quranm◉

Hizb 43

Range
from 33:51 to 34:45
Surahs covered
Тарҷума
68 Тарҷума

◉

33:51

تُرۡجِي مَن تَشَآءُ مِنۡهُنَّ وَتُـٔۡوِيٓ إِلَيۡكَ مَن تَشَآءُۖ وَمَنِ ٱبۡتَغَيۡتَ مِمَّنۡ عَزَلۡتَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكَۚ ذَٰلِكَ أَدۡنَىٰٓ أَن تَقَرَّ أَعۡيُنُهُنَّ وَلَا يَحۡزَنَّ وَيَرۡضَيۡنَ بِمَآ ءَاتَيۡتَهُنَّ كُلُّهُنَّۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا فِي قُلُوبِكُمۡۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَلِيمٗا ﴿51﴾

Аз ҳамсарони худ ҳар киро хоҳӣ, метавонӣ ҳамхобиашро ба таъхир андозӣ ва ҳар киро хоҳӣ, метавонӣ бо худ нигаҳ дорӣ. Ва агар аз онҳо, ки дурӣ доштаӣ, якеро боз биталабӣ, бар ту гуноҳе нест. Дар ин гузиниш ва ихтиёр бояд, ки шодмон бошанд ва ғамгин машаванд ва аз он чи ба онҳо медиҳӣ, бояд, ки хушнуд гарданд ва Аллоҳ медонад, ки дар дилҳои шумо майли муҳаббат аст ба сӯи баъзе аз занонатон. Ва Аллоҳ доно аст бар дилҳои шумо ва бурдбор аст, ки гунаҳкоронро зуд ба иқоб намегирад!

33:52

لَّا يَحِلُّ لَكَ ٱلنِّسَآءُ مِنۢ بَعۡدُ وَلَآ أَن تَبَدَّلَ بِهِنَّ مِنۡ أَزۡوَٰجٖ وَلَوۡ أَعۡجَبَكَ حُسۡنُهُنَّ إِلَّا مَا مَلَكَتۡ يَمِينُكَۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ رَّقِيبٗا ﴿52﴾

Баъд аз ин занон дигар ҳеҷ зане бар ту ҳалол нест ва он занонеро, ки барои ту ҳалол кардем ва низ дигар зане ба ҷои онҳо ихтиёр кардан ҳалол нест, ҳарчанд туро аз зебоии ӯ хуш ояд, магар он чи ба ғанимат ба дасти ту афтад. Ва Аллоҳ назораткунандаи ҳар чизест ва ҳар кореро анҷом диҳӣ, Аллоҳ онро медонад!

33:53

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَدۡخُلُواْ بُيُوتَ ٱلنَّبِيِّ إِلَّآ أَن يُؤۡذَنَ لَكُمۡ إِلَىٰ طَعَامٍ غَيۡرَ نَٰظِرِينَ إِنَىٰهُ وَلَٰكِنۡ إِذَا دُعِيتُمۡ فَٱدۡخُلُواْ فَإِذَا طَعِمۡتُمۡ فَٱنتَشِرُواْ وَلَا مُسۡتَـٔۡنِسِينَ لِحَدِيثٍۚ إِنَّ ذَٰلِكُمۡ كَانَ يُؤۡذِي ٱلنَّبِيَّ فَيَسۡتَحۡيِۦ مِنكُمۡۖ وَٱللَّهُ لَا يَسۡتَحۡيِۦ مِنَ ٱلۡحَقِّۚ وَإِذَا سَأَلۡتُمُوهُنَّ مَتَٰعٗا فَسۡـَٔلُوهُنَّ مِن وَرَآءِ حِجَابٖۚ ذَٰلِكُمۡ أَطۡهَرُ لِقُلُوبِكُمۡ وَقُلُوبِهِنَّۚ وَمَا كَانَ لَكُمۡ أَن تُؤۡذُواْ رَسُولَ ٱللَّهِ وَلَآ أَن تَنكِحُوٓاْ أَزۡوَٰجَهُۥ مِنۢ بَعۡدِهِۦٓ أَبَدًاۚ إِنَّ ذَٰلِكُمۡ كَانَ عِندَ ٱللَّهِ عَظِيمًا ﴿53﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва амал ба шариати Паёмбараш кардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил машавед, магар шуморо ба хӯрдани таоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед, то таом ҳозир шавад. Агар шуморо даъват карданд, дохил шавед ва чун таом хӯрдед, пас аз хӯрдани таом пароканда гардед. На он ки дар он ҷо барои гуфтугӯ нишинед. Албатта, ин корҳо Паёмбарро озор медиҳад ва ӯ аз шумо шарм медорад аз гуфтане, ки «хезед ва биравед», бо вуҷуде, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Вале Аллоҳ аз гуфтани ҳақ ва изҳори он шарм намедорад. Ва агар аз занони Паёмбар чизе пурсидан хостед, аз пушти парда пурсед, ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст. Шуморо насазад, ки Паёмбари Аллоҳро биёзоред ва на он ки ҳамсарҳояшро баъд аз вай ҳаргиз ба занӣ гиред. Албатта, ин корҳо дар назди Аллоҳ гуноҳи бузурге аст.

33:54

إِن تُبۡدُواْ شَيۡـًٔا أَوۡ تُخۡفُوهُ فَإِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٗا ﴿54﴾

Эй мардум, агар чизеро аз озор додани паёмбар ошкор кунед ё дар дили худ махфӣ доред, пас дар ҳар ҳол Аллоҳ ба ҳар чизе, ки дар дилҳоятон ҳаст ё ошкор кардаед, огоҳ аст ва дар баробари он шуморо ҷазо медиҳад.

