quranm◉

Саҳифа 390

Range
from 28:36 to 28:43
Surahs covered
Тарҷума
8 Тарҷума

◉

28:36

فَلَمَّا جَآءَهُم مُّوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَا بَيِّنَٰتٖ قَالُواْ مَا هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّفۡتَرٗى وَمَا سَمِعۡنَا بِهَٰذَا فِيٓ ءَابَآئِنَا ٱلۡأَوَّلِينَ ﴿36﴾

Чун Мӯсо оёти равшани Моро наздашон (назди Фиръавн ва қавм) овард, гуфтанд: «Ин ҷодуест бархоста, мо аз ниёгонамон чунин чизҳое нашунидаем».

28:37

وَقَالَ مُوسَىٰ رَبِّيٓ أَعۡلَمُ بِمَن جَآءَ بِٱلۡهُدَىٰ مِنۡ عِندِهِۦ وَمَن تَكُونُ لَهُۥ عَٰقِبَةُ ٱلدَّارِۚ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلظَّـٰلِمُونَ ﴿37﴾

Ва Мӯсо ба Фиръавн гуфт: «Парвардигори ман ба ҳоли он касе, ки аз ҷониби Ӯ ба ҳидоят омадааст ва оқибати писандида дар он саройи дигар аз они ӯст, огоҳтар аст. Албатта, ситамкорон наҷот намеёбанд!»

28:38

وَقَالَ فِرۡعَوۡنُ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَأُ مَا عَلِمۡتُ لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرِي فَأَوۡقِدۡ لِي يَٰهَٰمَٰنُ عَلَى ٱلطِّينِ فَٱجۡعَل لِّي صَرۡحٗا لَّعَلِّيٓ أَطَّلِعُ إِلَىٰٓ إِلَٰهِ مُوسَىٰ وَإِنِّي لَأَظُنُّهُۥ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ ﴿38﴾

Фиръавн гуфт: «Эй ҷамоат, ман барои шумо маъбуде ҷуз худ намешиносам. Эй Ҳомон, барои ман хишт бипаз ва баланд манорае бисоз, шояд ки аз Аллоҳи Мӯсо бохабар шавам, ҳароина, ман дурӯғгӯяш мепиндорам».

28:39

وَٱسۡتَكۡبَرَ هُوَ وَجُنُودُهُۥ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَظَنُّوٓاْ أَنَّهُمۡ إِلَيۡنَا لَا يُرۡجَعُونَ ﴿39﴾

Фиръавн ва лашкарҳояш ба ноҳақ дар замини Миср саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки баъди маргашон онҳо ба назди мо бозгардонида намешаванд.

28:40

فَأَخَذۡنَٰهُ وَجُنُودَهُۥ فَنَبَذۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡيَمِّۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿40﴾

Пас, Мо Фираъвн ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба баҳр андохтем. Пас, бингар, ки оқибати кори ситамкорон чӣ гуна буд?!

28:41

وَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَئِمَّةٗ يَدۡعُونَ إِلَى ٱلنَّارِۖ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَا يُنصَرُونَ ﴿41﴾

Ва ононро аз он гуна пешвоёне сохтем, ки мардумро ба оташи ҷаҳаннам даъват мекунанд ва дар рӯзи қиёмат касе ёриашон намекунад.

28:42

وَأَتۡبَعۡنَٰهُمۡ فِي هَٰذِهِ ٱلدُّنۡيَا لَعۡنَةٗۖ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ هُم مِّنَ ٱلۡمَقۡبُوحِينَ ﴿42﴾

Дар ин дунё аз паяшон лаънат (хорӣ ва ғазабро) равона сохтем ва дар рӯзи қиёмат аз зиштрӯёнанд ва аз раҳмати Аллоҳ таоло маҳруманд.

28:43

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ مِنۢ بَعۡدِ مَآ أَهۡلَكۡنَا ٱلۡقُرُونَ ٱلۡأُولَىٰ بَصَآئِرَ لِلنَّاسِ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ لَّعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ ﴿43﴾

Пас, аз он ки мардуми рӯзгори пешинро ҳалок сохтем, (монанди қавми Нӯҳ, Од, Самуд ва қавми Лут ва асҳоби Мадян) ба Мӯсо китоби Таврот додем, ки барои мардуми банӣ Исроил ибрату ҳидоят ва раҳмат бошад. Шояд онҳо аз ин неъматҳои Парвардигор панд гиранд.