quranm◉

Саҳифа 433

Range
from 34:40 to 34:48
Surahs covered
Тарҷума
9 Тарҷума

◉

34:40

وَيَوۡمَ يَحۡشُرُهُمۡ جَمِيعٗا ثُمَّ يَقُولُ لِلۡمَلَـٰٓئِكَةِ أَهَـٰٓؤُلَآءِ إِيَّاكُمۡ كَانُواْ يَعۡبُدُونَ ﴿40﴾

Ба ёд ор эй Расул, рӯзе, ки Аллоҳ ҳамаро аз мушрикон ва малоикапарастон гирд оварад. Адлоҳ, он гоҳ малоикаҳоро гӯяд: «Оё инҳо буданд, ки шуморо мепарастиданд?

34:41

قَالُواْ سُبۡحَٰنَكَ أَنتَ وَلِيُّنَا مِن دُونِهِمۖ بَلۡ كَانُواْ يَعۡبُدُونَ ٱلۡجِنَّۖ أَكۡثَرُهُم بِهِم مُّؤۡمِنُونَ ﴿41﴾

Малоикаҳо мегӯянд: «Ту покӣ. Ту сарпараст ва корсози мо ҳастӣ, балки ин мушрикон ҷинҳоро мепарастиданд ва аксарашон ба онҳо имон доштанд».

34:42

فَٱلۡيَوۡمَ لَا يَمۡلِكُ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٖ نَّفۡعٗا وَلَا ضَرّٗا وَنَقُولُ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ ذُوقُواْ عَذَابَ ٱلنَّارِ ٱلَّتِي كُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ ﴿42﴾

Имрӯз дар қиёмат ҳеҷ як аз шумо наметавонад барои дигаре фоидаву зиёне дошта бошад. Ва ба ситамкорон гӯем: «Бичашед азоби оташро, ки дурӯғаш мепиндоштед!»

34:43

وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٖ قَالُواْ مَا هَٰذَآ إِلَّا رَجُلٞ يُرِيدُ أَن يَصُدَّكُمۡ عَمَّا كَانَ يَعۡبُدُ ءَابَآؤُكُمۡ وَقَالُواْ مَا هَٰذَآ إِلَّآ إِفۡكٞ مُّفۡتَرٗىۚ وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُمۡ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٞ ﴿43﴾

Чун оёти равшани Мо бар он кофирони Макка хонда шуд, гуфтанд: «Ин Муҳаммад мардест, ки мехоҳад шуморо аз он чи падаронатон мепарастиданд, боздорад». Ва гуфтанд: «Ин Қуръон ҷуз дурӯғе ба ҳам бофта чизи дигаре нест!» Ва касоне, ки ба Аллоҳ кофир шуда буданд, чун сухани ҳақ бар онҳо нозил шуд, гуфтанд: «Ин чизе ҷуз ҷодуе ошкор нест!»

34:44

وَمَآ ءَاتَيۡنَٰهُم مِّن كُتُبٖ يَدۡرُسُونَهَاۖ وَمَآ أَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡهِمۡ قَبۡلَكَ مِن نَّذِيرٖ ﴿44﴾

Пеш аз ин китобҳое, ки онро бихонанд, ба он мушрикони араб надодаем ва пеш аз ту эй Расул, бимдиҳандае бар онҳо нафиристодаем.

34:45

وَكَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَمَا بَلَغُواْ مِعۡشَارَ مَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ فَكَذَّبُواْ رُسُلِيۖ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ ﴿45﴾

Ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, (мисли Оду Самуд) паёмбаронро дурӯғгӯ хонданд ва ин аҳли Макка худ ба даҳяки он чи ба онҳо дода будем, аз мол, қувват ва умр нарасидаанд ва бо ин ҳол паёмбарони Маро дурӯғгӯй шумориданд. Пас, уқубати Ман чӣ гуна буд!

34:46

قُلۡ إِنَّمَآ أَعِظُكُم بِوَٰحِدَةٍۖ أَن تَقُومُواْ لِلَّهِ مَثۡنَىٰ وَفُرَٰدَىٰ ثُمَّ تَتَفَكَّرُواْۚ مَا بِصَاحِبِكُم مِّن جِنَّةٍۚ إِنۡ هُوَ إِلَّا نَذِيرٞ لَّكُم بَيۡنَ يَدَيۡ عَذَابٖ شَدِيدٖ ﴿46﴾

Бигӯ эй Расул барои саркашон: «Ба таҳқиқ, шуморо дар як чиз панд медиҳам: ду-ду ва як-як барои ибодати Аллоҳ бархезед. Сипас бияндешед, то бидонед, ки дар ёри шумо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳеҷ гуна девонагӣ нест. Ӯст, ки шуморо пеш аз омадани азоби сахт, бимдиҳандааст!»

34:47

قُلۡ مَا سَأَلۡتُكُم مِّنۡ أَجۡرٖ فَهُوَ لَكُمۡۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٞ ﴿47﴾

Бигӯ эй Расул барои кофирон: «Ҳар музде, ки аз шумо хостаам, пас он барои шумо бод. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Аллоҳ аст. Ӯст, ки бар ҳама чиз гувоҳ аст!»

34:48

قُلۡ إِنَّ رَبِّي يَقۡذِفُ بِٱلۡحَقِّ عَلَّـٰمُ ٱلۡغُيُوبِ ﴿48﴾

Бигӯ эй Расул: «Ҳароина, Парвардигори ман сухани ҳақро бар дили паёмбарони худ меафканад. Он Парвардигоре, ки донои ғайбҳост!»