quranm◉

Hizb 29

Range
from 17:23 to 18:16
Surahs covered
Тарҷума
105 Тарҷума

◉

17:23

وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنًاۚ إِمَّا يَبۡلُغَنَّ عِندَكَ ٱلۡكِبَرَ أَحَدُهُمَآ أَوۡ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَآ أُفّٖ وَلَا تَنۡهَرۡهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوۡلٗا كَرِيمٗا ﴿23﴾

Парвардигорат фармон додааст, ки (эй инсон) ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед (алалхусус, дар синни пиронсолиашон). Агар яке аз онҳо ё ҳардуи онҳо дар назди ту ба синни пирӣ расанд, ба онон уф магӯ ва ба сари онҳо фарёд мазан ва бо эҳтиром ба онон сухан бигӯ.

17:24

وَٱخۡفِضۡ لَهُمَا جَنَاحَ ٱلذُّلِّ مِنَ ٱلرَّحۡمَةِ وَقُل رَّبِّ ٱرۡحَمۡهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرٗا ﴿24﴾

Дар баробарашон аз рӯи меҳрубонӣ бозуи хоксориро паст кун (на аз рӯи тарс ва на аз барои умедвории онҳо) ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар» (ҳам дар ҳаёт ва ҳам баъд аз ҳаёташон).

17:25

رَّبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِمَا فِي نُفُوسِكُمۡۚ إِن تَكُونُواْ صَٰلِحِينَ فَإِنَّهُۥ كَانَ لِلۡأَوَّـٰبِينَ غَفُورٗا ﴿25﴾

Эй мардум, Парвардигоратон аз ҳар каси дигар ба он чи дар дилҳоятон мегузарад, аз некӯи ба падару модар ва нофармониашон донотар аст ва агар аз солеҳон ва фармонбардорони ҳуқуқи падару модар бошед, пас Ӯ ҳамеша тавбакунандагонро бахшандааст.

17:26

وَءَاتِ ذَا ٱلۡقُرۡبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلۡمِسۡكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِ وَلَا تُبَذِّرۡ تَبۡذِيرًا ﴿26﴾

Ҳаққи хешованду мискин ва дар роҳмондаро адо кун ва ҳаргиз исрофкорӣ макун дар нафақа кардан, балки миёна бош!

17:27

إِنَّ ٱلۡمُبَذِّرِينَ كَانُوٓاْ إِخۡوَٰنَ ٱلشَّيَٰطِينِۖ وَكَانَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لِرَبِّهِۦ كَفُورٗا ﴿27﴾

Бегумон исрофкорон бародарони шайтонанд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш носипос буд.

17:28

وَإِمَّا تُعۡرِضَنَّ عَنۡهُمُ ٱبۡتِغَآءَ رَحۡمَةٖ مِّن رَّبِّكَ تَرۡجُوهَا فَقُل لَّهُمۡ قَوۡلٗا مَّيۡسُورٗا ﴿28﴾

Ва агар аз онон ба хотири талаби раҳмати Парвардигорат, ки ба он умед дор рӯй мегардонӣ, пас, ба онон суханони нарм бигӯ.

17:29

وَلَا تَجۡعَلۡ يَدَكَ مَغۡلُولَةً إِلَىٰ عُنُقِكَ وَلَا تَبۡسُطۡهَا كُلَّ ٱلۡبَسۡطِ فَتَقۡعُدَ مَلُومٗا مَّحۡسُورًا ﴿29﴾

Ва дасти худро дар кори хайр ба гардани худ баста макун аз бахилӣ ва онро (ба исрофкорӣ) ба тамом кушод ҳам магир, ки он гоҳ дар сурати бухл маломатшудаи ҳасратзада бинишинӣ.

17:30

إِنَّ رَبَّكَ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُۚ إِنَّهُۥ كَانَ بِعِبَادِهِۦ خَبِيرَۢا بَصِيرٗا ﴿30﴾

Бегумон Парвардигорат ризқу рӯзии ҳар касеро бихоҳад, фарох менамояд ва ризқу рӯзии ҳар касеро бихоҳад кам ва танг мегардонад, чунки Аллоҳ ба бандагонаш огоҳ ва биност.

17:31

وَلَا تَقۡتُلُوٓاْ أَوۡلَٰدَكُمۡ خَشۡيَةَ إِمۡلَٰقٖۖ نَّحۡنُ نَرۡزُقُهُمۡ وَإِيَّاكُمۡۚ إِنَّ قَتۡلَهُمۡ كَانَ خِطۡـٔٗا كَبِيرٗا ﴿31﴾

Ва ҳар вақте ки донистед, ки ризқ аз ҷониби Аллоҳ аст пас, - эй одамон, - фарзандони худро аз бими тангдастӣ накушед. Мо, ҳам шуморо рӯзӣ медиҳем ва ҳам онҳоро. Албатта, куштани онҳо гуноҳи бузургест.

17:32

وَلَا تَقۡرَبُواْ ٱلزِّنَىٰٓۖ إِنَّهُۥ كَانَ فَٰحِشَةٗ وَسَآءَ سَبِيلٗا ﴿32﴾

Ва ба зино наздик нашавед, то ин ки дар он дучор машавед. Зино коре зишт ва роҳи бад аст.

17:33

وَلَا تَقۡتُلُواْ ٱلنَّفۡسَ ٱلَّتِي حَرَّمَ ٱللَّهُ إِلَّا بِٱلۡحَقِّۗ وَمَن قُتِلَ مَظۡلُومٗا فَقَدۡ جَعَلۡنَا لِوَلِيِّهِۦ سُلۡطَٰنٗا فَلَا يُسۡرِف فِّي ٱلۡقَتۡلِۖ إِنَّهُۥ كَانَ مَنصُورٗا ﴿33﴾

Касеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, накушед, магар бар ҳақ (яъне, ба қасос ё сангсор кардани зинокор, ё куштани муртад). Ва ҳар кас, ки ба ситам кушта шавад, барои соҳиби хуни ӯ қудрате додаем, (хоҳад қасос гирад, хоҳад хунбаҳо гирад, хоҳад бахшад) вале дар қасос аз ҳад нагузарад, бегумон хуни кушташуда бар кушандааш ёрӣ дода шудааст.

17:34

وَلَا تَقۡرَبُواْ مَالَ ٱلۡيَتِيمِ إِلَّا بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ حَتَّىٰ يَبۡلُغَ أَشُدَّهُۥۚ وَأَوۡفُواْ بِٱلۡعَهۡدِۖ إِنَّ ٱلۡعَهۡدَ كَانَ مَسۡـُٔولٗا ﴿34﴾

Ва ба моли ятим наздик нашавед, магар ба равише, ки некӯтар аст, то ин ки ятим ба даврони камол бирасад ва ба аҳд ва паймони худ вафо кунед, зеро аз аҳду паймони худ пурсида мешавед.

17:35

وَأَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ إِذَا كِلۡتُمۡ وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ وَأَحۡسَنُ تَأۡوِيلٗا ﴿35﴾

Чун чизеро бо паймона чен кунед, паймонаро комил гардонед ва бо тарозуи дуруст баркашед, ки ин беҳтар аст бароятон дар дунё ва оқибаташ дар охират некӯтар аст.

17:36

وَلَا تَقۡفُ مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٌۚ إِنَّ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡبَصَرَ وَٱلۡفُؤَادَ كُلُّ أُوْلَـٰٓئِكَ كَانَ عَنۡهُ مَسۡـُٔولٗا ﴿36﴾

Эй инсон, аз пайи чизе марав, ки ба он огоҳӣ надорӣ, бегумон гӯш, чашм ва дил ҳар яке мавриди суол воқеъ хоҳанд шуд.

