quranm◉

Саҳифа 434

Range
from 34:49 to 35:3
Surahs covered
Тарҷума
9 Тарҷума

◉

34:49

قُلۡ جَآءَ ٱلۡحَقُّ وَمَا يُبۡدِئُ ٱلۡبَٰطِلُ وَمَا يُعِيدُ ﴿49﴾

Бигӯ: «Ҳақ (Қуръон) омад ва ботил бознаояд ва дар партави нури ҳақ асаре аз он намонад ва нобуд шавад ва дубора бознагардад!»

34:50

قُلۡ إِن ضَلَلۡتُ فَإِنَّمَآ أَضِلُّ عَلَىٰ نَفۡسِيۖ وَإِنِ ٱهۡتَدَيۡتُ فَبِمَا يُوحِيٓ إِلَيَّ رَبِّيٓۚ إِنَّهُۥ سَمِيعٞ قَرِيبٞ ﴿50﴾

Бигӯ (ба мушрикони бутпараст): «Агар ман бо тарки бутҳо ва дурӣ аз ойини шумо гумроҳ шавам, албатта, зиёнаш бар ман аст ва ҷазои онро мебинам ва агар бо роҳи ҳидоят равам, ба он аст, ки Парвардигори ман ба ман ваҳй мекунад. Ҳароина, Ӯ шунавову наздик аст ва гуфтору кирдори мо бар ӯ пинҳон намемонад!»

34:51

وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذۡ فَزِعُواْ فَلَا فَوۡتَ وَأُخِذُواْ مِن مَّكَانٖ قَرِيبٖ ﴿51﴾

Агар бубинӣ эй Расул, ҳоли ситамкоронро, он гоҳ ки сахт битарсанд ва аз азоб раҳоияшон набошад ва аз маконе наздик ба дӯзах гирифторашон созад.

34:52

وَقَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِهِۦ وَأَنَّىٰ لَهُمُ ٱلتَّنَاوُشُ مِن مَّكَانِۭ بَعِيدٖ ﴿52﴾

Кофирон дар охират чун азобро бубинанд, гӯянд: «Инак, имон овардем ба Аллоҳ, Паёмбар ва Қуръон. Аммо аз он ҷои дур аз дунёи фонӣ, ки ҷойи пазириши имон ва киштзори охират буд, чӣ тавр ба он имон даст ёбанд?

34:53

وَقَدۡ كَفَرُواْ بِهِۦ مِن قَبۡلُۖ وَيَقۡذِفُونَ بِٱلۡغَيۡبِ مِن مَّكَانِۭ بَعِيدٖ ﴿53﴾

Пеш аз ин дар даврони ҳаёт, ки аз ақлу ихтиёр ва ирода бархӯрдор буданд, ба Аллоҳ, Паёмбар ва Қуръон кофир шуда буданд ва ба гумони хеш ба он тӯҳмат мезаданд.

34:54

وَحِيلَ بَيۡنَهُمۡ وَبَيۡنَ مَا يَشۡتَهُونَ كَمَا فُعِلَ بِأَشۡيَاعِهِم مِّن قَبۡلُۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ فِي شَكّٖ مُّرِيبِۭ ﴿54﴾

Ва чун миёни онҳо ва он орзу, ки пазириши имони онҳо ва наҷот аз азоб аст, ҷудой афканда шуд, ҳамчунон ки бо дигарон, ки чунин меандешиданд ва сахт дар шубҳа буданд, низ чунин шуд. Ҳароина, онҳо сахт дар шубҳа буданд ва зиндагиро пайваста бо гумони ботил ба сар бурданд ва ба ҳамин сабаб имон наоварданд.

35:1

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ جَاعِلِ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةِ رُسُلًا أُوْلِيٓ أَجۡنِحَةٖ مَّثۡنَىٰ وَثُلَٰثَ وَرُبَٰعَۚ يَزِيدُ فِي ٱلۡخَلۡقِ مَا يَشَآءُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿1﴾

Ҳама ситоишҳо аз они Аллоҳ аст, ки падидоварандаи осмонҳо ва замин аст. Фариштагонро ба сӯи бандагонаш паёмоваранда қарор додааст, дорои болҳои дугона ва сегона ва чаҳоргонаанд, ки бо он болҳо барои расонидани амри Аллоҳ парвоз мекунанд. Дар офариниш ҳар чӣ бихоҳад, меафзояд. Бегумон Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност.

35:2

مَّا يَفۡتَحِ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ مِن رَّحۡمَةٖ فَلَا مُمۡسِكَ لَهَاۖ وَمَا يُمۡسِكۡ فَلَا مُرۡسِلَ لَهُۥ مِنۢ بَعۡدِهِۦۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿2﴾

Ҳар раҳмате, ки Аллоҳ барои мардум бикушояд, касе наметавонад онро боздорад. Ва он чиро боздорад, касе ҷуз Ӯ наметавонад онро равон созад. Ва Ӯст пирӯзманду ҳаким. Аз ин рӯ, на дар коре оҷиз мемонад ва на кореро бидуни ҳикмат анҷом медиҳад!

35:3

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡۚ هَلۡ مِنۡ خَٰلِقٍ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ فَأَنَّىٰ تُؤۡفَكُونَ ﴿3﴾

Эй мардум, неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ додааст бо дилу забон ва узвҳои хеш Ӯро, ёд кунед. Оё ҷуз Аллоҳ офаринандаи дигаре ҳаст, ки шуморо аз осмон борон ва аз замин об ва маъданҳо рӯзӣ диҳад? Аллоҳи барҳақ, ҷуз Ӯ маъбуди дигаре нест, пас чӣ гуна аз тавҳид ва ибодати Ӯ бероҳа мешавед?