وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱتَّبِعُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ قَالُواْ بَلۡ نَتَّبِعُ مَآ أَلۡفَيۡنَا عَلَيۡهِ ءَابَآءَنَآۚ أَوَلَوۡ كَانَ ءَابَآؤُهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ شَيۡـٔٗا وَلَا يَهۡتَدُونَ ﴿170﴾وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱتَّبِعُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ قَالُواْ بَلۡ نَتَّبِعُ مَآ أَلۡفَيۡنَا عَلَيۡهِ ءَابَآءَنَآۚ أَوَلَوۡ كَانَ ءَابَآؤُهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ شَيۡـٔٗا وَلَا يَهۡتَدُونَ
Чун ба онҳо мӯъминон гӯянд, ки ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, пайравӣ кунед, гӯянд: «На, мо ба ҳамон роҳе меравем, ки падаронамон мерафтанд». (яъне мушрикон) Оё пайравии падаронашон мекунанд, агар падаронашон бефаҳму гумроҳ бошанд?
وَمَثَلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ كَمَثَلِ ٱلَّذِي يَنۡعِقُ بِمَا لَا يَسۡمَعُ إِلَّا دُعَآءٗ وَنِدَآءٗۚ صُمُّۢ بُكۡمٌ عُمۡيٞ فَهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ ﴿171﴾وَمَثَلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ كَمَثَلِ ٱلَّذِي يَنۡعِقُ بِمَا لَا يَسۡمَعُ إِلَّا دُعَآءٗ وَنِدَآءٗۚ صُمُّۢ بُكۡمٌ عُمۡيٞ فَهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ
Мисоли кофирон ва доъиёни онҳо ба сӯи ҳидоят ва имон мисли чӯпонест, ки ба чорпоён дод мезанад ва бим мекунад ва ҳол он ки чорпо маънои каломашро намефаҳмад, ҷуз нидо ва садои овозро. Ин кофирон ношунаво ҳастанд, садои ҳақро намешунаванд, гунгонанд забонашон ба ҳақ нутқ намезанад ва кӯронанд аз дидани роҳи ҳақ ва ақлҳояшон ба нафъашон кор намеқунад.
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لِلَّهِ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ ﴿172﴾يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لِلَّهِ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ
Эй касоне, имон овардаед, аз он чизҳои покизаи болаззати ҳалол, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва мабошед ба монанди кофироне, ки покизаҳоро ҳаром меҳисобанд ва палидиҳоро ҳалол мешуморанд. Ва шукри неъматҳои бузурги Аллоҳ, бо дил ва забон кунед. Агар шумо амри Ӯро ба ҷо оварда бошед ва танҳо Ӯро ибодат кунед ва ба Ӯ шарик наоред.
إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحۡمَ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ بِهِۦ لِغَيۡرِ ٱللَّهِۖ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغٖ وَلَا عَادٖ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ﴿173﴾إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحۡمَ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ بِهِۦ لِغَيۡرِ ٱللَّهِۖ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغٖ وَلَا عَادٖ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ
Албатта Аллоҳ бар шумо ҳаром гардонидааст, он чизеро ки бар шумо зарар меорад, ба монанди худмурда, хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки дар вақти забҳ номи ғайри Аллоҳ бар он бихонанд. Ва аз фазлу раҳмати Аллоҳ аст бар шумо, ки мубоҳ гардонид хӯрдани чизҳои ҳаромшударо, ҳангоме ки маҷбур шавад, ба қадри зарурат ва аз ҳад нагузаронад, пас бар вай гуноҳе нест. Ба дурустӣ, Аллоҳ омурзанда ва бахшоянда аст!
إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكۡتُمُونَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَشۡتَرُونَ بِهِۦ ثَمَنٗا قَلِيلًا أُوْلَـٰٓئِكَ مَا يَأۡكُلُونَ فِي بُطُونِهِمۡ إِلَّا ٱلنَّارَ وَلَا يُكَلِّمُهُمُ ٱللَّهُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَلَا يُزَكِّيهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ﴿174﴾إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكۡتُمُونَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَشۡتَرُونَ بِهِۦ ثَمَنٗا قَلِيلًا أُوْلَـٰٓئِكَ مَا يَأۡكُلُونَ فِي بُطُونِهِمۡ إِلَّا ٱلنَّارَ وَلَا يُكَلِّمُهُمُ ٱللَّهُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَلَا يُزَكِّيهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Онон, ки пинҳон медоранд аз сифатҳои Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ҳақиқатҳои дигареро, ки Аллоҳ дар китоб нозил кардааст ва онро бо баҳои андаке аз моли дунё мефурӯшанд. Ба ивази ин корашон дар рӯзи қиёмат шикамҳои худро аз оташ пур месозанд. Аллоҳ ба онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро пок намесозад ва барои онҳо азоби аламнок аст.
أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱشۡتَرَوُاْ ٱلضَّلَٰلَةَ بِٱلۡهُدَىٰ وَٱلۡعَذَابَ بِٱلۡمَغۡفِرَةِۚ فَمَآ أَصۡبَرَهُمۡ عَلَى ٱلنَّارِ ﴿175﴾أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱشۡتَرَوُاْ ٱلضَّلَٰلَةَ بِٱلۡهُدَىٰ وَٱلۡعَذَابَ بِٱلۡمَغۡفِرَةِۚ فَمَآ أَصۡبَرَهُمۡ عَلَى ٱلنَّارِ
Инҳо гумроҳиро ба ҷои ҳидоят ва азобро ба ҷои омӯрзиш хариданд. Чӣ гуна ҷуръат мекунанд ба сабр кардан дар оташи дӯзах?! Аллоҳ аз ин иқдомашон дар тааҷҷуб мешавад. Пас, эй одамон, аз ҷуръат ва сабри онон тааҷҷуб кунед.
ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ نَزَّلَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّۗ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ ٱخۡتَلَفُواْ فِي ٱلۡكِتَٰبِ لَفِي شِقَاقِۭ بَعِيدٖ ﴿176﴾ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ نَزَّلَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّۗ وَإِنَّ ٱلَّذِينَ ٱخۡتَلَفُواْ فِي ٱلۡكِتَٰبِ لَفِي شِقَاقِۭ بَعِيدٖ
Ин азоберо, ки онон сазовор шуданд, ба сабаби он аст, ки ба китоби бар паёмбараш фуруд овардаи Аллоҳ кофир шуданд. Ва онон, ки дар китоб ихтилоф карданд ва ба баъзе китоб имон оварданд ва ба баъзеаш куфр оварданд, ҳамоно онҳо дар мухолифати дур аз ҳақ ҳастанд.