17:37

وَلَا تَمۡشِ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَرَحًاۖ إِنَّكَ لَن تَخۡرِقَ ٱلۡأَرۡضَ وَلَن تَبۡلُغَ ٱلۡجِبَالَ طُولٗا ﴿37﴾

Хиромида бо ғуруру худписандӣ бар замин роҳ марав, чаро ки наметавонӣ заминро бишикофӣ ва ба баландии кӯҳҳо бирасӣ.

17:38

كُلُّ ذَٰلِكَ كَانَ سَيِّئُهُۥ عِندَ رَبِّكَ مَكۡرُوهٗا ﴿38﴾

Ҳамаи ин корҳое, ки Аллоҳ наҳй кардааст нописанд аст ва Парвардигори ту онҳоро нохуш дорад.

17:39

ذَٰلِكَ مِمَّآ أَوۡحَىٰٓ إِلَيۡكَ رَبُّكَ مِنَ ٱلۡحِكۡمَةِۗ وَلَا تَجۡعَلۡ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتُلۡقَىٰ فِي جَهَنَّمَ مَلُومٗا مَّدۡحُورًا ﴿39﴾

Эй Паёмбар, ин ҳикматест, ки Парвардигорат ба ту ваҳй кардааст. Эй инсон! Бо Аллоҳи барҳақ маъбуди дигареро муқаррар макун, ки маломатшудаву рондашуда дар дӯзах андохта шавӣ!

17:40

أَفَأَصۡفَىٰكُمۡ رَبُّكُم بِٱلۡبَنِينَ وَٱتَّخَذَ مِنَ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةِ إِنَٰثًاۚ إِنَّكُمۡ لَتَقُولُونَ قَوۡلًا عَظِيمٗا ﴿40﴾

Оё Парвардигоратон барои шумо махсус писарон интихоб кард ва худ фариштагонро ба духтарӣ ихтиёр кард? Ҳаққо, ки суханест вазнин сухани бисёр бад, ки бар забон меоваред. Нисбат додани он ба Аллоҳ лоиқ нест.

17:41

وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَا فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لِيَذَّكَّرُواْ وَمَا يَزِيدُهُمۡ إِلَّا نُفُورٗا ﴿41﴾

Ва ба дурустӣ Мо суханони ҳақро гуногун дар ин Қуръон овардем, то ин ки панд гиранд ва он чи ки ба фоидаи онҳост қабул намоянд ва он чи бар зарари онҳост онро тарк намоянд, вале золимон ҷуз ба дур шудан аз ҳақ наяфзоянд.

17:42

قُل لَّوۡ كَانَ مَعَهُۥٓ ءَالِهَةٞ كَمَا يَقُولُونَ إِذٗا لَّٱبۡتَغَوۡاْ إِلَىٰ ذِي ٱلۡعَرۡشِ سَبِيلٗا ﴿42﴾

Эй Паёмбар, ба мушрикон бигӯ: «Ҳамчунон, ки мегӯянд, агар бо Аллоҳ маъбудони дигаре ҳам мебуданд, пас он маъбудон ба сӯи соҳиби арши бузург роҳе меҷӯстанд».

17:43

سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يَقُولُونَ عُلُوّٗا كَبِيرٗا ﴿43﴾

Ӯ пок аст ва аз он чи дар борааш мегӯянд, бартару болотар аст.

17:44

تُسَبِّحُ لَهُ ٱلسَّمَٰوَٰتُ ٱلسَّبۡعُ وَٱلۡأَرۡضُ وَمَن فِيهِنَّۚ وَإِن مِّن شَيۡءٍ إِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمۡدِهِۦ وَلَٰكِن لَّا تَفۡقَهُونَ تَسۡبِيحَهُمۡۚ إِنَّهُۥ كَانَ حَلِيمًا غَفُورٗا ﴿44﴾

Ҳафт осмону замин ва ҳар чӣ дар миёни инҳост аз махлуқоташ Ӯро ба покӣ ёд мекунанд ва мавҷудоте нест, магар он ки бо ситойиш Ӯро ба покӣ ёд мекунанд, вале шумо (эй одамон) ёд кардани онҳоро намефаҳмед. Ӯ, бурдбор ва омурзанда аст.

17:45

وَإِذَا قَرَأۡتَ ٱلۡقُرۡءَانَ جَعَلۡنَا بَيۡنَكَ وَبَيۡنَ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ حِجَابٗا مَّسۡتُورٗا ﴿45﴾

Эй Муҳаммад, ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, миёни ту ва онон, ки ба қиёмат имон намеоваранд, пардаи ғафсе қарор медиҳем, ки аз шунидани он фоидае намебинанд ва роҳ намеёбанд.

17:46

وَجَعَلۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ أَكِنَّةً أَن يَفۡقَهُوهُ وَفِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرٗاۚ وَإِذَا ذَكَرۡتَ رَبَّكَ فِي ٱلۡقُرۡءَانِ وَحۡدَهُۥ وَلَّوۡاْ عَلَىٰٓ أَدۡبَٰرِهِمۡ نُفُورٗا ﴿46﴾

Ва бар дилҳошон парда меафканем, то маънои Қуръонро дарнаёбанд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ эҷод мекунем. Ва чун Парвардигоратро дар Қуръон ба ягонагӣ ёд кунӣ, боз ба ақиб бо нафрат мегарданду мераманд.

17:47

نَّحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَسۡتَمِعُونَ بِهِۦٓ إِذۡ يَسۡتَمِعُونَ إِلَيۡكَ وَإِذۡ هُمۡ نَجۡوَىٰٓ إِذۡ يَقُولُ ٱلظَّـٰلِمُونَ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلٗا مَّسۡحُورًا ﴿47﴾

Мо беҳтар медонем, мақсади бади он сардорони Қурайшро, ки чун ба ту гӯш медиҳанд, вақте ки - ту эй Муҳаммад - Қуръон мехонӣ ва ҳол он ки гӯш карданашон аз барои ҳидоят ёфтан ва қабули ҳақ нест, балки аз барои айбгӯйӣ аст ва медонем ҳангоме ки онҳо бо ҳам дар гӯши якдигар сӯҳбат мекунанд. Он замон, ки ситамкорон мегӯянд: «Шумо ба ҷуз марди ҷодукарда касеро пайравӣ намекунед».

17:48

ٱنظُرۡ كَيۡفَ ضَرَبُواْ لَكَ ٱلۡأَمۡثَالَ فَضَلُّواْ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ سَبِيلٗا ﴿48﴾

Бингар, (эй Муҳаммад) ки чӣ гуна барои ту масалҳо заданд. Гуфтанд Муҳаммад ҷодукарда, шоир ва девона аст, пас гумроҳ шудаанд ва ба сӯи ҳақ роҳ ёфта наметавонанд, то берун оянд.

17:49

وَقَالُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمٗا وَرُفَٰتًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ خَلۡقٗا جَدِيدٗا ﴿49﴾

Гуфтанд (мункирони рӯзи қиёмат): «Оё агар аз мо устухоне бимонад ва хок шавем, боз ҳам бо офаринише нав, аз қабр бармехезем?»

17:50

قُلۡ كُونُواْ حِجَارَةً أَوۡ حَدِيدًا ﴿50﴾

Бигӯ эй Муҳаммад, агар тавонед аз ин ҳам зӯру тавоно бошед: Санг бошед ё оҳан, Аллоҳ бозмегардонад шуморо чуноне ки нахустин бор офарид ва ду бора зинда шудани шумо бар Вай осон аст.