33:55

لَّا جُنَاحَ عَلَيۡهِنَّ فِيٓ ءَابَآئِهِنَّ وَلَآ أَبۡنَآئِهِنَّ وَلَآ إِخۡوَٰنِهِنَّ وَلَآ أَبۡنَآءِ إِخۡوَٰنِهِنَّ وَلَآ أَبۡنَآءِ أَخَوَٰتِهِنَّ وَلَا نِسَآئِهِنَّ وَلَا مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُنَّۗ وَٱتَّقِينَ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدًا ﴿55﴾

Занонро гуноҳе нест, агар дар назди падарону писарон ва бародарону бародарзодагон ва хоҳарзодагону занони ҳамдинашон ва ё канизони худашон бе ҳиҷоб бошанд. Ва бояд ки дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳар чизе ҳозиру нозир аст ва шоҳиди амалҳои зоҳирӣ ва ботинии бандагонаш мебошад.

33:56

إِنَّ ٱللَّهَ وَمَلَـٰٓئِكَتَهُۥ يُصَلُّونَ عَلَى ٱلنَّبِيِّۚ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ صَلُّواْ عَلَيۡهِ وَسَلِّمُواْ تَسۡلِيمًا ﴿56﴾

Ба таҳқиқ, Аллоҳ дар назди фариштагони муқаррабаш ва низ фариштагонаш ба Паёмбар салавот мефиристанд. Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва ба шариати Расулаш амал кардаед, бар ӯ салавот фиристед ва салом гӯед, саломи некӯ.

33:57

إِنَّ ٱلَّذِينَ يُؤۡذُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ لَعَنَهُمُ ٱللَّهُ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ وَأَعَدَّ لَهُمۡ عَذَابٗا مُّهِينٗا ﴿57﴾

Ҳароина, касоне, ки Аллоҳро бо ширку маъсият ва Паёмбарашро бо гуфтору кирдор озор медиҳанд, Аллоҳ дар дунё ва охират онҳоро лаънат карда ва аз тамоми хубиҳои дунё ва охират маҳрумашон гардонидааст ва барояшон дар охират азоби хоркунандае муҳайё кардааст.

33:58

وَٱلَّذِينَ يُؤۡذُونَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ بِغَيۡرِ مَا ٱكۡتَسَبُواْ فَقَدِ ٱحۡتَمَلُواْ بُهۡتَٰنٗا وَإِثۡمٗا مُّبِينٗا ﴿58﴾

Ва касоне, ки мардони мӯъмину занони мӯъминро бе ҳеҷ гуноҳе, ки карда бошанд, меозоранд, пас дар ҳақиқат, туҳмату гуноҳи ошкореро бар дӯш мебардоранд ва дар охират мустаҳиқи азоб мегарданд.

33:59

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ قُل لِّأَزۡوَٰجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَآءِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ يُدۡنِينَ عَلَيۡهِنَّ مِن جَلَٰبِيبِهِنَّۚ ذَٰلِكَ أَدۡنَىٰٓ أَن يُعۡرَفۡنَ فَلَا يُؤۡذَيۡنَۗ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمٗا ﴿59﴾

Эй Паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар сар пӯшанд, то сару рӯю сари синаҳо пӯшида бошанд. Ин муносибтар аст, то ба покдоманӣ шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Аллоҳ омурзандаи гуноҳони гузаштаи шумо аст ва ба шумо бисёр меҳрубон аст, ки бароятон ҳалолу ҳаромро равшан сохтааст.

33:60

لَّئِن لَّمۡ يَنتَهِ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ وَٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ وَٱلۡمُرۡجِفُونَ فِي ٱلۡمَدِينَةِ لَنُغۡرِيَنَّكَ بِهِمۡ ثُمَّ لَا يُجَاوِرُونَكَ فِيهَآ إِلَّا قَلِيلٗا ﴿60﴾

Агар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон шак ва шубҳа ва онҳое, ки дар Мадина овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд ва дар дили мӯъминон ваҳм меандозанд, аз кори бади худ боз наистанд, ҳароина, Мо туро бар онҳо ғолиб мегардонем, то аз он пас ҷуз андаке бо ту дар Мадина ҳамсоя набошанд.

33:61

مَّلۡعُونِينَۖ أَيۡنَمَا ثُقِفُوٓاْ أُخِذُواْ وَقُتِّلُواْ تَقۡتِيلٗا ﴿61﴾

Инҳо лаънатшудагонанд ва аз раҳмати Аллоҳ маҳруманд. Ҳар ҷо ёфта шаванд, бояд дастгир гарданд ва ба сахтӣ кушта шаванд, модоме, ки ба ғарази бадашон, хабарҳои бардурӯғро байни мусалмонон ривоҷ дода бар нифоқашон пойдору устуворанд.

33:62

سُنَّةَ ٱللَّهِ فِي ٱلَّذِينَ خَلَوۡاْ مِن قَبۡلُۖ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ ٱللَّهِ تَبۡدِيلٗا ﴿62﴾

Ин суннати илоҳӣ, (яъне, асир гирифтан ва куштани мунофиқон), ки дар миёни пешиниён ҷори будааст, ки ҳар куҷо ёфта шаванд, бояд асир гирифта шаванд ва ба сахтӣ кушта шаванд ва ҳаргиз ту эй Паёмбар, дар суннати илоҳӣ тағйире нахоҳӣ ёфт!

33:63

يَسۡـَٔلُكَ ٱلنَّاسُ عَنِ ٱلسَّاعَةِۖ قُلۡ إِنَّمَا عِلۡمُهَا عِندَ ٱللَّهِۚ وَمَا يُدۡرِيكَ لَعَلَّ ٱلسَّاعَةَ تَكُونُ قَرِيبًا ﴿63﴾

(Эй Муҳаммад саллалллоҳу алайҳи ва саллам, мардум) туро аз омадани қиёмат мепурсанд, бигӯ барояшон: «Ҳамоно маърифати он назди Аллоҳ аст». Ва ту чӣ медонӣ, эй Паёмбар, шояд омадани қиёмат наздик бошад?

