Сура Al-'Ankabut 29:8
وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حُسۡنٗاۖ وَإِن جَٰهَدَاكَ لِتُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَآۚ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ﴿٨﴾
◉
Тарҷума
Ва инсонро фармон додем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар он ду бикӯшанд, ки ба ту чизеро, ки ба он огоҳ нестӣ, шарики Ман қарор диҳӣ, итоаташон макун. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст, пас, он гоҳ шуморо ба ҳақиқати корҳое, ки мекардед, ҳатман хабар медиҳам!
Ва ба инсон супориш кардем, ки ба падару модараш некӣ намояд ва [гуфтем]: «Агар он ду кӯшиданд, то чизеро, ки ту ба он донише надорӣ шарики Ман созӣ, пас, аз онҳо итоат макун. Бозгаштатон ба сӯи Ман аст, он гоҳ шуморо аз [ҳақиқати] он чи мекардед, огоҳ хоҳам кард
Ба одами супориш кардем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар он ду бикӯшанд, ки ту чизеро, ки ба он огоҳ нести, шарики Ман қарор диҳӣ, итоъаташон макун. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва шуморо ба корҳое, ки мекардаед, огоҳ мекунам!