17:51

أَوۡ خَلۡقٗا مِّمَّا يَكۡبُرُ فِي صُدُورِكُمۡۚ فَسَيَقُولُونَ مَن يُعِيدُنَاۖ قُلِ ٱلَّذِي فَطَرَكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٖۚ فَسَيُنۡغِضُونَ إِلَيۡكَ رُءُوسَهُمۡ وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هُوَۖ قُلۡ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ قَرِيبٗا ﴿51﴾

Ё ин ки офаридаи дигаре бошед, ки дар назаратон бузург менамоед, хоҳанд гуфт, чи касе моро бозмегардонад, бигӯ ҳамон Аллоҳе, ки нахустин бор шуморо офарид, пас сарҳояшонро ба савлат такон дода мегӯянд, он кай хоҳад буд? Бигӯ, шояд, ки наздик бошад.

17:52

يَوۡمَ يَدۡعُوكُمۡ فَتَسۡتَجِيبُونَ بِحَمۡدِهِۦ وَتَظُنُّونَ إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا قَلِيلٗا ﴿52﴾

Рӯзе, ки Аллоҳ шуморо ба сӯи Худ мехонад ва шумо аз қабр бархеста ситойшгӯён амри Ӯро қабул мекунед ва мепиндоред, ки дар дунё андаке оромидаед.

17:53

وَقُل لِّعِبَادِي يَقُولُواْ ٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُۚ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ يَنزَغُ بَيۡنَهُمۡۚ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ كَانَ لِلۡإِنسَٰنِ عَدُوّٗا مُّبِينٗا ﴿53﴾

Ва ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин шева сухан бигӯянд ва агар он тавр нагӯянд, ба дурустӣ шайтон дар миёни онҳо низоъ (душманӣ ва фасод) меафканад, зеро шайтон душмани ошкорои одамӣ аст!

17:54

رَّبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِكُمۡۖ إِن يَشَأۡ يَرۡحَمۡكُمۡ أَوۡ إِن يَشَأۡ يُعَذِّبۡكُمۡۚ وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ عَلَيۡهِمۡ وَكِيلٗا ﴿54﴾

Парвардигоратон ба ҳоли шумо огоҳтар аст чи кас сазовори ҳидоят аст ва чи кас сазовор нест. Агар бихоҳад, бар шумо раҳм мекунад ва ба сӯи имон тавфиқ мефармояд ва агар бихоҳад, бар куфр шуморо мемиронад, азобатон мекунад ва мо туро, - эй Муҳаммад,- нигоҳбони онҳо ва муроқиби аҳволи онон нафиристодаем.

17:55

وَرَبُّكَ أَعۡلَمُ بِمَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَلَقَدۡ فَضَّلۡنَا بَعۡضَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ عَلَىٰ بَعۡضٖۖ وَءَاتَيۡنَا دَاوُۥدَ زَبُورٗا ﴿55﴾

Ва Парвардигори ту ба касе, ки дар осмонҳову замин аст, огоҳтар аст. Баъзе аз паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодем (ба бузургӣ ва ба бисёр уммат доштанашон) ва ба Довуд Забурро додем.

17:56

قُلِ ٱدۡعُواْ ٱلَّذِينَ زَعَمۡتُم مِّن دُونِهِۦ فَلَا يَمۡلِكُونَ كَشۡفَ ٱلضُّرِّ عَنكُمۡ وَلَا تَحۡوِيلًا ﴿56﴾

Бигӯ эй Муҳаммад, ба мушрикони қавмат: «Онҳоеро, ки ҷуз Аллоҳи барҳақ (маъбуди дигаре) мепиндоред, фаро бихонед. Наметавонанд балоро (қаҳтию гуруснагиро) аз шумо дур созанд ё онро насиби дигарон кунанд!». Пас қодир бар ҳама чиз ягона Аллоҳ аст.

17:57

أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ يَبۡتَغُونَ إِلَىٰ رَبِّهِمُ ٱلۡوَسِيلَةَ أَيُّهُمۡ أَقۡرَبُ وَيَرۡجُونَ رَحۡمَتَهُۥ وَيَخَافُونَ عَذَابَهُۥٓۚ إِنَّ عَذَابَ رَبِّكَ كَانَ مَحۡذُورٗا ﴿57﴾

Касонеро, ки кофирон мепарастанд; аз паёмбарон, фариштагон ва солеҳон, ки худашон ба сӯи Парвардигори хеш василаи наздикиро талаб мекунанд, ки кадом яке аз онҳо наздиктар бошад ва ба раҳмати Ӯ умедворанд ва аз азоби Ӯ метарсанд. Бегумон азоби Парвардигорат тарснок аст!

17:58

وَإِن مِّن قَرۡيَةٍ إِلَّا نَحۡنُ مُهۡلِكُوهَا قَبۡلَ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ أَوۡ مُعَذِّبُوهَا عَذَابٗا شَدِيدٗاۚ كَانَ ذَٰلِكَ فِي ٱلۡكِتَٰبِ مَسۡطُورٗا ﴿58﴾

Ва ҳеҷ шаҳре (аз шаҳрҳое, ки паёмбаронро дурӯғ бароварданд) нест, магар ин ки мо пеш аз фаро расидани рӯзи қиёмат ҳалокаш мекунем ё ба азобе сахт гирифтораш месозем. Ва ин дар он китоби Лавҳи Маҳфуз навишта шудааст.

17:59

وَمَا مَنَعَنَآ أَن نُّرۡسِلَ بِٱلۡأٓيَٰتِ إِلَّآ أَن كَذَّبَ بِهَا ٱلۡأَوَّلُونَۚ وَءَاتَيۡنَا ثَمُودَ ٱلنَّاقَةَ مُبۡصِرَةٗ فَظَلَمُواْ بِهَاۚ وَمَا نُرۡسِلُ بِٱلۡأٓيَٰتِ إِلَّا تَخۡوِيفٗا ﴿59﴾

Моро аз нузули мӯъҷизот бознадошт, магар ин ки умматони пешина пас аз мушоҳида дурӯғаш мепиндоштанд. Ба қавми Самуд ба унвони мӯъҷизае равшан модашутурро додем. Бар он ситам карданд кофир шуданд, пас ҳалокашон кардем ва Мо ин мӯъҷизотро ҷуз барои тарсонидан барои чизи дигаре намефиристем.

17:60

وَإِذۡ قُلۡنَا لَكَ إِنَّ رَبَّكَ أَحَاطَ بِٱلنَّاسِۚ وَمَا جَعَلۡنَا ٱلرُّءۡيَا ٱلَّتِيٓ أَرَيۡنَٰكَ إِلَّا فِتۡنَةٗ لِّلنَّاسِ وَٱلشَّجَرَةَ ٱلۡمَلۡعُونَةَ فِي ٱلۡقُرۡءَانِۚ وَنُخَوِّفُهُمۡ فَمَا يَزِيدُهُمۡ إِلَّا طُغۡيَٰنٗا كَبِيرٗا ﴿60﴾

Ва ба ёд ор эй Расул, он гоҳ ки туро гуфтем: Парвардигорат бар ҳамаи мардум огоҳии комил дорад ва он дидореро, ки дар шаби Меъроҷ барои ту муяссар кардем ва қиссаи дарахти малъун, ки дар Қуръон омадааст, ба ҷуз озмойиш барои мардум чизи дигар набуд. Мо мардумро метарсонем, вале танҳо боз куфру саркашияшон афзуда мешавад.

