quranm◉

Саҳифа 420

Range
from 33:16 to 33:22
Surahs covered
Тарҷума
7 Тарҷума

◉

33:16

قُل لَّن يَنفَعَكُمُ ٱلۡفِرَارُ إِن فَرَرۡتُم مِّنَ ٱلۡمَوۡتِ أَوِ ٱلۡقَتۡلِ وَإِذٗا لَّا تُمَتَّعُونَ إِلَّا قَلِيلٗا ﴿16﴾

Бигӯ эй Расул барои мунофиқон, агар аз марг ё кушта шудан дар майдони ҷанг бигурезед, ҳаргиз гурехтан фоидаатон надиҳад ва ба он умратон афзуда нашавад ва он гоҳ аз зиндагӣ дар дунё ҷуз андаке баҳраманд нахоҳед шуд. Ва ин зиндагии дунё дар баробари охират муддати кӯтоҳе аст.

33:17

قُلۡ مَن ذَا ٱلَّذِي يَعۡصِمُكُم مِّنَ ٱللَّهِ إِنۡ أَرَادَ بِكُمۡ سُوٓءًا أَوۡ أَرَادَ بِكُمۡ رَحۡمَةٗۚ وَلَا يَجِدُونَ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ وَلِيّٗا وَلَا نَصِيرٗا ﴿17﴾

Эй Расул, барояшон бигӯ: Агар Аллоҳ бароятон қасди бадӣ дошта бошад, кист, ки шуморо аз азоби Ӯ нигаҳ дорад ё бихоҳад ба шумо раҳмате арзонӣ дорад, кист, ки шуморо аз иродаи Ӯ нигаҳ дорад. Ба дурустӣ, Ӯ атокунанда, манъкунанда, зараррасонанда ва фоидадиҳанда аст. Он мунофиқон ҷуз Аллоҳ барои худ дӯст ва мададгоре нахоҳанд ёфт.

33:18

قَدۡ يَعۡلَمُ ٱللَّهُ ٱلۡمُعَوِّقِينَ مِنكُمۡ وَٱلۡقَآئِلِينَ لِإِخۡوَٰنِهِمۡ هَلُمَّ إِلَيۡنَاۖ وَلَا يَأۡتُونَ ٱلۡبَأۡسَ إِلَّا قَلِيلًا ﴿18﴾

Аллоҳ медонад чӣ касоне аз шумо мардумро аз берун рафтан барои ҷанг бозмедоранд ва низ мешиносад касонеро, ки ба бародарони худ мегӯянд: Ба назди мо биёед (ба Муҳаммад гӯш наандозед), ки мо хавф мебарем ҳалок шуданатонро ва магар андаке ба ҷанг намеоянд ва агар ҳозир шаванд ҳам, фақат аз барои риё ё аз хавфест, ки бадиашон ошкор мешавад.

33:19

أَشِحَّةً عَلَيۡكُمۡۖ فَإِذَا جَآءَ ٱلۡخَوۡفُ رَأَيۡتَهُمۡ يَنظُرُونَ إِلَيۡكَ تَدُورُ أَعۡيُنُهُمۡ كَٱلَّذِي يُغۡشَىٰ عَلَيۡهِ مِنَ ٱلۡمَوۡتِۖ فَإِذَا ذَهَبَ ٱلۡخَوۡفُ سَلَقُوكُم بِأَلۡسِنَةٍ حِدَادٍ أَشِحَّةً عَلَى ٱلۡخَيۡرِۚ أُوْلَـٰٓئِكَ لَمۡ يُؤۡمِنُواْ فَأَحۡبَطَ ٱللَّهُ أَعۡمَٰلَهُمۡۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٗا ﴿19﴾

Эй мӯъминон, ба сабаби душманию бадбиниашон бар шумо бухл меварзанд ва чун замони тарс пеш ояд, бубинӣ, ки ба ту менигаранд ва чашмонашон мисли касе, ки аз сакароти марг беҳуш шуда бошад, тагорӯй мешавад ва чун ҷанг поён ёфт, тарс аз миён биравад ва мебинӣ, ки аз ҳирси ғаноим (бойгарӣ) бо забони тезу тундӣ худ шуморо биранҷонанд. Инҳо ҳаргиз бо дилҳояшон имон наёвардаанд, пас Аллоҳ амалҳояшонро нобуд кардааст ва ин кор бар Аллоҳ осон будааст.

33:20

يَحۡسَبُونَ ٱلۡأَحۡزَابَ لَمۡ يَذۡهَبُواْۖ وَإِن يَأۡتِ ٱلۡأَحۡزَابُ يَوَدُّواْ لَوۡ أَنَّهُم بَادُونَ فِي ٱلۡأَعۡرَابِ يَسۡـَٔلُونَ عَنۡ أَنۢبَآئِكُمۡۖ وَلَوۡ كَانُواْ فِيكُم مَّا قَٰتَلُوٓاْ إِلَّا قَلِيلٗا ﴿20﴾

Мунофиқон аз бими тарсашон гумон мекунанд, ки лашкарҳои Аҳзоб ҳанӯз нарафтаанд ва агар он лашкарҳои кофирон бори дигар ба Мадина баргарданд орзу мекарданд ин мунофиқон, ки кош аз Мадина ғоиб мебуданд ва дар миёни аъроби бодиянишин мебуданд ва аз ахбори шумо мепурсиданд, агар ҳам дар миёни шумо мебуданд, ба сабаби бисёр буздилиашон ҷуз андаке ҷанг намекарданд.

33:21

لَّقَدۡ كَانَ لَكُمۡ فِي رَسُولِ ٱللَّهِ أُسۡوَةٌ حَسَنَةٞ لِّمَن كَانَ يَرۡجُواْ ٱللَّهَ وَٱلۡيَوۡمَ ٱلۡأٓخِرَ وَذَكَرَ ٱللَّهَ كَثِيرٗا ﴿21﴾

Ҳақиқатан барои шумо эй мӯъминон, дар зиндагӣ, дар гуфтору кирдор ва ҳолатҳои Расули Аллоҳ сармашқи некӯе аст, барои онон, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат умед доранд ва Аллоҳро бисёр ёд мекунанд, пас шумо суннати ӯро бар худ лозим гиред ва шукри Аллоҳро дар ҳама ҳол ба ҷо оред.

33:22

وَلَمَّا رَءَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلۡأَحۡزَابَ قَالُواْ هَٰذَا مَا وَعَدَنَا ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَصَدَقَ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥۚ وَمَا زَادَهُمۡ إِلَّآ إِيمَٰنٗا وَتَسۡلِيمٗا ﴿22﴾

Ва чун мӯъминон он гурӯҳҳоро диданд, ки атрофи Мадинаро иҳота кардаанд, ба ёд оварданд, ки нусрати Аллоҳ наздик аст, гуфтанд: Ин ҳамон чизест, ки Аллоҳ ва Паёмбараш ба мо ваъда додааст; аз имтиҳон ва меҳнат ва нусрат, рост гуфтаанд ва ин ба онон ҷуз ба имон ва таслимашон наяфзуд. Яъне имонашон ба Аллоҳ ва амалашон ба фармудаҳои Ӯ зиёд гашт .