quranm◉

Саҳифа 367

Range
from 26:1 to 26:19
Surahs covered
Тарҷума
19 Тарҷума

◉

26:1

طسٓمٓ ﴿1﴾

То, Син, Мим.

26:2

تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ ﴿2﴾

Ин оёт китоби равшан аст.

26:3

لَعَلَّكَ بَٰخِعٞ نَّفۡسَكَ أَلَّا يَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ ﴿3﴾

Шояд аз ин ки онҳо имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ.

26:4

إِن نَّشَأۡ نُنَزِّلۡ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ ءَايَةٗ فَظَلَّتۡ أَعۡنَٰقُهُمۡ لَهَا خَٰضِعِينَ ﴿4﴾

Агар бихоҳем, аз осмон барояшон ояте (мӯъҷизае) нозил мекунем, ки гарданҳояшон дар баробари он таслим гардад, лекин инро намехоҳем, зеро имони судманд, ихтиёран ба ғайб бовар кардан аст.

26:5

وَمَا يَأۡتِيهِم مِّن ذِكۡرٖ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ مُحۡدَثٍ إِلَّا كَانُواْ عَنۡهُ مُعۡرِضِينَ ﴿5﴾

Барояшон ҳеҷ сухане тоза аз Аллоҳи меҳрубон нозил намешавад, магар он ки аз он бо дилу ҷисмашон рӯй мегардонанд ва онро қабул намекунанд.

26:6

فَقَدۡ كَذَّبُواْ فَسَيَأۡتِيهِمۡ أَنۢبَـٰٓؤُاْ مَا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ ﴿6﴾

Пас ҳамоно Қуръонро дурӯғ бароварданд. Ба зудӣ хабари он чизҳое, ки масхарааш мекарданд, ба онҳо ҳатман бирасад.

26:7

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَمۡ أَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجٖ كَرِيمٍ ﴿7﴾

Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ ва фоидаовар дар он рӯёнидаем, ки ҳеҷ кас ба рӯёндани он тавоноӣ надорад, ба ҷуз Парвардигори ҷаҳониён.

26:8

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ﴿8﴾

Дар ин нишонаҳо ибратест, вале аксари онҳо мӯъмин набудаанд.

26:9

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ﴿9﴾

Ба ростӣ, Парвардигори ту пирӯзманд аст, ки қудрату тавоноӣ бар ҳама дорад ва меҳрубон аст, ки раҳматаш ҳама чизро фаро гирифтааст!

26:10

وَإِذۡ نَادَىٰ رَبُّكَ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱئۡتِ ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿10﴾

Ва ба ёд ор эй Расул барои қавмат, ки Парвардигорат Мӯсоро нидо дод, ки эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми ситамкор бирав,

26:11

قَوۡمَ فِرۡعَوۡنَۚ أَلَا يَتَّقُونَ ﴿11﴾

қавми Фиръавн ва барояшон бигӯ: Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд?

26:12

قَالَ رَبِّ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ ﴿12﴾

Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд.

26:13

وَيَضِيقُ صَدۡرِي وَلَا يَنطَلِقُ لِسَانِي فَأَرۡسِلۡ إِلَىٰ هَٰرُونَ ﴿13﴾

Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад, пас бародарам Ҳорунро низ пайғамбарӣ деҳ, то маро ёрӣ кунад.

26:14

وَلَهُمۡ عَلَيَّ ذَنۢبٞ فَأَخَافُ أَن يَقۡتُلُونِ ﴿14﴾

Ва онҳо бар гардани ман гуноҳе (даъво) доранд, пас метарсам, ки маро бикушанд».

26:15

قَالَ كَلَّاۖ فَٱذۡهَبَا بِـَٔايَٰتِنَآۖ إِنَّا مَعَكُم مُّسۡتَمِعُونَ ﴿15﴾

Аллоҳ таоло гуфт: Ҳаргиз, туро натавонанд кушт, пас оёти Маро ки далолат бар ҳақиқати паёмбарии шумо мекунад, ҳарду назди онҳо биравед, Мо низ ба илм ва ҳифз ва нусрати худ бо шумо ҳастем ва мешунавем.

26:16

فَأۡتِيَا فِرۡعَوۡنَ فَقُولَآ إِنَّا رَسُولُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿16﴾

Пас, назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули (фиристодаи) Парвардигори ҷаҳониён ҳастем,

26:17

أَنۡ أَرۡسِلۡ مَعَنَا بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ﴿17﴾

ки банӣ Исроилро бо мо бифиристӣ, то Парвардигорашонро парастиш намоянд.

26:18

قَالَ أَلَمۡ نُرَبِّكَ فِينَا وَلِيدٗا وَلَبِثۡتَ فِينَا مِنۡ عُمُرِكَ سِنِينَ ﴿18﴾

Фиръавн ба Мӯсо миннат карда гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди худ парваришат надодем ва ту чанд сол аз умратро дар миёни мо нагузаронидӣ?

26:19

وَفَعَلۡتَ فَعۡلَتَكَ ٱلَّتِي فَعَلۡتَ وَأَنتَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ﴿19﴾

Ва он кори кардаатро, кардӣ? Пас, ту аз носипосонӣ».