17:61

وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَـٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ قَالَ ءَأَسۡجُدُ لِمَنۡ خَلَقۡتَ طِينٗا ﴿61﴾

Ва ёд ор чун ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Пас ҳама саҷда карданд, ба ҷуз Иблис, ки такаббур карда гуфт: «Оё барои касе, ки аз гил офаридаӣ, саҷда кунам?»

17:62

قَالَ أَرَءَيۡتَكَ هَٰذَا ٱلَّذِي كَرَّمۡتَ عَلَيَّ لَئِنۡ أَخَّرۡتَنِ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَأَحۡتَنِكَنَّ ذُرِّيَّتَهُۥٓ إِلَّا قَلِيلٗا ﴿62﴾

Шайтон гуфт: «Ба ман бигӯй, оё ин ҳамон касе аст, бар ман бартарӣ додаӣ, ин басо ҷои тааҷҷуб аст. Агар маро то рӯзи қиёмат мӯҳлат диҳӣ, фарзандони ӯро ҷуз андакеашон ба гумроҳи кашонида аз бех барканам» ва нобудашон созам.

17:63

قَالَ ٱذۡهَبۡ فَمَن تَبِعَكَ مِنۡهُمۡ فَإِنَّ جَهَنَّمَ جَزَآؤُكُمۡ جَزَآءٗ مَّوۡفُورٗا ﴿63﴾

Аллоҳ Фармуд: «Бирав, ҷазои ту ва ҳар кас, ки пайрави ту гардад, ҷаҳаннам аст, ба дурустӣ, ки ҷазои сазовору комил аст!»

17:64

وَٱسۡتَفۡزِزۡ مَنِ ٱسۡتَطَعۡتَ مِنۡهُم بِصَوۡتِكَ وَأَجۡلِبۡ عَلَيۡهِم بِخَيۡلِكَ وَرَجِلِكَ وَشَارِكۡهُمۡ فِي ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَوۡلَٰدِ وَعِدۡهُمۡۚ وَمَا يَعِدُهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ إِلَّا غُرُورًا ﴿64﴾

Бо фарёди хеш ҳар киро тавонӣ, аз ҷой биҷунбон (ба сӯи маъсият) ва бо ёрии саворону пиёдагонат бар онон битоз ва дар молу фарзанд ба (касби ҳаром) бо онон шарик шав ва ба пайравонат ваъдаи дурӯғ бидеҳ. Ва ҳол он ки шайтон ҷуз ба фиребе ваъдаи дигарашон надиҳад!

17:65

إِنَّ عِبَادِي لَيۡسَ لَكَ عَلَيۡهِمۡ سُلۡطَٰنٞۚ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ وَكِيلٗا ﴿65﴾

Бегумон туро бар бандагони Ман ононе, ки ба ихлос маро фармонбардорӣ мекунанд, ҳеҷ ғолибияте набошад ва Парвардигори ту (эй Муҳаммад) барои нигаҳбонии мӯъминон аз макри шайтон кофист!»

17:66

رَّبُّكُمُ ٱلَّذِي يُزۡجِي لَكُمُ ٱلۡفُلۡكَ فِي ٱلۡبَحۡرِ لِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ كَانَ بِكُمۡ رَحِيمٗا ﴿66﴾

Парвардигори шумост, ки киштиҳоро дар баҳрҳо бароятон равон мекунад, то аз фазли Ӯ рӯзии худ ба даст оред. Зеро бо шумо меҳрубон аст.

17:67

وَإِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فِي ٱلۡبَحۡرِ ضَلَّ مَن تَدۡعُونَ إِلَّآ إِيَّاهُۖ فَلَمَّا نَجَّىٰكُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ أَعۡرَضۡتُمۡۚ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ كَفُورًا ﴿67﴾

Чун дар дарё ба шумо сахтӣ (ғарқ шудан) бирасад, ҳамаи онҳое, ки мепарастед, аз назаратон гум шаванд, ғайр аз Аллоҳ. Ва чун дуои шуморо қабул кунад ба соҳили наҷот бирасонад, аз тоати Ӯ рӯй мегардонед, зеро одамӣ як махлуқи бисёр носипос аст!

17:68

أَفَأَمِنتُمۡ أَن يَخۡسِفَ بِكُمۡ جَانِبَ ٱلۡبَرِّ أَوۡ يُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ حَاصِبٗا ثُمَّ لَا تَجِدُواْ لَكُمۡ وَكِيلًا ﴿68﴾

Оё эмин ҳастед аз ин ки ногаҳон шуморо дар гӯшае аз замин фурӯ барад, ё тундбоди регборе, чунон ки бар қавми Лут алайҳиссалом фиристода буд, бар шумо бифиристад, сипас барои худ ҳеҷ нигаҳбоне намеёбед?

17:69

أَمۡ أَمِنتُمۡ أَن يُعِيدَكُمۡ فِيهِ تَارَةً أُخۡرَىٰ فَيُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ قَاصِفٗا مِّنَ ٱلرِّيحِ فَيُغۡرِقَكُم بِمَا كَفَرۡتُمۡ ثُمَّ لَا تَجِدُواْ لَكُمۡ عَلَيۡنَا بِهِۦ تَبِيعٗا ﴿69﴾

Ё эмин шудаед аз ин ки бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва тӯфони тунди киштишикан бар шумо бифиристад ва ба хотири ношукргузорие, ки варзидаед, ғарқатон созад? Баъд аз он касеро наёбед, ки дар баробари он чи бо шумо кардаем аз Мо интиқом бигирад. Ҳамоно Аллоҳ ба андозаи заррае бар шумо ситам накардааст.

17:70

وَلَقَدۡ كَرَّمۡنَا بَنِيٓ ءَادَمَ وَحَمَلۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ وَرَزَقۡنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَفَضَّلۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ كَثِيرٖ مِّمَّنۡ خَلَقۡنَا تَفۡضِيلٗا ﴿70﴾

Ва ба ростӣ, Мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ба ақл ва ба фиристонидани паёмбарон ва ҳама чизро барояш мутеъ гардондем ва бар баҳру хушкӣ бар савориҳои гуногун савор кардем ва аз чизҳои хушу покиза рӯзӣ додем ва бар бисёре аз махлуқоти хеш бартариашон додаем.

17:71

يَوۡمَ نَدۡعُواْ كُلَّ أُنَاسِۭ بِإِمَٰمِهِمۡۖ فَمَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَأُوْلَـٰٓئِكَ يَقۡرَءُونَ كِتَٰبَهُمۡ وَلَا يُظۡلَمُونَ فَتِيلٗا ﴿71﴾

(Ба ёд ор эй Паёмбар), рӯзе, ки ҳар гурӯҳе аз мардумро бо пешвоёнашон бихонем, номаи аъмоли ҳар ки ба дасти росташ дода шавад, пас онҳо номаи аъмолашонро мехонанд ва ба андозаи риштаи борике, ки дар даруни донаи хурмост (киноя аз чизи кам) ситам намебинанд.

17:72

وَمَن كَانَ فِي هَٰذِهِۦٓ أَعۡمَىٰ فَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ أَعۡمَىٰ وَأَضَلُّ سَبِيلٗا ﴿72﴾

Ва ҳар ки дар ин дунё нобино бошад (аз далелҳои қудрати Аллоҳ), дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст.

