Сура An-Naml 27:82
۞وَإِذَا وَقَعَ ٱلۡقَوۡلُ عَلَيۡهِمۡ أَخۡرَجۡنَا لَهُمۡ دَآبَّةٗ مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ تُكَلِّمُهُمۡ أَنَّ ٱلنَّاسَ كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا لَا يُوقِنُونَ ﴿٨٢﴾
◉
Тарҷума
Ва ҳангоме ки саркашии мардум зиёд гардид, фармони азоб бар онҳо воқеъ шавад ва ҳодисаи қиёмат наздик шавад, барояшон ҷунбандае аз замин берун меоварем, ки бо онон сухан бигӯяд, ки он мардум, ҳароина, ба оёти Мо яқин намеоваранд.
Ва он гоҳ ки [дар остонаи қиёмат] фармони [азоб] бар онон воҷиб гардад, ҷунбандаеро барояшон аз замин бурун меоварем, ки бо онон [дар ин маврид] сухан бигӯяд, ки мардум ба оёти Мо яқин надоштанд
Чун фармони қиёмат муқаррар гардад, барояшон ҷунбандае аз замин берун меоварем, ки бо онон сухан бигӯяд, ки ин мардум ба оёти Мо яқин намеоварданд.