33:64

إِنَّ ٱللَّهَ لَعَنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ وَأَعَدَّ لَهُمۡ سَعِيرًا ﴿64﴾

Албатта, Аллоҳ кофиронро лаънат карда ва аз раҳмати худаш онҳоро дар дунёву охират маҳрум сохтааст ва барояшон дар охират оташи сӯзоне муҳайё кардааст,

33:65

خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۖ لَّا يَجِدُونَ وَلِيّٗا وَلَا نَصِيرٗا ﴿65﴾

ки дар он оташ ҷовидонаанд ва ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳанд ёфт, ки онҳоро аз оташ берун оранд.

33:66

يَوۡمَ تُقَلَّبُ وُجُوهُهُمۡ فِي ٱلنَّارِ يَقُولُونَ يَٰلَيۡتَنَآ أَطَعۡنَا ٱللَّهَ وَأَطَعۡنَا ٱلرَّسُولَا۠ ﴿66﴾

Рӯзе, ки рӯйҳояшонро дар оташ давр занонанд, ҳасрату афсӯс хӯрда мегӯянд: «Эй кош, дар дунё Аллоҳ ва расулашро итоат мекардем ва аз аҳли ҷаннат мешудем!»

33:67

وَقَالُواْ رَبَّنَآ إِنَّآ أَطَعۡنَا سَادَتَنَا وَكُبَرَآءَنَا فَأَضَلُّونَا ٱلسَّبِيلَا۠ ﴿67﴾

Ва рӯзи қиёмат кофирон гуянд: «Эй Парвардигори мо, аз сарварону бузургони худ итоат кардем ва онон моро аз роҳи ҳақ ва имон дур карда гумроҳ карданд.

33:68

رَبَّنَآ ءَاتِهِمۡ ضِعۡفَيۡنِ مِنَ ٱلۡعَذَابِ وَٱلۡعَنۡهُمۡ لَعۡنٗا كَبِيرٗا ﴿68﴾

Эй Парвардигори мо, азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузурге гирифторашон соз!»

33:69

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ ءَاذَوۡاْ مُوسَىٰ فَبَرَّأَهُ ٱللَّهُ مِمَّا قَالُواْۚ وَكَانَ عِندَ ٱللَّهِ وَجِيهٗا ﴿69﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва ба шариати Расулаш амал кардаед, мабошед монанди он касон, ки Мӯсоро бо гуфтору кирдорашон озурда карданд ва Аллоҳ ӯро аз он айбе, ки барои ӯ дурӯғ гуфта буданд, пок сохт ва Мӯсо назди Аллоҳ обрӯманд буд.

33:70

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَقُولُواْ قَوۡلٗا سَدِيدٗا ﴿70﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳ имон овардаед ва ба шариати Расулаш амал кардаед, аз Аллоҳ битарсед, фармудаҳояшро ба ҷо оред ва аз манъкардашудаҳояш дур бошед, то муҷиби иқоби Ӯ нагардед ва сухани дуруст бигӯед, ки аз дурӯғу ботил пок бошад.

33:71

يُصۡلِحۡ لَكُمۡ أَعۡمَٰلَكُمۡ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۗ وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَقَدۡ فَازَ فَوۡزًا عَظِيمًا ﴿71﴾

Аллоҳ корҳои шуморо ба салоҳ меоварад ва гуноҳатонро меомӯрзад. Ва ҳар ки аз Аллоҳу Паёмбараш итоат кунад, пас дар ҳақиқат, дар дунёву охират ба комёбии бузурге ноил шудааст.

33:72

إِنَّا عَرَضۡنَا ٱلۡأَمَانَةَ عَلَى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱلۡجِبَالِ فَأَبَيۡنَ أَن يَحۡمِلۡنَهَا وَأَشۡفَقۡنَ مِنۡهَا وَحَمَلَهَا ٱلۡإِنسَٰنُۖ إِنَّهُۥ كَانَ ظَلُومٗا جَهُولٗا ﴿72﴾

Мо ин амонатро бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза доштем, пас онҳо аз таҳаммули он рӯй гардонданд ва аз он тарсиданд, ки шояд ин талабро ба ҷой оварда наметавонанд. Инсон ба нотавонии худ он амонатро бар душ гирифт, ки ҳароина, ӯ ситамкору нодон буд,

33:73

لِّيُعَذِّبَ ٱللَّهُ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱلۡمُنَٰفِقَٰتِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ وَٱلۡمُشۡرِكَٰتِ وَيَتُوبَ ٱللَّهُ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِۗ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمَۢا ﴿73﴾

то Аллоҳ мардони мунофиқу занони мунофиқ ва мардони мушрику занони мушрикро азоб кунад ва тавбаи мардони мӯъмину занони мӯъминро бипазирад, ки Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст, барои бандагоне, ки тавба мекунанд.

34:1

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَهُ ٱلۡحَمۡدُ فِي ٱلۡأٓخِرَةِۚ وَهُوَ ٱلۡحَكِيمُ ٱلۡخَبِيرُ ﴿1﴾

Ҳама ситоиш аз они Аллоҳест, ки ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, аз они Ӯст. Ва дар он ҷаҳон низ ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст.

34:2

يَعۡلَمُ مَا يَلِجُ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا يَخۡرُجُ مِنۡهَا وَمَا يَنزِلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ وَمَا يَعۡرُجُ فِيهَاۚ وَهُوَ ٱلرَّحِيمُ ٱلۡغَفُورُ ﴿2﴾

Ҳар чиро, ки дар замин аз қатраҳои об фурӯ шавад ва ҳар чиро, ки аз замин аз набототу маъданҳо ва чашмаҳо берун ояд ва ҳар чиро, ки аз осмон аз борону фариштаҳо ва китобҳо фуруд ояд ва ҳар чиро, ки бар осмон аз фариштаҳо ва амалҳои бандагон боло равад, медонад. Ва Ӯ бо бандагонаш меҳрубон аст ва тавбакунандагонро омурзанда аст!