17:73

وَإِن كَادُواْ لَيَفۡتِنُونَكَ عَنِ ٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ لِتَفۡتَرِيَ عَلَيۡنَا غَيۡرَهُۥۖ وَإِذٗا لَّٱتَّخَذُوكَ خَلِيلٗا ﴿73﴾

Ва наздик буд, ки туро (эй Муҳаммад, мушрикон) аз он чи бар ту ваҳй карда будем, бероҳа созанд, то ғайри ҳукми Қуръонро ба дурӯғ ба мо нисбат бидиҳӣ, он гоҳ бо ту дӯстӣ кунанд.

17:74

وَلَوۡلَآ أَن ثَبَّتۡنَٰكَ لَقَدۡ كِدتَّ تَرۡكَنُ إِلَيۡهِمۡ شَيۡـٔٗا قَلِيلًا ﴿74﴾

Ва агар Мо туро устувор бар ҳақ намедоштем, наздик будӣ, ки (аз бисёр рағбат доштанат дар ҳидояти онҳо) ба сӯяшон андаке майл кунӣ.

17:75

إِذٗا لَّأَذَقۡنَٰكَ ضِعۡفَ ٱلۡحَيَوٰةِ وَضِعۡفَ ٱلۡمَمَاتِ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ عَلَيۡنَا نَصِيرٗا ﴿75﴾

Он гоҳ азоби дунё ва азоби охиратро ба ту мечашондем ва барои худ дар баробари Мо ёваре намеёфтӣ.

17:76

وَإِن كَادُواْ لَيَسۡتَفِزُّونَكَ مِنَ ٱلۡأَرۡضِ لِيُخۡرِجُوكَ مِنۡهَاۖ وَإِذٗا لَّا يَلۡبَثُونَ خِلَٰفَكَ إِلَّا قَلِيلٗا ﴿76﴾

Ва наздик буд, ки туро мушрикон аз ин сарзамини Макка билағжонанд, то овораат созанд. Ва худ пас аз ту ҷуз андак замоне намемонданд.

17:77

سُنَّةَ مَن قَدۡ أَرۡسَلۡنَا قَبۡلَكَ مِن رُّسُلِنَاۖ وَلَا تَجِدُ لِسُنَّتِنَا تَحۡوِيلًا ﴿77﴾

Суннати Аллоҳ дар бораи паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодаем, низ чунин аст ва суннати моро тағйирпазир наёбӣ.

17:78

أَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ لِدُلُوكِ ٱلشَّمۡسِ إِلَىٰ غَسَقِ ٱلَّيۡلِ وَقُرۡءَانَ ٱلۡفَجۡرِۖ إِنَّ قُرۡءَانَ ٱلۡفَجۡرِ كَانَ مَشۡهُودٗا ﴿78﴾

Аз ҳангоми заволи хуршед, то он гоҳ ки шаб фаро мерасад, намозро барпой дор ва намози субҳгоҳро бихон. Бегумон дар намози субҳгоҳ ҳамаи фариштагони шаб ва фариштагони рӯз ҳозир шаванд.

17:79

وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَتَهَجَّدۡ بِهِۦ نَافِلَةٗ لَّكَ عَسَىٰٓ أَن يَبۡعَثَكَ رَبُّكَ مَقَامٗا مَّحۡمُودٗا ﴿79﴾

Ва дар қисмате аз шаб бархез ва намози таҳаҷҷуд бихон. Ин нофила (намози шаб) хоси ту аст. Бошад, ки Парвардигорат туро ба мақоме писандида бирасонад.

17:80

وَقُل رَّبِّ أَدۡخِلۡنِي مُدۡخَلَ صِدۡقٖ وَأَخۡرِجۡنِي مُخۡرَجَ صِدۡقٖ وَٱجۡعَل لِّي مِن لَّدُنكَ سُلۡطَٰنٗا نَّصِيرٗا ﴿80﴾

Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро ба таври ростиву писандида (ба ҳар коре) дохил кун ва ба таври ростиву писандида берун бар ва маро аз ҷониби худ пирӯзиву ёрӣ ато кун!

17:81

وَقُلۡ جَآءَ ٱلۡحَقُّ وَزَهَقَ ٱلۡبَٰطِلُۚ إِنَّ ٱلۡبَٰطِلَ كَانَ زَهُوقٗا ﴿81﴾

Бигӯ (эй Муҳаммад барои мушрикон): «Ҳақ (ислом) омад ва ботил (ширк) нобуд гашт. Бегумон ботил ҳамеша аз миён рафтани ва нобуд шуданӣ аст.

17:82

وَنُنَزِّلُ مِنَ ٱلۡقُرۡءَانِ مَا هُوَ شِفَآءٞ وَرَحۡمَةٞ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ وَلَا يَزِيدُ ٱلظَّـٰلِمِينَ إِلَّا خَسَارٗا ﴿82﴾

Ва аз Қуръон он чиро фуруд меорем, ки вай барои дилҳои мӯъминон шифо мебахшад; аз шакку нифоқ ва ҷаҳолат ва низ шифо мебахшад ба хондани касалиҳои баданӣ ва Қуръон низ раҳмат аст, вале кофирон аз шунидани он ва набудани имонашон ба он, барояшон ҷуз зиёне намеафзояд.

17:83

وَإِذَآ أَنۡعَمۡنَا عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ أَعۡرَضَ وَنَـَٔا بِجَانِبِهِۦ وَإِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ كَانَ يَـُٔوسٗا ﴿83﴾

Чун ба инсон неъмат ато кунем (мол, офият, ризқу нусрат), рӯйгардон шуда ва хештан канор мекашад ва такаббур меварзад ва чун сахтӣ ба ӯ расад, маъюс ва ноумед мешавад.

17:84

قُلۡ كُلّٞ يَعۡمَلُ عَلَىٰ شَاكِلَتِهِۦ فَرَبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِمَنۡ هُوَ أَهۡدَىٰ سَبِيلٗا ﴿84﴾

Бигӯ: «Ҳар кас ба равиши хеш коре мекунад ва Парвардигоратон беҳтар медонад, ки чи касе роҳ ёфтатараст».

17:85

وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلرُّوحِۖ قُلِ ٱلرُّوحُ مِنۡ أَمۡرِ رَبِّي وَمَآ أُوتِيتُم مِّنَ ٱلۡعِلۡمِ إِلَّا قَلِيلٗا ﴿85﴾

Туро эй Паёмбар, мушрикон аз ҳақиқати рӯҳ мепурсанд. Бигӯ: «Рӯҳ чизе аст, ки танҳо Парвардигори ман аз он огоҳ аст ва шумо ва ҷамиъи мардум аз илм ба ҷуз андаке, чизе дода нашудаед».

17:86

وَلَئِن شِئۡنَا لَنَذۡهَبَنَّ بِٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ بِهِۦ عَلَيۡنَا وَكِيلًا ﴿86﴾

Агар бихоҳем ҳамаи Қуръонро, ки бар ту ваҳй кардаем, аз дили ту бармедорем ва онгоҳ касеро нахоҳӣ ёфт, ки дар ин бора дар баробари Мо аз ту дифоъ кунад, ё ки Қуръонро бар ту бозгардонад.

17:87

إِلَّا رَحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَۚ إِنَّ فَضۡلَهُۥ كَانَ عَلَيۡكَ كَبِيرٗا ﴿87﴾

Магар боқӣ гузоштани Қуръон дар дили ту, ба сабаби раҳмате аз ҷониби Парвардигорат аст, ки воқеъан инъоми Ӯ. дар бораи ту бисёр аст.

