quranm◉

Саҳифа 216

Range
from 10:62 to 10:70
Surahs covered
Тарҷума
9 Тарҷума

◉

10:62

أَلَآ إِنَّ أَوۡلِيَآءَ ٱللَّهِ لَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ﴿62﴾

Огоҳ бошед, ки бар дӯстони Аллоҳ биме нест ва ғамгин намешаванд.

10:63

ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ ﴿63﴾

Ва аз сифати дӯстони Аллоҳ ин аст, ки имон ба Аллоҳ оварданд ва расули Ӯро пайравӣ намуданд ва бинобар иҷро намудани амрҳояш ва дур будан аз маъсияташ аз Аллоҳ метарсанд.

10:64

لَهُمُ ٱلۡبُشۡرَىٰ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۚ لَا تَبۡدِيلَ لِكَلِمَٰتِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ﴿64﴾

Барои дӯстони Аллоҳ дар зиндагии дунё ва охират башорат аст. Сухани Аллоҳ дигаргун намешавад. Ин аст комёбии бузург!

10:65

وَلَا يَحۡزُنكَ قَوۡلُهُمۡۘ إِنَّ ٱلۡعِزَّةَ لِلَّهِ جَمِيعًاۚ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿65﴾

Сухани мушрикон туро эй Расул, ғамгин насозад. Зеро иззат комилан аз они Аллоҳ аст. Ӯ шунавову огоҳ аст.

10:66

أَلَآ إِنَّ لِلَّهِ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِۗ وَمَا يَتَّبِعُ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ شُرَكَآءَۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنۡ هُمۡ إِلَّا يَخۡرُصُونَ ﴿66﴾

Огоҳ бошед, ки аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳо аст (аз фариштагон) ва ҳар чӣ дар замин аст (аз инсу ҷин ва ғайра) ва онон, ки ғайр аз Аллоҳ шариконеро фарёд мекунанд ғайр аз гумон чизи дигареро пайравӣ намекунанд ва корашон ғайр аз тахмин ва дурӯғ гуфтан чизи дигаре нест.

10:67

هُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ لِتَسۡكُنُواْ فِيهِ وَٱلنَّهَارَ مُبۡصِرًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَسۡمَعُونَ ﴿67﴾

Уст, ки шабро бароятон падид овард, то дар он орому роҳат ёбед ва рӯзро равшан кард, то дар он бубинед ва ризқу рӯзии зиндагиатонро дарёбед. Албатта, дар инҳо барои мардуме, ки мешунаванд, нишонаҳоест бар ваҳдонияти Аллоҳ, ки Ӯст сазовори ибодат!

10:68

قَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدٗاۗ سُبۡحَٰنَهُۥۖ هُوَ ٱلۡغَنِيُّۖ لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ إِنۡ عِندَكُم مِّن سُلۡطَٰنِۭ بِهَٰذَآۚ أَتَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ ﴿68﴾

Мушрикон гуфтанд: «Аллоҳ фарзанде гирифтааст». (Мисли гуфтаашон: фариштагон духтарони Аллоҳанд ё ки Исо писари Аллоҳ аст) Пок аст! Аллоҳ аз ин гуфтаҳо ва бениёз аст! Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст! Шуморо бар он сухани бофтаатон далеле нест. Чаро дар бораи Аллоҳ чизҳое мегӯед, ки ба он огоҳ нестед?

10:69

قُلۡ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ لَا يُفۡلِحُونَ ﴿69﴾

Бигӯ: «Онҳо, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, наҷот намеёбанд.

10:70

مَتَٰعٞ فِي ٱلدُّنۡيَا ثُمَّ إِلَيۡنَا مَرۡجِعُهُمۡ ثُمَّ نُذِيقُهُمُ ٱلۡعَذَابَ ٱلشَّدِيدَ بِمَا كَانُواْ يَكۡفُرُونَ ﴿70﴾

Ба сабаби куфру дурӯғашон дар дунё, фоидаи андакест, сипас бозгашташон ба сӯи Мост. Он гоҳ ба сабаби куфре, ки меварзиданд, Мо азоби сахтеро ба онон мечашонем.