34:3

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَأۡتِينَا ٱلسَّاعَةُۖ قُلۡ بَلَىٰ وَرَبِّي لَتَأۡتِيَنَّكُمۡ عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِۖ لَا يَعۡزُبُ عَنۡهُ مِثۡقَالُ ذَرَّةٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَآ أَصۡغَرُ مِن ذَٰلِكَ وَلَآ أَكۡبَرُ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٖ ﴿3﴾

Ва кофирон гуфтанд: «Моро қиёмат нахоҳад омад!» Бигӯ эй Расул барояшон: «Оре, савганд ба Парвардигорам, ки донандаи илми ғайб аст, албатта, қиёмат шуморо хоҳад омад ва лекин ба ҷуз Аллоҳ касе дигар вақти омаданашро намедонад, ҳеҷ чиз аз назари Аллоҳ ғоиб нест, агарчи ба қадри заррае бошад, дар осмонҳову замин, ҳатто он чи ки хурдтар аз зарра ё бузургтар аз он бошад, ҳама дар Китоби мубин омадааст»,

34:4

لِّيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِۚ أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَرِزۡقٞ كَرِيمٞ ﴿4﴾

то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, подош диҳад. Барои онҳост омӯрзиши гуноҳояшон ва ризқи некӯ, ки он ҷаннат аст.

34:5

وَٱلَّذِينَ سَعَوۡ فِيٓ ءَايَٰتِنَا مُعَٰجِزِينَ أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٞ مِّن رِّجۡزٍ أَلِيمٞ ﴿5﴾

Ва касоне, ки муборизакунон дар рад ва инкори оёти фиристодаи Мо саъю талош карданд ва гумон карданд, то Моро ба нотавонӣ оранд, барояшон азоби сахти дардовар аст.

34:6

وَيَرَى ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَ هُوَ ٱلۡحَقَّ وَيَهۡدِيٓ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَمِيدِ ﴿6﴾

Ва касоне, ки ба онҳо илм дода шудааст, медонанд, ки он чи аз ҷониби Парвардигорат бар ту аз ин Қуръон нозил шудааст, ҳақ аст ва ба роҳи Аллоҳи пирӯзманди сутудани роҳ менамояд.

34:7

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ هَلۡ نَدُلُّكُمۡ عَلَىٰ رَجُلٖ يُنَبِّئُكُمۡ إِذَا مُزِّقۡتُمۡ كُلَّ مُمَزَّقٍ إِنَّكُمۡ لَفِي خَلۡقٖ جَدِيدٍ ﴿7﴾

Ва касоне, ки кофир шудаанд, ба якдигар масхаракунон гуфтанд: «Оё мехоҳед ба марде далолататон кунем, ки шуморо хабар медиҳад»: «Он гоҳ ки пора-пора шавед ва узвҳоятон аз якдигар ҷудо шуда хок шаванд, албатта, аз нав офарида, хоҳед шуд?

34:8

أَفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَم بِهِۦ جِنَّةُۢۗ بَلِ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ فِي ٱلۡعَذَابِ وَٱلضَّلَٰلِ ٱلۡبَعِيدِ ﴿8﴾

Оё ин Муҳаммад бар Аллоҳ дурӯғ мебандад, ё девонааст»? На, Муҳаммад аз росттарин ростгӯйҳо аст, балки онон, ки ба охират имон надоранд, дар азобанд ва дар ҳаёти дунё сахт аз роҳи ҳақ дуранд.

34:9

أَفَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَىٰ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِن نَّشَأۡ نَخۡسِفۡ بِهِمُ ٱلۡأَرۡضَ أَوۡ نُسۡقِطۡ عَلَيۡهِمۡ كِسَفٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّكُلِّ عَبۡدٖ مُّنِيبٖ ﴿9﴾

Оё ин кофирон ба пеши рӯй ё пушти сари худ аз осмонҳову замин наменигаранд, ки ақлҳоро ба ҳайрат меандозад? Агар бихоҳем, онҳоро дар замин фурӯ мебарем, чуноне, ки ба Қорун кардем ё порчаи азоберо аз осмон бар сарашон меафканем, чуноне, ки ба қавми Шуъайб кардем. Албатта, дар ин барои ҳар бандае, ки ба сӯи Аллоҳ бо тавба бозмегардад, ибратест.

34:10

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا دَاوُۥدَ مِنَّا فَضۡلٗاۖ يَٰجِبَالُ أَوِّبِي مَعَهُۥ وَٱلطَّيۡرَۖ وَأَلَنَّا لَهُ ٱلۡحَدِيدَ ﴿10﴾

Ва дар ҳақиқат, Довудро аз сӯи худ фазилате додем, ки он паёмбарӣ, китоб ва илм буд, пас гуфтем: Эй кӯҳҳо ва эй парандагон, бо ӯ Маро дар тасбеҳ гуфтан ҳамовоз шавед. Ва оҳанро барояш монанди хамир мулоиму нарм кардем, то ҳар чӣ мехоҳад бо он бисозад.

34:11

أَنِ ٱعۡمَلۡ سَٰبِغَٰتٖ وَقَدِّرۡ فِي ٱلسَّرۡدِۖ وَٱعۡمَلُواْ صَٰلِحًاۖ إِنِّي بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ ﴿11﴾

Фармудем, Довудро, ки бисоз аз оҳан зиреҳҳои кушода ва андоза нигоҳ дор (яъне, пухтакорӣ кун) дар бофтани ҳалқаҳои зиреҳ. Ва эй Довуд, ҳамроҳи аҳли худ корҳои шоиста кунед, ки албатта, Ман ба корҳоятон биноам ва ҳеҷ чиз бар ман пӯшида намемонад!

