quranm◉

Саҳифа 398

Range
from 29:15 to 29:23
Surahs covered
Тарҷума
9 Тарҷума

◉

29:15

فَأَنجَيۡنَٰهُ وَأَصۡحَٰبَ ٱلسَّفِينَةِ وَجَعَلۡنَٰهَآ ءَايَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ ﴿15﴾

Пас, ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ буданд, наҷот додем ва он киштиро нишони ибрате барои ҷаҳониён гардонидем.

29:16

وَإِبۡرَٰهِيمَ إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱتَّقُوهُۖ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ﴿16﴾

Ва ба ёд овар Иброҳимро, он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз Ӯ битарсед. Ин бароятон беҳтар аст, агар бидонед.

29:17

إِنَّمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡثَٰنٗا وَتَخۡلُقُونَ إِفۡكًاۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَمۡلِكُونَ لَكُمۡ رِزۡقٗا فَٱبۡتَغُواْ عِندَ ٱللَّهِ ٱلرِّزۡقَ وَٱعۡبُدُوهُ وَٱشۡكُرُواْ لَهُۥٓۖ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ﴿17﴾

Ҳароина, шумо эй қавм, ғайри Аллоҳи якто бутонеро мепарастед ва дурӯғҳои бузург мебофед. Онҳоеро, ки ғайри Аллоҳи якто мепарастед, бешак, наметавонанд шуморо рӯзӣ диҳанд. Аз Аллоҳи якто рӯзӣ биҷӯед ва Ӯро ибодат кунед ва сипос гӯед, зеро ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед, пас ҳар якеро бар амали кардаи худ ҷазои муносиб медиҳад.

29:18

وَإِن تُكَذِّبُواْ فَقَدۡ كَذَّبَ أُمَمٞ مِّن قَبۡلِكُمۡۖ وَمَا عَلَى ٱلرَّسُولِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ ﴿18﴾

Агар шумо ваҳйро дурӯғ мебароред, мардумоне ҳам, ки пеш аз шумо буданд, дурӯғ мешумориданд. Ва бар ӯҳдаи паёмбар ҷуз таблиғе равшангар ҳеҷ нест.

29:19

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ كَيۡفَ يُبۡدِئُ ٱللَّهُ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥٓۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ ﴿19﴾

Оё намебинанд, ки Аллоҳ чӣ гуна махлуқро меофаринад сипас аз нестӣ бозаш мегардонад? Бешубҳа, ин кор бар Аллоҳ осон аст.

29:20

قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ بَدَأَ ٱلۡخَلۡقَۚ ثُمَّ ٱللَّهُ يُنشِئُ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأٓخِرَةَۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿20﴾

Бигӯ эй Расул, барои мункирони баъс: Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки чӣ гуна Аллоҳ мавҷудотро офарида. Сипас офариниши охиринро падид меоварад. Ба таҳқиқ, Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност ва ҳеҷ чизе Ӯро оҷиз оварда наметавонад!

29:21

يُعَذِّبُ مَن يَشَآءُ وَيَرۡحَمُ مَن يَشَآءُۖ وَإِلَيۡهِ تُقۡلَبُونَ ﴿21﴾

Ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад, мавриди раҳмат қарор медиҳад ва ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед.

29:22

وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِي ٱلسَّمَآءِۖ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٖ ﴿22﴾

Шумо наметавонед (Аллоҳро) дармонда кунед, на дар замин ва на дар осмон ва шуморо ҷуз Ӯ ҳеҷ корсозу ёваре нест!»

29:23

وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَلِقَآئِهِۦٓ أُوْلَـٰٓئِكَ يَئِسُواْ مِن رَّحۡمَتِي وَأُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ ﴿23﴾

Ва онҳо, ки ба оёти Аллоҳ ва дидори Ӯ имон надоранд ва ба вуқӯъ омадани қиёматро инкор мекунанд, онҳо аз сабаби мушоҳида карданашон азобро дар охират аз раҳмати Ман ноумед шуданд. Ин гуна касон барояшон азоби дардовар аст.