17:88

قُل لَّئِنِ ٱجۡتَمَعَتِ ٱلۡإِنسُ وَٱلۡجِنُّ عَلَىٰٓ أَن يَأۡتُواْ بِمِثۡلِ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لَا يَأۡتُونَ بِمِثۡلِهِۦ وَلَوۡ كَانَ بَعۡضُهُمۡ لِبَعۡضٖ ظَهِيرٗا ﴿88﴾

Бигӯ: «Агар инсу ҷин гирд оянд ва иттифоқ кунанд, то монанди ин Қуръонро биёваранд, ҳаргиз наметавонанд монанди онро биёваранд, ҳарчанд, ки якдигарро ёрӣ диҳанд».

17:89

وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَا لِلنَّاسِ فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ مِن كُلِّ مَثَلٖ فَأَبَىٰٓ أَكۡثَرُ ٱلنَّاسِ إِلَّا كُفُورٗا ﴿89﴾

Ва ба ростӣ, ки дар ин Қуръон ҳар масъаларо барои мардум бо шеваҳои гуногун баён доштем, вале бештари мардум ҷуз инкор ва ношукрӣ напазиранд.

17:90

وَقَالُواْ لَن نُّؤۡمِنَ لَكَ حَتَّىٰ تَفۡجُرَ لَنَا مِنَ ٱلۡأَرۡضِ يَنۢبُوعًا ﴿90﴾

Мушрикон гуфтанд: «Ба ту (эй Муҳаммад) мо ҳаргиз имон намеоварем, магар ин ки барои мо аз замин чашмае равон созӣ,

17:91

أَوۡ تَكُونَ لَكَ جَنَّةٞ مِّن نَّخِيلٖ وَعِنَبٖ فَتُفَجِّرَ ٱلۡأَنۡهَٰرَ خِلَٰلَهَا تَفۡجِيرًا ﴿91﴾

ё туро боғе бошад аз дарахтони хурмову ангур, ки дар мобайнаш наҳрҳоро фаровон ҷорӣ гардонӣ,

17:92

أَوۡ تُسۡقِطَ ٱلسَّمَآءَ كَمَا زَعَمۡتَ عَلَيۡنَا كِسَفًا أَوۡ تَأۡتِيَ بِٱللَّهِ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةِ قَبِيلًا ﴿92﴾

ё чунон ки иддаъо мекунӣ, осмонро пора-пора бар сари мо фуруд оварй ё Аллоҳу фариштагонро пеши мо ҳозир гардонӣ,

17:93

أَوۡ يَكُونَ لَكَ بَيۡتٞ مِّن زُخۡرُفٍ أَوۡ تَرۡقَىٰ فِي ٱلسَّمَآءِ وَلَن نُّؤۡمِنَ لِرُقِيِّكَ حَتَّىٰ تُنَزِّلَ عَلَيۡنَا كِتَٰبٗا نَّقۡرَؤُهُۥۗ قُلۡ سُبۡحَانَ رَبِّي هَلۡ كُنتُ إِلَّا بَشَرٗا رَّسُولٗا ﴿93﴾

ё туро хонае аз зарру зевар бошад ё ба сӯи осмон боло равӣ. Ва мо ба осмон боло рафтанатро ҳам бовар намекунем, магар ин ки китобе ҳамроҳи худ барои мо биёварӣ, ки онро хонем». Бигӯ эй Муҳаммад барояшон: «Парвардигори ман пок аст. Ба дурустӣ ман танҳо банда ва фиристодае аз сӯи Аллоҳ барои ҳидояти мардумонам.»

17:94

وَمَا مَنَعَ ٱلنَّاسَ أَن يُؤۡمِنُوٓاْ إِذۡ جَآءَهُمُ ٱلۡهُدَىٰٓ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ أَبَعَثَ ٱللَّهُ بَشَرٗا رَّسُولٗا ﴿94﴾

Ҳеҷ чиз мардумро аз имон овардан бознадошт, он гоҳ ки ҳидояташон омад, магар ин ки (аз рӯи ҷаҳл ва инкор) мегуфтанд: «Оё Аллоҳ инсонеро ба унвони пайғамбарӣ фиристодааст?»

17:95

قُل لَّوۡ كَانَ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَلَـٰٓئِكَةٞ يَمۡشُونَ مُطۡمَئِنِّينَ لَنَزَّلۡنَا عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ مَلَكٗا رَّسُولٗا ﴿95﴾

Бигӯ эй Паёмбар, дар ҷавоби инкорашон: Агар дар рӯи замин ба ҷои инсонҳо фариштагон мезистанд ва бо пойи худ мисли инсонҳо ба оромӣ роҳ мерафтанд, барояшон ба паёмбарӣ фариштае аз осмон нозил мекардем, вале аҳли рӯи замин башаранд, пас сазовор аст, ки паёмбар аз ҷинси башар бошад, то суханашро бифаҳманд.

17:96

قُلۡ كَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدَۢا بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡۚ إِنَّهُۥ كَانَ بِعِبَادِهِۦ خَبِيرَۢا بَصِيرٗا ﴿96﴾

Бигӯ: «Аллоҳ ба унвони гувоҳ миёни сидқи ману саркашии шумо кофист, зеро Ӯ аз ҳоли бандагонаш огоҳу биност!»

17:97

وَمَن يَهۡدِ ٱللَّهُ فَهُوَ ٱلۡمُهۡتَدِۖ وَمَن يُضۡلِلۡ فَلَن تَجِدَ لَهُمۡ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِهِۦۖ وَنَحۡشُرُهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمۡ عُمۡيٗا وَبُكۡمٗا وَصُمّٗاۖ مَّأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ كُلَّمَا خَبَتۡ زِدۡنَٰهُمۡ سَعِيرٗا ﴿97﴾

Ва ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, ҳидоятёфтааст. Ва ҳар касеро гумроҳ созад, ҷуз Аллоҳи барҳақ барои онҳо сарпарасте наёбӣ ва дар рӯзи қиёмат, дар ҳоле ки чеҳраҳояшон рӯ ба замин аст, кӯру гунг ва кар зинда ва ҷамъашон мекунем ва ҷаҳаннам ҷойгоҳи онҳост, ҳар вақте ки шӯълаи он фурӯ нишинад, барояшон онро биафзоем.

17:98

ذَٰلِكَ جَزَآؤُهُم بِأَنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَقَالُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمٗا وَرُفَٰتًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ خَلۡقٗا جَدِيدًا ﴿98﴾

Ин ҷазои онҳост, зеро ба оёти Мо имон наёварданд ва гуфтанд: «Оё чун мо устухон шудему хок, моро ба сурати тозае зинда мекунанд?»

17:99

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ قَادِرٌ عَلَىٰٓ أَن يَخۡلُقَ مِثۡلَهُمۡ وَجَعَلَ لَهُمۡ أَجَلٗا لَّا رَيۡبَ فِيهِ فَأَبَى ٱلظَّـٰلِمُونَ إِلَّا كُفُورٗا ﴿99﴾

Оё намедонанд, инҳо мушрикон, ки Аллоҳе, ки осмонҳову заминро аз нестӣ офаридааст, қодир аст, ки монанди онҳоро баъд аз фанояшон биёфаринад ва барояшон муддати умре ниҳода, ки дар он шакке нест? Аммо золимон ҷуз куфр ва инкор чизи дигареро қабул накарданд.