34:12

وَلِسُلَيۡمَٰنَ ٱلرِّيحَ غُدُوُّهَا شَهۡرٞ وَرَوَاحُهَا شَهۡرٞۖ وَأَسَلۡنَا لَهُۥ عَيۡنَ ٱلۡقِطۡرِۖ وَمِنَ ٱلۡجِنِّ مَن يَعۡمَلُ بَيۡنَ يَدَيۡهِ بِإِذۡنِ رَبِّهِۦۖ وَمَن يَزِغۡ مِنۡهُمۡ عَنۡ أَمۡرِنَا نُذِقۡهُ مِنۡ عَذَابِ ٱلسَّعِيرِ ﴿12﴾

Ва барои Сулаймон бодро мусаххар кардем, ки субҳгоҳон масофаи як моҳро тай мекард ва шомгоҳон масофаи як моҳро. Ва чашмаи миси обшударо барояш ҷорӣ сохтем ва гурӯҳе аз ҷинҳо ба фармони Мо назди ӯ кор мекарданд ва агар яке аз онҳо аз фармони Мо сар мепечид, ба ӯ азоби оташи сӯзонро мечашонидем.

34:13

يَعۡمَلُونَ لَهُۥ مَا يَشَآءُ مِن مَّحَٰرِيبَ وَتَمَٰثِيلَ وَجِفَانٖ كَٱلۡجَوَابِ وَقُدُورٖ رَّاسِيَٰتٍۚ ٱعۡمَلُوٓاْ ءَالَ دَاوُۥدَ شُكۡرٗاۚ وَقَلِيلٞ مِّنۡ عِبَادِيَ ٱلشَّكُورُ ﴿13﴾

Сулаймон ҳар чӣ мехост, ҷинҳо барояш месохтанд: аз қасрҳову ибодатгоҳҳо ва суратҳо аз мис ва шиша ва косаҳое чун ҳавз ва дегҳои маҳками бар ҷой ва ба онҳо гуфтем: Эй хонадони Довуд, ба тоат амал кунед, шукри ин ҳама неъматҳоро ба ҷо оред. Ва андаке аз бандагони ман шукргузоранд.

34:14

فَلَمَّا قَضَيۡنَا عَلَيۡهِ ٱلۡمَوۡتَ مَا دَلَّهُمۡ عَلَىٰ مَوۡتِهِۦٓ إِلَّا دَآبَّةُ ٱلۡأَرۡضِ تَأۡكُلُ مِنسَأَتَهُۥۖ فَلَمَّا خَرَّ تَبَيَّنَتِ ٱلۡجِنُّ أَن لَّوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٱلۡغَيۡبَ مَا لَبِثُواْ فِي ٱلۡعَذَابِ ٱلۡمُهِينِ ﴿14﴾

Чун маргро бар ӯ (Сулаймон) муқаррар кардем, ҷинҳоро бар маргаш огоҳ насохт, магар кирми чӯбхорае, ки асояшро мехоид аз байн рафт ва шикаст. Пас, вақте ки Сулаймон биафтид, ҷинҳо фаҳмиданд, ки агар илми ғайбро медонистанд, ин қадар худро дар азоби хоркунанда намемонданд.

34:15

لَقَدۡ كَانَ لِسَبَإٖ فِي مَسۡكَنِهِمۡ ءَايَةٞۖ جَنَّتَانِ عَن يَمِينٖ وَشِمَالٖۖ كُلُواْ مِن رِّزۡقِ رَبِّكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لَهُۥۚ بَلۡدَةٞ طَيِّبَةٞ وَرَبٌّ غَفُورٞ ﴿15﴾

Мардуми Сабаъро, ки аз Яман буданд дар истиқоматгоҳашон ибрате буд: Ду боғ доштанд, яке аз ҷониби рост ва дигаре аз ҷониби чап. Аз он чи Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри Ӯ ба ҷой оваред. Аллоҳ шаҳри шуморо шаҳри хушу покиза қарор дод ва Парвардигор гуноҳи шуморо омурзандааст!

34:16

فَأَعۡرَضُواْ فَأَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ سَيۡلَ ٱلۡعَرِمِ وَبَدَّلۡنَٰهُم بِجَنَّتَيۡهِمۡ جَنَّتَيۡنِ ذَوَاتَيۡ أُكُلٍ خَمۡطٖ وَأَثۡلٖ وَشَيۡءٖ مِّن سِدۡرٖ قَلِيلٖ ﴿16﴾

Пас, онҳо аз амри Аллоҳ рӯй гардонданд ва шукрашро ба ҷо наоварданд. Мо низ сели вайронгарро бар онҳо фиристодем ва табдил додем ба ивази он ду боғе, ки доштанд ду боғи дигареро, ки меваҳояш бадмазза буд ва дарахти шӯрагаз дошт ва каму беш аз дарахти кукнор.

34:17

ذَٰلِكَ جَزَيۡنَٰهُم بِمَا كَفَرُواْۖ وَهَلۡ نُجَٰزِيٓ إِلَّا ٱلۡكَفُورَ ﴿17﴾

Онҳо, ки носипос буданд, инчунин ҷазояшон додем. Оё Мо ҷуз носипосонро ҷазо медиҳем?

34:18

وَجَعَلۡنَا بَيۡنَهُمۡ وَبَيۡنَ ٱلۡقُرَى ٱلَّتِي بَٰرَكۡنَا فِيهَا قُرٗى ظَٰهِرَةٗ وَقَدَّرۡنَا فِيهَا ٱلسَّيۡرَۖ سِيرُواْ فِيهَا لَيَالِيَ وَأَيَّامًا ءَامِنِينَ ﴿18﴾

Миёни онҳо (аҳли Сабаъ) ва деҳаҳое, ки баракат дода будем (ва он Шом аст), шаҳрҳое обод ва бо ҳам пайваста бар сари роҳ падид овардем. Ва манзилҳои баробар муайян кардем. Ва ба онҳо гуфтем: «Дар он роҳҳо боамну осоиштагӣ шабҳову рӯзҳо сафар кунед. Ва ҳеҷ хавфе намебаред аз душман ва на аз гуруснагӣ ва на аз ташнагӣ!»

34:19

فَقَالُواْ رَبَّنَا بَٰعِدۡ بَيۡنَ أَسۡفَارِنَا وَظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ فَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَحَادِيثَ وَمَزَّقۡنَٰهُمۡ كُلَّ مُمَزَّقٍۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّكُلِّ صَبَّارٖ شَكُورٖ ﴿19﴾

Бар худ ситам карданд ва аз роҳат ва эминӣ малолу дилтанг шуданд ва дарозии сафар ва дурӣ миёни ободиҳоро орзу намуданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, манзилгоҳҳои моро аз ҳам дур гардон!» Пас, Мо низ онҳоро барои ибрати дигарон афсонаҳое қарор додем ва сахт парокандаашон сохтем ва дар ин (аҳли Сабаъ) ибратҳост барои сабркунандагони сипосгузор!

34:20

وَلَقَدۡ صَدَّقَ عَلَيۡهِمۡ إِبۡلِيسُ ظَنَّهُۥ فَٱتَّبَعُوهُ إِلَّا فَرِيقٗا مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿20﴾

Шайтон гумони худро дар бораи онҳо (фарзандони Одам) дуруст ёфт, ки ӯ онҳоро гумроҳ мекунад ва онҳо ӯро зуд пайравӣ мекунанд. Пас, ба ҷуз гурӯҳе аз мӯъминон дигарон ба ӯ пайравӣ карданд.

34:21

وَمَا كَانَ لَهُۥ عَلَيۡهِم مِّن سُلۡطَٰنٍ إِلَّا لِنَعۡلَمَ مَن يُؤۡمِنُ بِٱلۡأٓخِرَةِ مِمَّنۡ هُوَ مِنۡهَا فِي شَكّٖۗ وَرَبُّكَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٍ حَفِيظٞ ﴿21﴾

Ва шайтон ҳеҷ салтанат ва қудрате бар онҳо надорад ва наметавонад онҳоро ба он чи мехоҳад, фармоиш диҳад, магар он ки мехостем маълум кунем, ки чӣ касоне ба қиёмат имон доранд ва чӣ касоне аз он дар шак ҳастанд. Ва Парвардигори ту нигаҳбони ҳар чизест!

34:22

قُلِ ٱدۡعُواْ ٱلَّذِينَ زَعَمۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَمۡلِكُونَ مِثۡقَالَ ذَرَّةٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا لَهُمۡ فِيهِمَا مِن شِرۡكٖ وَمَا لَهُۥ مِنۡهُم مِّن ظَهِيرٖ ﴿22﴾

Бигӯ эй Расул, барои мушрикон: «Бихонед касонеро, ки ҷуз Аллоҳи якто маъбуд мепиндоред!» Онҳо молики заррае, дар осмонҳову замин нестанд ва дар офариниш ва тадбири он ду (яъне, осмону замин) ширкате надоранд ва Ӯ (Аллоҳ) аз миёни онҳо ёвар ва пуштибоне надорад, балки Аллоҳ худ дар офариниш якто аст ва шарике надорад, инчунин дар ибодати Ӯ касе шарик нест ва ба ҷуз Ӯ касе лоиқи парастиш нест.

34:23

وَلَا تَنفَعُ ٱلشَّفَٰعَةُ عِندَهُۥٓ إِلَّا لِمَنۡ أَذِنَ لَهُۥۚ حَتَّىٰٓ إِذَا فُزِّعَ عَن قُلُوبِهِمۡ قَالُواْ مَاذَا قَالَ رَبُّكُمۡۖ قَالُواْ ٱلۡحَقَّۖ وَهُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡكَبِيرُ ﴿23﴾

Шафоат назди Аллоҳ фоида накунад, магар барои касе, ки Ӯ, Худ иҷозат диҳад. Ва аз нишонаҳои бузургӣ ва азамати Парвардигор ин аст, ки ҳар вақте ки Ӯ таоло ба ваҳй сухан гӯяд, аҳли осмонҳо аз тарси Ӯ таоло беҳуш шаванд, пас чун он тарс аз дилҳояшон равад, аз якдигар пурсанд: Парвардигоратон чӣ гуфт? Гӯянд фариштагон: Сухани ҳақ гуфт. Ва Ӯ таоло баландмартаба ва дорои сифатҳои бузург аст!»

34:24

قُلۡ مَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ قُلِ ٱللَّهُۖ وَإِنَّآ أَوۡ إِيَّاكُمۡ لَعَلَىٰ هُدًى أَوۡ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ ﴿24﴾

Бигӯ эй Расул, барои мушрикон: «Аз осмонҳову замин чӣ касе, ба шумо рӯзӣ медиҳад?», ҳатман иқрор шуда бигӯянд, ки Аллоҳи якто ва агар мункир шаванд, ту барояшон бигӯ: «Аллоҳи якто». Дар ҳақиқат ё мо (паёмбар ва мӯъминон), ё шумо (мушрикон) дар роҳи ҳидоят ҳастем, ё дар гумроҳии ошкор.

34:25

قُل لَّا تُسۡـَٔلُونَ عَمَّآ أَجۡرَمۡنَا وَلَا نُسۡـَٔلُ عَمَّا تَعۡمَلُونَ ﴿25﴾

Бигӯ: «Агар мо гуноҳе кунем, шуморо бозхост намекунанд ва агар шумо гуноҳе, кардед, моро бозхост нахоҳанд кард», ҳақиқатан мо аз худи шумо ва куфратон безор ҳастем.

34:26

قُلۡ يَجۡمَعُ بَيۡنَنَا رَبُّنَا ثُمَّ يَفۡتَحُ بَيۡنَنَا بِٱلۡحَقِّ وَهُوَ ٱلۡفَتَّاحُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿26﴾

Бигӯ: «Парвардигорамон мову шуморо рӯзи қиёмат гирд меоварад, сипас миёни мо ба ҳақ доварӣ мекунад. Зеро Ӯст ҳукмкунандаву доно!»

