quranm◉

Саҳифа 319

Range
from 20:99 to 20:113
Surahs covered
Тарҷума
15 Тарҷума

◉

20:99

كَذَٰلِكَ نَقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ مَا قَدۡ سَبَقَۚ وَقَدۡ ءَاتَيۡنَٰكَ مِن لَّدُنَّا ذِكۡرٗا ﴿99﴾

Инчунин хабарҳои гузаштаро аз Мӯсо ва Фиръавн ва қавмашон барои ту эй Расул, ҳикоят мекунем. Ва ба ту аз ҷониби Худ ин Қуръонро ато кардем, ки он панд аст барои шахсе ки панд мегирад.

20:100

مَّنۡ أَعۡرَضَ عَنۡهُ فَإِنَّهُۥ يَحۡمِلُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وِزۡرًا ﴿100﴾

Ҳар кас, ки аз он Қуръон рӯй бартобад, рӯзи қиёмат бори гуноҳ бар дӯш мекашад.

20:101

خَٰلِدِينَ فِيهِۖ وَسَآءَ لَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ حِمۡلٗا ﴿101﴾

Дар он азоб ҳамеша бимонад. Ва бори рӯзи қиёмат барояшон бори бадест!

20:102

يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِۚ وَنَحۡشُرُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ يَوۡمَئِذٖ زُرۡقٗا ﴿102﴾

Рӯзе, ки дар он сур дамида шавад ва гунаҳкоронро дар он рӯз кабудранг гирд оварем, ки рангу чашмонашон аз шиддати ҳавли қиёмат тағйир ёбад.

20:103

يَتَخَٰفَتُونَ بَيۡنَهُمۡ إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا عَشۡرٗا ﴿103﴾

Оҳиста бо ҳам сухан мегӯянд, ки даҳ шабонарӯз беш дар дунё наистодаед.

20:104

نَّحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَقُولُونَ إِذۡ يَقُولُ أَمۡثَلُهُمۡ طَرِيقَةً إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا يَوۡمٗا ﴿104﴾

Мо бар гуфтори пинҳон ва ошкори онон огоҳтарем, он гоҳ ки некӯравиштарини онҳо аз сахтии рӯзи қиёмат фаромӯш карда мегӯяд: «Ҷуз як рӯз наистодаед»,

20:105

وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡجِبَالِ فَقُلۡ يَنسِفُهَا رَبِّي نَسۡفٗا ﴿105﴾

Туро эй Расул, қавмат аз кӯҳҳо мепурсанд, ки оқибати онҳо дар рӯзи қиёмат чӣ мешавад? Бигӯ: «Парвардигори ман ҳамаро аз ҷояшон пароканда ва яксон месозад.

20:106

فَيَذَرُهَا قَاعٗا صَفۡصَفٗا ﴿106﴾

Ва онҳоро ба замин ҳамвор мегардонад;

20:107

لَّا تَرَىٰ فِيهَا عِوَجٗا وَلَآ أَمۡتٗا ﴿107﴾

дар он ҳеҷ каҷиву пастиву баландӣ намебинӣ.

20:108

يَوۡمَئِذٖ يَتَّبِعُونَ ٱلدَّاعِيَ لَا عِوَجَ لَهُۥۖ وَخَشَعَتِ ٱلۡأَصۡوَاتُ لِلرَّحۡمَٰنِ فَلَا تَسۡمَعُ إِلَّا هَمۡسٗا ﴿108﴾

Дар он рӯз ҳама аз пайи он доъӣ (Исрофил), мераванд, ки дар он пайравӣ ҳеҷ каҷӣ набошад. Ва садоҳо дар баробари Аллоҳи меҳрубон паст мешаванд пас, ба ҷуз паст чизе нашунавӣ.

20:109

يَوۡمَئِذٖ لَّا تَنفَعُ ٱلشَّفَٰعَةُ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَرَضِيَ لَهُۥ قَوۡلٗا ﴿109﴾

Дар он рӯз шафоати ҳеҷ касе фоида надиҳад, магар онро, ки Аллоҳи меҳрубон иҷозат диҳад ва суханашро биписандад ва он иҷозатдодашудагон; паёмбарон ва бандагони наздики Аллоҳ бошанд.

20:110

يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَلَا يُحِيطُونَ بِهِۦ عِلۡمٗا ﴿110﴾

Аллоҳ ҳар чиро дар пеши рӯйи онҳост аз амри қиёмат ва ҳар чиро дар пушти сарашон аст аз амри дунё, медонад ва илми онон (инсонҳо) Ӯро дарбар нагирад.

20:111

وَعَنَتِ ٱلۡوُجُوهُ لِلۡحَيِّ ٱلۡقَيُّومِۖ وَقَدۡ خَابَ مَنۡ حَمَلَ ظُلۡمٗا ﴿111﴾

Ва чеҳраҳо дар баробари Аллоҳи зиндаи поянда мутеъ мешавад ва ба дурустӣ, касе, ки бори ситамро бар дӯш дошта бошад, ноком мегардад.

20:112

وَمَن يَعۡمَلۡ مِنَ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَا يَخَافُ ظُلۡمٗا وَلَا هَضۡمٗا ﴿112﴾

Ва ҳар кас, ки корҳои шоиста кунад ва мӯъмин бошад, набояд аз ҳеҷ ситаме ва нуқсоне битарсад.

20:113

وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَٰهُ قُرۡءَانًا عَرَبِيّٗا وَصَرَّفۡنَا فِيهِ مِنَ ٱلۡوَعِيدِ لَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ أَوۡ يُحۡدِثُ لَهُمۡ ذِكۡرٗا ﴿113﴾

Ҳамчуноне ки дар ин сура баён намудем, инчунин ин Қуръонро ба забони арабӣ нозил кардем ва дар он бим додан ва тарсониданро бо шеваҳои гуногун баён кардем, шояд битарсанд ё Қуръон барои онҳо пандеро падид оварад то ибрат ва панд бигиранд.