quranm◉

Саҳифа 388

Range
from 28:22 to 28:28
Surahs covered
Тарҷума
7 Тарҷума

◉

28:22

وَلَمَّا تَوَجَّهَ تِلۡقَآءَ مَدۡيَنَ قَالَ عَسَىٰ رَبِّيٓ أَن يَهۡدِيَنِي سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ ﴿22﴾

Вақте ки Мӯсо қасд ба сӯи шаҳри Мадян кард, берун аз ватани Фиръавн шуда гуфт: «Умед аст, ки Парвардигори ман маро ба роҳи рост раҳбарӣ кунад».

28:23

وَلَمَّا وَرَدَ مَآءَ مَدۡيَنَ وَجَدَ عَلَيۡهِ أُمَّةٗ مِّنَ ٱلنَّاسِ يَسۡقُونَ وَوَجَدَ مِن دُونِهِمُ ٱمۡرَأَتَيۡنِ تَذُودَانِۖ قَالَ مَا خَطۡبُكُمَاۖ قَالَتَا لَا نَسۡقِي حَتَّىٰ يُصۡدِرَ ٱلرِّعَآءُۖ وَأَبُونَا شَيۡخٞ كَبِيرٞ ﴿23﴾

Чун ба оби чоҳи шаҳри Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро дид, ки чорпоёни худро об медиҳанд ва дар канори онҳо ду занро дид, ки гӯсфандони худро бозмедоранд ва ба чоҳ наздик намешаванд, Мӯсо гуфт: «Шумо чӣ мекунед, чаро гӯсфандони худро об намедиҳед?» Гуфтанд: «Мо онҳоро об намедиҳем, то он гоҳ ки чӯпонҳо бозгарданд ва бираванд, ки падари мо пири кӯҳансол аст ва тавоноии ин корро надорад.»

28:24

فَسَقَىٰ لَهُمَا ثُمَّ تَوَلَّىٰٓ إِلَى ٱلظِّلِّ فَقَالَ رَبِّ إِنِّي لِمَآ أَنزَلۡتَ إِلَيَّ مِنۡ خَيۡرٖ فَقِيرٞ ﴿24﴾

Пас, Мӯсо барои гӯсфандони он ду зан об дод. Сипас ба сояи дарахте бозгашту гуфт: «Эй Парвардигорам, ман, ба таҳқиқ, ба он неъмате, ки бароям мефиристӣ, мӯҳтоҷам».

28:25

فَجَآءَتۡهُ إِحۡدَىٰهُمَا تَمۡشِي عَلَى ٱسۡتِحۡيَآءٖ قَالَتۡ إِنَّ أَبِي يَدۡعُوكَ لِيَجۡزِيَكَ أَجۡرَ مَا سَقَيۡتَ لَنَاۚ فَلَمَّا جَآءَهُۥ وَقَصَّ عَلَيۡهِ ٱلۡقَصَصَ قَالَ لَا تَخَفۡۖ نَجَوۡتَ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿25﴾

Пас, яке аз он ду зан, ки шармида роҳ мерафт, назди Мӯсо омад ва гуфт: «Ҳароина, падарам туро даъват мекунад, то музди об додани гӯсфандонро бидиҳад». Чун Мӯсо назди падари ӯ омад ва қиссаи саргузашти худро барояш ҳикоят кард, падари ӯ гуфт: «Матарс, ки ту аз мардуми ситамкор (Фиръавн ва қавмаш) наҷот ёфтаӣ».

28:26

قَالَتۡ إِحۡدَىٰهُمَا يَـٰٓأَبَتِ ٱسۡتَـٔۡجِرۡهُۖ إِنَّ خَيۡرَ مَنِ ٱسۡتَـٔۡجَرۡتَ ٱلۡقَوِيُّ ٱلۡأَمِينُ ﴿26﴾

Яке аз он ду зан барои падараш гуфт: «Эй падар, ӯро мардикор бигир, бегумон беҳтарин касеро, ки метавонӣ марди кор бигирӣ, касе аст, ки неруманди амин бошад ва ӯ чунин аст».

28:27

قَالَ إِنِّيٓ أُرِيدُ أَنۡ أُنكِحَكَ إِحۡدَى ٱبۡنَتَيَّ هَٰتَيۡنِ عَلَىٰٓ أَن تَأۡجُرَنِي ثَمَٰنِيَ حِجَجٖۖ فَإِنۡ أَتۡمَمۡتَ عَشۡرٗا فَمِنۡ عِندِكَۖ وَمَآ أُرِيدُ أَنۡ أَشُقَّ عَلَيۡكَۚ سَتَجِدُنِيٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿27﴾

(Падари духтар Шуьайб ном дошт,) гуфт: «Ҳароина, мехоҳам яке аз ин ду духтарамро зани ту кунам, ба шарти он, ки ҳашт сол мардикори ман бошӣ. Ва агар онро то даҳ сол тамом кунӣ, пас лутфу муҳаббате аз сӯи туст ва ман намехоҳам бар ту сахтгирӣ кунам. Иншоаллоҳ, маро аз солеҳон хоҳӣ ёфт».

28:28

قَالَ ذَٰلِكَ بَيۡنِي وَبَيۡنَكَۖ أَيَّمَا ٱلۡأَجَلَيۡنِ قَضَيۡتُ فَلَا عُدۡوَٰنَ عَلَيَّۖ وَٱللَّهُ عَلَىٰ مَا نَقُولُ وَكِيلٞ ﴿28﴾

(Мӯсо гуфт:) «Ин қарордод миёни ману ту бошад, ки ҳар кадом аз ин ду муддатро анҷом додам, бар ман ситаме нахоҳад буд ва Аллоҳ таоло бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст».