Сура Saba 34:15
لَقَدۡ كَانَ لِسَبَإٖ فِي مَسۡكَنِهِمۡ ءَايَةٞۖ جَنَّتَانِ عَن يَمِينٖ وَشِمَالٖۖ كُلُواْ مِن رِّزۡقِ رَبِّكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لَهُۥۚ بَلۡدَةٞ طَيِّبَةٞ وَرَبٌّ غَفُورٞ ﴿١٥﴾
◉
Тарҷума
Мардуми Сабаъро, ки аз Яман буданд дар истиқоматгоҳашон ибрате буд: Ду боғ доштанд, яке аз ҷониби рост ва дигаре аз ҷониби чап. Аз он чи Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри Ӯ ба ҷой оваред. Аллоҳ шаҳри шуморо шаҳри хушу покиза қарор дод ва Парвардигор гуноҳи шуморо омурзандааст!
Дар маҳалли сукунати [қавми] «Сабаъ» ду боғ [бузург] аз рост ва чап [қарор дошт], ки нишонае [аз қудрат ва бахшиши илоҳӣ] буд. [Ба онон гуфтем] «Аз рӯзии Парвардигоратон бихӯред ва шукргузораш бошед, [ки] сарзамине пок ва Парвардигоре омурзанда [доред]
Мардуми Саборо дар масканҳояшон ибрате буд: ду бӯстон доштанд, яке аз ҷониби рост ва яке аз ҷониби чап. Аз он чӣ Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри Ӯ ба ҷой оваред. Шаҳре хушу покиза ва Парвардигоре бахшоянда!