quranm◉

Саҳифа 443

Range
from 36:41 to 36:54
Surahs covered
Тарҷума
14 Тарҷума

◉

36:41

وَءَايَةٞ لَّهُمۡ أَنَّا حَمَلۡنَا ذُرِّيَّتَهُمۡ فِي ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ ﴿41﴾

Ибрати дигаре барои онҳо ин аст, ки ҳароина, Мо фарзандонашонро дар он киштии пуркардашуда аз худашон ва матоъҳояшон савор кардем.

36:42

وَخَلَقۡنَا لَهُم مِّن مِّثۡلِهِۦ مَا يَرۡكَبُونَ ﴿42﴾

Ва барои он мушрикон монанди киштӣ чизе офаридем, ки бар он савор шаванд.

36:43

وَإِن نَّشَأۡ نُغۡرِقۡهُمۡ فَلَا صَرِيخَ لَهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنقَذُونَ ﴿43﴾

Ва агар бихоҳем, ҳамаро ғарқ месозем ва онҳоро ҳеҷ фарёдрасе набошад ва наҷот дода намешаванд,

36:44

إِلَّا رَحۡمَةٗ مِّنَّا وَمَتَٰعًا إِلَىٰ حِينٖ ﴿44﴾

магар ин ки раҳмати Мо ба додашон бирасад ва онҳоро ғарқ накунем ва то муддате баҳрамандашон созем, ки аз камбудиҳои худ бозгарданд.

36:45

وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱتَّقُواْ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيكُمۡ وَمَا خَلۡفَكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ﴿45﴾

Ва он гоҳ ки ба он мушрикон гуфта шавад, ки аз он чи дар пеши рӯй доред ё пушти сар доред, битарсед, шояд, ки мавриди раҳмат қарор гиред, вале рӯй баргардонданд, қабул ыакардаыд.

36:46

وَمَا تَأۡتِيهِم مِّنۡ ءَايَةٖ مِّنۡ ءَايَٰتِ رَبِّهِمۡ إِلَّا كَانُواْ عَنۡهَا مُعۡرِضِينَ ﴿46﴾

Ва ҳеҷ ояте аз оятҳои Парвардигорашон бар он мушрикон нозил нашавад, ҷуз он ки аз он рӯй гардонанд.

36:47

وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ أَنفِقُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ قَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَنُطۡعِمُ مَن لَّوۡ يَشَآءُ ٱللَّهُ أَطۡعَمَهُۥٓ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ ﴿47﴾

Ва чун гуфта шавад, барои кофирон, ки аз он чи Аллоҳ рӯзиятон кардааст, садақа кунед, кофирон ба мӯъминон гӯянд: «Оё касонеро таом диҳем, ки агар Аллоҳ мехост, худ онҳоро таом медод? Шумо, кофирон, албатта, дар гумроҳии ошкор ҳастед».

36:48

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿48﴾

Ва инҳо кофирони мункир аз ҳақ мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда кай хоҳад буд?»

36:49

مَا يَنظُرُونَ إِلَّا صَيۡحَةٗ وَٰحِدَةٗ تَأۡخُذُهُمۡ وَهُمۡ يَخِصِّمُونَ ﴿49﴾

Ин мушрикон интизорӣ намекашанд, магар як садои марговарро, ки онҳоро фаро мегирад дар ҳоле ки бехабар аз марг бо якдигар дар хусумат ҳастанд,

36:50

فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ تَوۡصِيَةٗ وَلَآ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمۡ يَرۡجِعُونَ ﴿50﴾

Пас, дар он вақт мушрикон наметавонанд васияте кунанд ва на ба сӯи хонаводаи худ бозгарданд.

36:51

وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَإِذَا هُم مِّنَ ٱلۡأَجۡدَاثِ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ يَنسِلُونَ ﴿51﴾

Ва дар сур дамида мешавад ва онон аз қабрҳо берун оянд ва шитобон ба сӯи Парвардигорашон раванд.

36:52

قَالُواْ يَٰوَيۡلَنَا مَنۢ بَعَثَنَا مِن مَّرۡقَدِنَاۜۗ هَٰذَا مَا وَعَدَ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَصَدَقَ ٱلۡمُرۡسَلُونَ ﴿52﴾

Мункирони рӯзи қиёмат мегӯянд: «Вой бар мо, чӣ касе моро аз хобҳоямон барангехт? Ин ҳамон ваъдаи Аллоҳи меҳрубон аст ва паёмбарон рост гуфта буданд!»

36:53

إِن كَانَتۡ إِلَّا صَيۡحَةٗ وَٰحِدَةٗ فَإِذَا هُمۡ جَمِيعٞ لَّدَيۡنَا مُحۡضَرُونَ ﴿53﴾

Он ҷуз як бонги даҳшатнок нахоҳад буд, пас онгоҳ онҳо ҳама барои ҳисобу ҷазо дар пешгоҳамон гирд оварда мешаванд.

36:54

فَٱلۡيَوۡمَ لَا تُظۡلَمُ نَفۡسٞ شَيۡـٔٗا وَلَا تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ﴿54﴾

Он рӯз ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Ва ҷуз монанди коре, ки кардаед, подош намебинед.