quranm◉

Dua for knowledge and forgiveness

From: 11:45, 11:46, 11:47 · Speaker: Nuh

11:45

وَنَادَىٰ نُوحٞ رَّبَّهُۥ فَقَالَ رَبِّ إِنَّ ٱبۡنِي مِنۡ أَهۡلِي وَإِنَّ وَعۡدَكَ ٱلۡحَقُّ وَأَنتَ أَحۡكَمُ ٱلۡحَٰكِمِينَ ﴿45﴾

Read ayah ◉

11:46

قَالَ يَٰنُوحُ إِنَّهُۥ لَيۡسَ مِنۡ أَهۡلِكَۖ إِنَّهُۥ عَمَلٌ غَيۡرُ صَٰلِحٖۖ فَلَا تَسۡـَٔلۡنِ مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٌۖ إِنِّيٓ أَعِظُكَ أَن تَكُونَ مِنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ ﴿46﴾

Read ayah ◉

11:47

قَالَ رَبِّ إِنِّيٓ أَعُوذُ بِكَ أَنۡ أَسۡـَٔلَكَ مَا لَيۡسَ لِي بِهِۦ عِلۡمٞۖ وَإِلَّا تَغۡفِرۡ لِي وَتَرۡحَمۡنِيٓ أَكُن مِّنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ﴿47﴾

Read ayah ◉

Translation

Ва Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод: Эй Парвардигори ман, писарам аз хонадони ман буд ва ваъдаи Ту ҳақ аст ва нерӯмандтарини хукмкунандагон Ту ҳастӣ!
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Ва Нуҳ Парвардигорашро нидо доду гуфт: «Парвардигоро, писарам аз хонадони ман аст ва бе гумон, ваъдаи Ту [дар бораи наҷоти хонадонам] ҳақ аст ва Ту беҳтарин доварӣ»
— Pioneers of Translation Center
Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, писарам аз хонадони ман буд ва ваъдаи Ту ҳақ аст ва нерӯмандтарини ҳукмкунандагон Ту Ҳастӣ!»
— Tajik
Аллоҳ гуфт: Эй Нӯҳ, ҳароина, ӯ аз хонадони ту нест (яъне, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки онҳоро наҷот медиҳем), албатта, пурсидани ту наҷоти писаратро амали солеҳ нест, зеро писараш кофир буд. Пас ту Маро аз чизе суол макун, ки туро дониши он нест! Ба дурустӣ ки панд медиҳам туро, ки аз мардуми нодон набошӣ. (Яъне ту худ бар ҳалоки кофирон дуо мекардӣ, баъд аз он наҷоти кофиронро суол мекунӣ)
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Нуҳ, дар ҳақиқат, ӯ аз хонадони ту нест. [Кирдори] Ӯ кирдори ношоиста аст. Пас, чизеро, ки ба он дониш надорӣ, аз Ман махоҳ. Ман туро панд медиҳам, ки мабодо аз ҷоҳилон бошӣ»
— Pioneers of Translation Center
Гуфт: «Эй Нӯҳ, ӯ аз хонадони ту нест, ӯ амалест носолеҳ. Аз сари ноогоҳӣ аз Ман чизе махоҳ. Барҳазар медорам туро, ки аз мардуми нодон бошӣ».
— Tajik
Нӯҳ гуфт: Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, аз он ки аз Ту он чиро бипурсам, ки маро дониши он нест! Ва агар маро наёмурзӣ ва ба ман раҳм нанамоӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
[Нуҳ] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба Ту паноҳ мебарам, ки аз Ту чизе бихоҳам, ки ба он донише надорам ва агар маро набахшӣ ва бар ман раҳм накунӣ, аз зиёнкоронам»
— Pioneers of Translation Center
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, агар аз сари ноогоҳӣ чизе бихоҳам ва агар маро набахшоӣ ва ба ман раҳмат наёварӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд».
— Tajik