34:27

قُلۡ أَرُونِيَ ٱلَّذِينَ أَلۡحَقۡتُم بِهِۦ شُرَكَآءَۖ كَلَّاۚ بَلۡ هُوَ ٱللَّهُ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿27﴾

Бигӯ: «Онҳоеро, ки шарики Аллоҳ пиндоштед, ба ман нишон бидиҳед, оё чизеро офаридаанд?! Ҳаргиз наметавонанд, Ӯ Аллоҳ пирӯзманди ҳаким аст, ки бар ҳама чиз ғолиб аст ва дар гуфтор, кирдор ва тадбири халқаш бо ҳикмат аст!»

34:28

وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا كَآفَّةٗ لِّلنَّاسِ بَشِيرٗا وَنَذِيرٗا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿28﴾

Туро эй Расул, ба паёмбарӣ фиристодем, бар ҳамаи мардум: муждадиҳандаву бимдиҳанда. Вале бештари мардум намедонанд, ки ту барои ҳамаи мардум фиристода шудаӣ ва ба сабаби саркашиашон аз ҳақ рӯй мегардонад.

34:29

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿29﴾

Ва мушрикон масхараомезона мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда, ки шумо ба мо медиҳед, Аллоҳ моро дар қиёмат ҷамъ меоварад ва баъд аз он байни мо доварӣ мекунад, чӣ вақт фаро мерасад?»

34:30

قُل لَّكُم مِّيعَادُ يَوۡمٖ لَّا تَسۡتَـٔۡخِرُونَ عَنۡهُ سَاعَةٗ وَلَا تَسۡتَقۡدِمُونَ ﴿30﴾

Бигӯ барояшон эй Расул: "Он рӯз, ки ваъдагоҳи шумост, ҳатман омаданист, на соате аз он таъхир мекунед ва на соате аз он пеш меафтед, пас аз он руз дар ҳазар бошед ва омода шавед".

34:31

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَن نُّؤۡمِنَ بِهَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ وَلَا بِٱلَّذِي بَيۡنَ يَدَيۡهِۗ وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلظَّـٰلِمُونَ مَوۡقُوفُونَ عِندَ رَبِّهِمۡ يَرۡجِعُ بَعۡضُهُمۡ إِلَىٰ بَعۡضٍ ٱلۡقَوۡلَ يَقُولُ ٱلَّذِينَ ٱسۡتُضۡعِفُواْ لِلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُواْ لَوۡلَآ أَنتُمۡ لَكُنَّا مُؤۡمِنِينَ ﴿31﴾

Ва кофирон гуфтанд: «Мо ҳаргиз, на ба ин Қуръон имон меоварем ва на ба китобҳои пеш аз он (Таврот, Инҷил ва Забур)!» Агар бубинӣ эй Расул, он рӯз, ки ситамкоронро барои ҳисобрасӣ ба пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ доранд, ҳар кас гуноҳи худ ба гардани дигаре андозад. Нотавонон ба қудратмандон гӯянд: «Агар шумо намебудед, мо ба Аллоҳу расулаш имон оварда будем».

34:32

قَالَ ٱلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُواْ لِلَّذِينَ ٱسۡتُضۡعِفُوٓاْ أَنَحۡنُ صَدَدۡنَٰكُمۡ عَنِ ٱلۡهُدَىٰ بَعۡدَ إِذۡ جَآءَكُمۖ بَلۡ كُنتُم مُّجۡرِمِينَ ﴿32﴾

Қудратмандон ба нотавонон гӯянд: «Оё аз он пас, ки шуморо ба роҳи ҳидоят фаро хонданд, мо шуморо боздоштем? На, балки шумо худ гунаҳкор будед, зеро бо ихтиёри худ куфрро пазируфтед!»

34:33

وَقَالَ ٱلَّذِينَ ٱسۡتُضۡعِفُواْ لِلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُواْ بَلۡ مَكۡرُ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ إِذۡ تَأۡمُرُونَنَآ أَن نَّكۡفُرَ بِٱللَّهِ وَنَجۡعَلَ لَهُۥٓ أَندَادٗاۚ وَأَسَرُّواْ ٱلنَّدَامَةَ لَمَّا رَأَوُاْ ٱلۡعَذَابَۚ وَجَعَلۡنَا ٱلۡأَغۡلَٰلَ فِيٓ أَعۡنَاقِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۖ هَلۡ يُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ﴿33﴾

Нотавонон ба қудратмандон гӯянд: «На, балки шумо шабу рӯз ҳила мекардед, он гоҳ ки моро фармон медодед, ки ба Аллоҳи барҳақ кофир шавем ва барои Ӯ шариконе қарор диҳем!» Ва чун азобро бубинанд, ҳарду гурӯҳ дар дил пушаймонӣ кунанд. Ва Мо ғулҳоро (тавқҳои азобро) бар гардани кофирон бигузорем. Оё на чунин аст, ки дар баробари аъмолашон ҷазо дода мешаванд?

34:34

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا فِي قَرۡيَةٖ مِّن نَّذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتۡرَفُوهَآ إِنَّا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ ﴿34﴾

Мо ҳеҷ бимдиҳандае ба деҳае нафиристодем, ҷуз он ки тавонгарони он бо айшу ишраташ гуфтанд: «Эй паёмбарон, бегумон мо ба он чи шуморо ба он фиристодаанд, имон намеоварем».

34:35

وَقَالُواْ نَحۡنُ أَكۡثَرُ أَمۡوَٰلٗا وَأَوۡلَٰدٗا وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ ﴿35﴾

Ва гуфтанд: «Амволу авлоди мо аз ҳама бештар аст ва Аллоҳ барои мо аз ризогии худ ато намудааст, касе моро дар дунёву охират азоб накунад».

