пайравӣ кунӣ, ҳеҷ ёвару мададгоре аз ҷониби ӯ нахоҳӣ дошт.
— Tajik

Мавзӯъҳо · Оят

◉ Сура · ∞