17:100

قُل لَّوۡ أَنتُمۡ تَمۡلِكُونَ خَزَآئِنَ رَحۡمَةِ رَبِّيٓ إِذٗا لَّأَمۡسَكۡتُمۡ خَشۡيَةَ ٱلۡإِنفَاقِۚ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ قَتُورٗا ﴿100﴾

Бигӯ (эй Муҳаммад барояшон): "Агар шумо, - эй мардум, - молики ҳамаи хазинаҳои раҳмати Парвардигори ман мебудед, аз бими тангдастӣ бахилӣ пеша мекардед, зеро одамӣ бисёр бахил (ва тангназар) аст!"

17:101

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَىٰ تِسۡعَ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖۖ فَسۡـَٔلۡ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ إِذۡ جَآءَهُمۡ فَقَالَ لَهُۥ فِرۡعَوۡنُ إِنِّي لَأَظُنُّكَ يَٰمُوسَىٰ مَسۡحُورٗا ﴿101﴾

Аз банӣ Исроил бипурс, ки чун Мӯсо назди онон омад, ба ӯ нӯҳ нишонаи ошкоро дода будем. Ва Фиръавн ба ӯ гуфт: «Эй Мӯсо, пиндорам, ки туро ҷоду карда бошанд».

17:102

قَالَ لَقَدۡ عَلِمۡتَ مَآ أَنزَلَ هَـٰٓؤُلَآءِ إِلَّا رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ بَصَآئِرَ وَإِنِّي لَأَظُنُّكَ يَٰفِرۡعَوۡنُ مَثۡبُورٗا ﴿102﴾

Мӯсо ба Фиръавн гуф «Ба ҳақиқат медонӣ, ин нишонаҳои ошкорро ҷуз Парвардигори осмонҳову замин нафиристодааст. Ва ман, эй Фиръавн, туро ба яқин ҳалокшуда мебинам».

17:103

فَأَرَادَ أَن يَسۡتَفِزَّهُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ فَأَغۡرَقۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ جَمِيعٗا ﴿103﴾

Фиръавн қасди он дошт, ки онҳоро аз он сарзамин (Миср) барканад, вале Мо, ӯ ва ҳамаи ҳамроҳонашро ғарқ сохтем.

17:104

وَقُلۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِۦ لِبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ٱسۡكُنُواْ ٱلۡأَرۡضَ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ ٱلۡأٓخِرَةِ جِئۡنَا بِكُمۡ لَفِيفٗا ﴿104﴾

Ва пас аз Фиръавн ва лашкараш ба банӣ Исроил гуфтем: «Дар он сарзамини Шом сокин шавед ва чун ваъдаи охират расад, ҳамаи шуморо бо ҳам зиндаву ҷамъ мекунем».

17:105

وَبِٱلۡحَقِّ أَنزَلۡنَٰهُ وَبِٱلۡحَقِّ نَزَلَۗ وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا مُبَشِّرٗا وَنَذِيرٗا ﴿105﴾

Ин Қуръонро ба ҳақ нозил кардаем (бар Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва саллам) ва ба ҳақ ва сидқ, адл ва аз тағиру табдил нигоҳ дошташуда нозил шудааст ва туро нафиристодем, магар он ки мужда диҳӣ ба ҷаннат он касеро, ки фармонбардорӣ мекунад ва бим диҳӣ ба дӯзах он касеро, ки нофармонбардорӣ ва куфр меварзад.

17:106

وَقُرۡءَانٗا فَرَقۡنَٰهُ لِتَقۡرَأَهُۥ عَلَى ٱلنَّاسِ عَلَىٰ مُكۡثٖ وَنَزَّلۡنَٰهُ تَنزِيلٗا ﴿106﴾

Ва Қуръонро кам-кам (дар муддати бисту се сол) ба гунаи оятҳо ва бахшҳои ҷудогона нозил кардем, то ту онро оҳиста-оҳиста ва андак-андак бар мардум бихонӣ ва ба ин васила ҷазби дилҳо ва андешаҳо шавад ва дар амал ҷорӣ гардад. Ва Қуръонро ба ҳақ фурӯ фиристодем ва ба ҳақ фуруд омадааст.

17:107

قُلۡ ءَامِنُواْ بِهِۦٓ أَوۡ لَا تُؤۡمِنُوٓاْۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ مِن قَبۡلِهِۦٓ إِذَا يُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ يَخِرُّونَۤ لِلۡأَذۡقَانِۤ سُجَّدٗاۤ ﴿107﴾

Бигӯ эй кофирон: «Хоҳ ба Қуръон имон биёваред ё имон наёваред ихтиёри хушбахтӣ ва бадбахтии худатонро доред, вале бидонед, ки эъҷоз ва ҳақиқати Қуръон равшан аст. Онон, ки аз ин пеш дониш омӯхтаанд ва бо Таврот ва Инҷили ростин сару кор доштаанд, чун Қуръон барояшон тиловат шавад, саҷдакунон бар рӯй меафтанд ва сари таслим дар баробари Аллоҳ фуруд меоваранд ва ӯро сипос мегӯянд

17:108

وَيَقُولُونَ سُبۡحَٰنَ رَبِّنَآ إِن كَانَ وَعۡدُ رَبِّنَا لَمَفۡعُولٗا ﴿108﴾

ва мегӯянд: Пок аст Парвардигори мо аз он чи ки Ӯро нисбат медиҳанд мушрикон. Ваъдаи Парвардигори мо анҷом ёфтанист, ки дар он хилоф ва шакке нест.

17:109

وَيَخِرُّونَ لِلۡأَذۡقَانِ يَبۡكُونَ وَيَزِيدُهُمۡ خُشُوعٗا۩ ﴿109﴾

Ва ба рӯй меафтанд ва мегирянд ва Қуръон фурӯтании онҳоро меафзояд.

17:110

قُلِ ٱدۡعُواْ ٱللَّهَ أَوِ ٱدۡعُواْ ٱلرَّحۡمَٰنَۖ أَيّٗا مَّا تَدۡعُواْ فَلَهُ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ وَلَا تَجۡهَرۡ بِصَلَاتِكَ وَلَا تُخَافِتۡ بِهَا وَٱبۡتَغِ بَيۡنَ ذَٰلِكَ سَبِيلٗا ﴿110﴾

Бигӯ (эй Муҳаммад барои мушрикони қавмат), ононе, ки бар ту ин гуна дуо карданро инкор намуданд: чӣ Аллоҳро бихонед, чӣ Раҳмонро бихонед фарқе намекунад, ҳар кадомро ки аз асмои ҳусно, ки бихонед монеъ надорад, номҳои некӯ аз они Ӯст. Эй Паёмбар, ҳангоме, ки ба намоз истодӣ дар намоз садоятро баланд макун ва низ паст ҳам махон ва миёни ин ду роҳе интихоб кун.

17:111

وَقُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي لَمۡ يَتَّخِذۡ وَلَدٗا وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ شَرِيكٞ فِي ٱلۡمُلۡكِ وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ وَلِيّٞ مِّنَ ٱلذُّلِّۖ وَكَبِّرۡهُ تَكۡبِيرَۢا ﴿111﴾

Бигӯ (эй Муҳаммад): «Сипоси комил Аллоҳро, ки фарзанде ихтиёр накардааст ва Ӯро шарике дар мулк нест, балки тамоми мулк аз они Ӯст ва ба нотавонӣ наяфтад, ки ба ёрӣ мӯҳтоҷ шавад. Пас, Ӯро ба таъзим кардани бисёр ёд кун!

