Сура Ali 'Imran 3:39
فَنَادَتۡهُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ وَهُوَ قَآئِمٞ يُصَلِّي فِي ٱلۡمِحۡرَابِ أَنَّ ٱللَّهَ يُبَشِّرُكَ بِيَحۡيَىٰ مُصَدِّقَۢا بِكَلِمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَسَيِّدٗا وَحَصُورٗا وَنَبِيّٗا مِّنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿٣٩﴾
◉
Тарҷума
Пас, Закариё алайҳиссалом дар ҳоле, ки дар ибодатгоҳ ба намоз истода буд, фариштагон ӯро нидо доданд, ки Аллоҳ туро ба Яҳё мужда медиҳад, ки тасдиқкунандаи калимаи Аллоҳ аст ва ӯ Яҳё алайҳиссалом пешво ва аз паёмбарони бузургвор аст ва аз гуноҳ ва майл ба занон дур аст. Ва паёмбаре аз ҷумлаи солеҳон аст.
Пас, дар ҳоле ки ӯ [Закариё] истода дар ибодатгоҳ намоз мехонд, фариштагон нидояш доданд, ки: "Аллоҳ таоло туро ба [вилодати] Яҳё башорат медиҳад, [ки] тасдиқкунандаи калимаи Аллоҳ таоло [Исо] аст ва [дар илму ибодат, бар қавми хеш] сарвар аст ва порсост [ба шаҳавот таваҷҷуҳе надорад] ва паёмбаре аз шоистагон аст"
Пас-ҳамчунон, ки дар меҳроб ба намоз истода буд, фариштагон нидояш доданд: «Худо туро ба Яҳё хушхабар медиҳад. Ӯ калимаи Худоро тасдиқ мекунад ва худ бузургест безор аз занон ва паёмбарест аз шоистагон».