Сура Ash-Shuraa 42:51
۞وَمَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُكَلِّمَهُ ٱللَّهُ إِلَّا وَحۡيًا أَوۡ مِن وَرَآيِٕ حِجَابٍ أَوۡ يُرۡسِلَ رَسُولٗا فَيُوحِيَ بِإِذۡنِهِۦ مَا يَشَآءُۚ إِنَّهُۥ عَلِيٌّ حَكِيمٞ ﴿٥١﴾
◉
Тарҷума
Ҳеҷ башареро насазад, ки Аллоҳ бо ӯ сухан гӯяд магар аз тариқи ваҳй ё аз паси парда ё ин ки Аллоҳ фариштаеро бифиристад, то ба фармони Ӯ ҳар чӣ бихоҳад, ба ӯ ваҳй кунад. Ҳароина, Ӯ баландмартабаи бузург аст: дар зот, номҳо, сифатҳо ва афъолаш ва ҳама махлуқот дар баробари Ӯ сари таслим фурудоварандаанд ва дар тадбири умури халқаш ҳаким аст!
Дархӯри ҳеҷ башаре нест, ки Аллоҳ таоло бо ӯ сухан бигӯяд, магар бо ваҳй ё аз фаросӯи ҳиҷобе ё [ин ки Аллоҳ таоло] фариштае бифиристад, ки ба фармонаш ҳар чи бихоҳад, ваҳй кунад. Бе тардид, Ӯ баландмартабаи ҳаким аст
Ҳеҷ башареро нарасад, ки Худо ҷуз ба ваҳй ё аз он сӯи парда бо ӯ сухан гӯяд. Ё фариштае мефиристад то ба фармони Ӯ ҳар чӣ бихоҳад, ба ӯ ваҳй кунад. Ӯ баландпояву ҳаким аст!