18:1

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ عَلَىٰ عَبۡدِهِ ٱلۡكِتَٰبَ وَلَمۡ يَجۡعَل لَّهُۥ عِوَجَاۜ ﴿1﴾

Тамоми шукру сипос хос барои Аллоҳ аст, ки бар бандааш (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) китоби Қуръонро фуруд овард ва дар он ҳеҷ гуна каҷӣ ва инҳирофе қарор надодааст.

18:2

قَيِّمٗا لِّيُنذِرَ بَأۡسٗا شَدِيدٗا مِّن لَّدُنۡهُ وَيُبَشِّرَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ أَجۡرًا حَسَنٗا ﴿2﴾

Китобест собит ва устувор ва Аллоҳ онро нозил кардааст, то мардумро аз азоби сахти худ битарсонад ва мӯъминонро, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда диҳад, ки барои онҳо подоши хубест ва он ҷаннат аст.

18:3

مَّـٰكِثِينَ فِيهِ أَبَدٗا ﴿3﴾

Ҷовидона дар он биҳиште, ки неъмати хуби Аллоҳ таоло ҳаст, хоҳанд монд.

18:4

وَيُنذِرَ ٱلَّذِينَ قَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدٗا ﴿4﴾

Ва аз азоби сахти Ӯ битарсонад касонеро, ки мегӯянд: «Аллоҳ фарзанде ихтиёр кардааст».

18:5

مَّا لَهُم بِهِۦ مِنۡ عِلۡمٖ وَلَا لِأٓبَآئِهِمۡۚ كَبُرَتۡ كَلِمَةٗ تَخۡرُجُ مِنۡ أَفۡوَٰهِهِمۡۚ إِن يَقُولُونَ إِلَّا كَذِبٗا ﴿5﴾

Аз он на бар онҳо на бар падарони онҳо ҳеҷ огоҳие нест. Гуноҳи бузург аст ин сухан, ки мебарояд аз даҳонашон. Ин сухан (Аллоҳ соҳиби фарзанд аст) дурӯғи маҳз аст, ки мегӯянд.

18:6

فَلَعَلَّكَ بَٰخِعٞ نَّفۡسَكَ عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِمۡ إِن لَّمۡ يُؤۡمِنُواْ بِهَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ أَسَفًا ﴿6﴾

Пас агар ба ин сухани (Қуръон) имон наёваранд, шояд мехоҳӣ дар пайи онҳо худро аз ғаму андӯҳ ҳалок созӣ.

18:7

إِنَّا جَعَلۡنَا مَا عَلَى ٱلۡأَرۡضِ زِينَةٗ لَّهَا لِنَبۡلُوَهُمۡ أَيُّهُمۡ أَحۡسَنُ عَمَلٗا ﴿7﴾

Ба таҳқиқ, Мо ҳар чӣ дар рӯи замин аст, зиннати он қарор додем, то имтиҳонашон кунем, ки кадоми яке аз онҳо беҳтар амал мекунанд.

18:8

وَإِنَّا لَجَٰعِلُونَ مَا عَلَيۡهَا صَعِيدٗا جُرُزًا ﴿8﴾

Ва ҳамоно Мо ҳастем, ки рӯи заминро чун дунё ба охир расад, мисли биёбоне хушк хоҳем кард.

18:9

أَمۡ حَسِبۡتَ أَنَّ أَصۡحَٰبَ ٱلۡكَهۡفِ وَٱلرَّقِيمِ كَانُواْ مِنۡ ءَايَٰتِنَا عَجَبًا ﴿9﴾

Оё пиндоштаӣ, ки Асҳоби Каҳф ва Рақим аз нишонаҳои аҷибу ғариби Мо будаанд?

18:10

إِذۡ أَوَى ٱلۡفِتۡيَةُ إِلَى ٱلۡكَهۡفِ فَقَالُواْ رَبَّنَآ ءَاتِنَا مِن لَّدُنكَ رَحۡمَةٗ وَهَيِّئۡ لَنَا مِنۡ أَمۡرِنَا رَشَدٗا ﴿10﴾

Ба ёд ор эй Паёмбар, чун он ҷавонмардони мӯъмин аз тарси қавмашон ба ғор паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, моро аз сӯйи худ раҳмат иноят кун ва моро аз бадӣ нигоҳ дор ва бароямон дар кори мо роҳи наҷоте фароҳам фармо».

18:11

فَضَرَبۡنَا عَلَىٰٓ ءَاذَانِهِمۡ فِي ٱلۡكَهۡفِ سِنِينَ عَدَدٗا ﴿11﴾

Пас чандин соле ононро дар он ғор хобонидем.

18:12

ثُمَّ بَعَثۡنَٰهُمۡ لِنَعۡلَمَ أَيُّ ٱلۡحِزۡبَيۡنِ أَحۡصَىٰ لِمَا لَبِثُوٓاْ أَمَدٗا ﴿12﴾

Сипас бедорашон кардем, то бидонем кадом як аз он ду гурӯҳ муддати замонеро, ки гузарониданд, ба хотир доранд.

18:13

نَّحۡنُ نَقُصُّ عَلَيۡكَ نَبَأَهُم بِٱلۡحَقِّۚ إِنَّهُمۡ فِتۡيَةٌ ءَامَنُواْ بِرَبِّهِمۡ وَزِدۡنَٰهُمۡ هُدٗى ﴿13﴾

Мо хабари Асҳоби Каҳфро ба ростӣ барои ту эй Паёмбар ҳикоят мекунем: онҳо ҷавонмардоне буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварда буданд ва Мо низ бар ҳидояташон афзудем.

18:14

وَرَبَطۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ إِذۡ قَامُواْ فَقَالُواْ رَبُّنَا رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ لَن نَّدۡعُوَاْ مِن دُونِهِۦٓ إِلَٰهٗاۖ لَّقَدۡ قُلۡنَآ إِذٗا شَطَطًا ﴿14﴾

Бар дилҳояшон нерӯ ва устуворӣ бахшидем. Он гоҳ ки дар назди он подшоҳи кофир истоданд ва гуфтанд: «Парвардигори мо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Ҷуз Ӯ касеро маъбуди барҳақ нахонем, ки ҳар гоҳ чунин кунем, ҳамоно сухани дурӯғе гуфта бошем.

18:15

هَـٰٓؤُلَآءِ قَوۡمُنَا ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةٗۖ لَّوۡلَا يَأۡتُونَ عَلَيۡهِم بِسُلۡطَٰنِۭ بَيِّنٖۖ فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبٗا ﴿15﴾

Ин қавми мо, ба ғайри Ӯ таоло маъбудон (бутҳо)-и дигаре ихтиёр кардаанд. Чаро барои исботи ибодаташон онҳоро далели равшане намеоваранд? Кист ситамкортар (кофиртар) аз касе, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад ва ба Ӯ ширк меорад?

18:16

وَإِذِ ٱعۡتَزَلۡتُمُوهُمۡ وَمَا يَعۡبُدُونَ إِلَّا ٱللَّهَ فَأۡوُۥٓاْ إِلَى ٱلۡكَهۡفِ يَنشُرۡ لَكُمۡ رَبُّكُم مِّن رَّحۡمَتِهِۦ وَيُهَيِّئۡ لَكُم مِّنۡ أَمۡرِكُم مِّرۡفَقٗا ﴿16﴾

Ва чун аз ин кофирон канора ҷустед ва ҷуз Аллоҳи барҳақ маъбуди дигареро намепарастед, пас ба сӯйи ғор паноҳ баред, то Аллоҳ аз раҳмати хеш бар шумо фароху арзонӣ кунад ва дар корҳоятон барои шумо кушоиш фароҳам орад.