quranm◉

Саҳифа 220

Range
from 10:98 to 10:106
Surahs covered
Тарҷума
9 Тарҷума

◉

10:98

فَلَوۡلَا كَانَتۡ قَرۡيَةٌ ءَامَنَتۡ فَنَفَعَهَآ إِيمَٰنُهَآ إِلَّا قَوۡمَ يُونُسَ لَمَّآ ءَامَنُواْ كَشَفۡنَا عَنۡهُمۡ عَذَابَ ٱلۡخِزۡيِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَمَتَّعۡنَٰهُمۡ إِلَىٰ حِينٖ ﴿98﴾

Имон овардани ҳеҷ қавме ва миллате, дар вақти фуруд омадани азоби Парвардигор барояшон фоидае надод, магар қавми Юнус, ки чун имон оварданд азоби хоркунандаро дар дунё аз онон бардоштем ва эшонро то замони муайяне аз зиндагии дунё бархурдор кардем.

10:99

وَلَوۡ شَآءَ رَبُّكَ لَأٓمَنَ مَن فِي ٱلۡأَرۡضِ كُلُّهُمۡ جَمِيعًاۚ أَفَأَنتَ تُكۡرِهُ ٱلنَّاسَ حَتَّىٰ يَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ ﴿99﴾

Эй Расул, агар Парвардигори ту бихоҳад, ҳамаи касоне, ки дар рӯи заминанд, имон меоваранд. Лекин Ӯро дар ин ҳикматест; касеро бихоҳад ҳидоят мекунад ва касеро бихоҳад мувофиқи ҳикматаш гумроҳ месозад. Оё ту мардумро маҷбурӣ вомедорӣ, ки имон биёваранд?

10:100

وَمَا كَانَ لِنَفۡسٍ أَن تُؤۡمِنَ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ وَيَجۡعَلُ ٱلرِّجۡسَ عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يَعۡقِلُونَ ﴿100﴾

Бе ҳукми Аллоҳ ҳеҷ кас наметавонад имон биёварад. Ва азобро бар касоне, ки хиради хеш ба кор намебаранд, муқаррар мекунад.

10:101

قُلِ ٱنظُرُواْ مَاذَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَمَا تُغۡنِي ٱلۡأٓيَٰتُ وَٱلنُّذُرُ عَن قَوۡمٖ لَّا يُؤۡمِنُونَ ﴿101﴾

Бигӯ эй Расул, барои қавми худ: «Бингаред ва ибрат бигиред, аз чизҳое, ки дар осмонҳову замин аст аз нишонаҳои Парвардигор!» Ва ин оёту ҳушдориҳо қавмеро, ки имон намеоваранд, суде намебахшад!

10:102

فَهَلۡ يَنتَظِرُونَ إِلَّا مِثۡلَ أَيَّامِ ٱلَّذِينَ خَلَوۡاْ مِن قَبۡلِهِمۡۚ قُلۡ فَٱنتَظِرُوٓاْ إِنِّي مَعَكُم مِّنَ ٱلۡمُنتَظِرِينَ ﴿102﴾

Оё ҷуз ин аст, ки интизории рӯзеро мекашанд, монанди рӯзҳое, ки пешиниёнашон мунтазираш буданд? Бигӯ эй Расул: «Интизорӣ бикашед, азоби Аллоҳро, ки ман низ бо шумо мунтазирам!»

10:103

ثُمَّ نُنَجِّي رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۚ كَذَٰلِكَ حَقًّا عَلَيۡنَا نُنجِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿103﴾

Он гоҳ паёмбаронамон ва касонеро, ки имон овардаанд, аз азоби Худ наҷот медиҳем. Зеро бар Мо лозим аст, ки аз фазлу карами Худ мӯъминонро наҷот диҳем. Чунон ки паёмбарони гузаштаро бо ҳамроҳи имоноварандагонашон наҷот додем.

10:104

قُلۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِن كُنتُمۡ فِي شَكّٖ مِّن دِينِي فَلَآ أَعۡبُدُ ٱلَّذِينَ تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِنۡ أَعۡبُدُ ٱللَّهَ ٱلَّذِي يَتَوَفَّىٰكُمۡۖ وَأُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿104﴾

Бигӯ эй Расул: «Эй мардум, агар шумо дар ҳақ будани дини ман шак доред, ман чизҳоеро (аз бутон), ки ба ҷои Аллоҳ мепарастед, намепарастам. Ман Аллоҳро мепарастам, ки шуморо мемиронад ва амр шудаам, ки аз мӯъминон бошам!»

10:105

وَأَنۡ أَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفٗا وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ﴿105﴾

Ва эй Паёмбар ба дини ислом ва яктопарастӣ рӯй овар ва аз мушрикон мабош, ки дар ибодати Парвардиюрашон шариконеро муқаррар сохтанд ва худро ба он сабаб ҳалок сохтанд!

10:106

وَلَا تَدۡعُ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُكَ وَلَا يَضُرُّكَۖ فَإِن فَعَلۡتَ فَإِنَّكَ إِذٗا مِّنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿106﴾

Ба ҷои Аллоҳ чизеро, ки ба ту на фоида мерасонад ва на зиён, махон (яъне ибодат макун онҳоро ба умеди фоида дидан ва ё хавф бурдан аз онҳо)! Агар чунин кунӣ, аз ситамкорон (аз мушрикон) хоҳӣ буд.