quranm◉

Сура Al-Baqarah 2:171

وَمَثَلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ كَمَثَلِ ٱلَّذِي يَنۡعِقُ بِمَا لَا يَسۡمَعُ إِلَّا دُعَآءٗ وَنِدَآءٗۚ صُمُّۢ بُكۡمٌ عُمۡيٞ فَهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ ﴿١٧١﴾

◉

Тарҷума

Мисоли кофирон ва доъиёни онҳо ба сӯи ҳидоят ва имон мисли чӯпонест, ки ба чорпоён дод мезанад ва бим мекунад ва ҳол он ки чорпо маънои каломашро намефаҳмад, ҷуз нидо ва садои овозро. Ин кофирон ношунаво ҳастанд, садои ҳақро намешунаванд, гунгонанд забонашон ба ҳақ нутқ намезанад ва кӯронанд аз дидани роҳи ҳақ ва ақлҳояшон ба нафъашон кор намеқунад.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Масали [даъвати ту – эй Муҳаммад – барои ҳидояти ин] кофирон ҳамчун касест, ки чаҳорпоеро садо мезанад, ки ҷуз садо ва овозе намешунавад. [Ин кофирон дар рӯёрӯӣ бо ҳақ] кару лолу кӯр ҳастанд, аз ин рӯ, намеандешанд
— Pioneers of Translation Center
Мисоли кофирон мисли ҳайвонест, ки касе дар гӯши ӯ овоз кунад ва ӯ ҷуз бонгеву овозе нашнавад. Инҳо каронанд, гунгонанд, кӯронанд ва ҳеҷ намефаҳманд.
— Tajik

◉ Сура · ∞