34:36

قُلۡ إِنَّ رَبِّي يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿36﴾

Эй Расул, барояшон бигӯ: «Парвардигори ман ризқи ҳар касро, ки бихоҳад, дар дунё фаровон мекунад ва бар ҳар кӣ бихоҳад, танг мегирад. Ва ин аз барои имтиҳон аст, на барои дӯстӣ ва на бадбинӣ. Вале бештари мардум намедонанд».

34:37

وَمَآ أَمۡوَٰلُكُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُكُم بِٱلَّتِي تُقَرِّبُكُمۡ عِندَنَا زُلۡفَىٰٓ إِلَّا مَنۡ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَأُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ جَزَآءُ ٱلضِّعۡفِ بِمَا عَمِلُواْ وَهُمۡ فِي ٱلۡغُرُفَٰتِ ءَامِنُونَ ﴿37﴾

Амволу авлодатон чизе нест, ки шуморо ба Мо наздик созад. Магар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки подоши инҳо ба сабаби аъмолашон чанд баробар аст ва эмин дар ғурфаҳои биҳишт ҳастанд.

34:38

وَٱلَّذِينَ يَسۡعَوۡنَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا مُعَٰجِزِينَ أُوْلَـٰٓئِكَ فِي ٱلۡعَذَابِ مُحۡضَرُونَ ﴿38﴾

Касоне, ки муборизакунон дар инкори оёти Мо талош мекунанд ва мепиндоранд, ки аз Мо гурезанд, онҳо дар азоб ҳозир карда мешаванд.

34:39

قُلۡ إِنَّ رَبِّي يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦ وَيَقۡدِرُ لَهُۥۚ وَمَآ أَنفَقۡتُم مِّن شَيۡءٖ فَهُوَ يُخۡلِفُهُۥۖ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلرَّـٰزِقِينَ ﴿39﴾

Эй Расул, барои фирефташудагон ба молу фарзанд бигӯ: «Парвардигори ман ба ҳикмату дониши худ ризқи ҳар кӣ аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё ӯро ба тангӣ меафканад». Ва агар чизе садақа кунед, ивазашро дар охират хоҳад дод ва Ӯ таоло беҳтарини ризқдиҳандагон аст!

34:40

وَيَوۡمَ يَحۡشُرُهُمۡ جَمِيعٗا ثُمَّ يَقُولُ لِلۡمَلَـٰٓئِكَةِ أَهَـٰٓؤُلَآءِ إِيَّاكُمۡ كَانُواْ يَعۡبُدُونَ ﴿40﴾

Ба ёд ор эй Расул, рӯзе, ки Аллоҳ ҳамаро аз мушрикон ва малоикапарастон гирд оварад. Адлоҳ, он гоҳ малоикаҳоро гӯяд: «Оё инҳо буданд, ки шуморо мепарастиданд?

34:41

قَالُواْ سُبۡحَٰنَكَ أَنتَ وَلِيُّنَا مِن دُونِهِمۖ بَلۡ كَانُواْ يَعۡبُدُونَ ٱلۡجِنَّۖ أَكۡثَرُهُم بِهِم مُّؤۡمِنُونَ ﴿41﴾

Малоикаҳо мегӯянд: «Ту покӣ. Ту сарпараст ва корсози мо ҳастӣ, балки ин мушрикон ҷинҳоро мепарастиданд ва аксарашон ба онҳо имон доштанд».

34:42

فَٱلۡيَوۡمَ لَا يَمۡلِكُ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٖ نَّفۡعٗا وَلَا ضَرّٗا وَنَقُولُ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ ذُوقُواْ عَذَابَ ٱلنَّارِ ٱلَّتِي كُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ ﴿42﴾

Имрӯз дар қиёмат ҳеҷ як аз шумо наметавонад барои дигаре фоидаву зиёне дошта бошад. Ва ба ситамкорон гӯем: «Бичашед азоби оташро, ки дурӯғаш мепиндоштед!»

34:43

وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٖ قَالُواْ مَا هَٰذَآ إِلَّا رَجُلٞ يُرِيدُ أَن يَصُدَّكُمۡ عَمَّا كَانَ يَعۡبُدُ ءَابَآؤُكُمۡ وَقَالُواْ مَا هَٰذَآ إِلَّآ إِفۡكٞ مُّفۡتَرٗىۚ وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٞ ﴿43﴾

Чун оёти равшани Мо бар он кофирони Макка хонда шуд, гуфтанд: «Ин Муҳаммад мардест, ки мехоҳад шуморо аз он чи падаронатон мепарастиданд, боздорад». Ва гуфтанд: «Ин Қуръон ҷуз дурӯғе ба ҳам бофта чизи дигаре нест!» Ва касоне, ки ба Аллоҳ кофир шуда буданд, чун сухани ҳақ бар онҳо нозил шуд, гуфтанд: «Ин чизе ҷуз ҷодуе ошкор нест!»

34:44

وَمَآ ءَاتَيۡنَٰهُم مِّن كُتُبٖ يَدۡرُسُونَهَاۖ وَمَآ أَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡهِمۡ قَبۡلَكَ مِن نَّذِيرٖ ﴿44﴾

Пеш аз ин китобҳое, ки онро бихонанд, ба он мушрикони араб надодаем ва пеш аз ту эй Расул, бимдиҳандае бар онҳо нафиристодаем.

34:45

وَكَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَمَا بَلَغُواْ مِعۡشَارَ مَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ فَكَذَّبُواْ رُسُلِيۖ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ ﴿45﴾

Ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, (мисли Оду Самуд) паёмбаронро дурӯғгӯ хонданд ва ин аҳли Макка худ ба даҳяки он чи ба онҳо дода будем, аз мол, қувват ва умр нарасидаанд ва бо ин ҳол паёмбарони Маро дурӯғгӯй шумориданд. Пас, уқубати Ман чӣ гуна буд!