quranm◉

Саҳифа 52

Range
from 3:16 to 3:22
Surahs covered
Тарҷума
7 Тарҷума

◉

3:16

ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَآ إِنَّنَآ ءَامَنَّا فَٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ ﴿16﴾

Он бандагони парҳезгоре, ки мегуянд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем (ба Ту ва китобат ва Расулат, Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам,) гуноҳони моро биёмӯрз ва моро аз азоби оташ наҷот деҳ.

3:17

ٱلصَّـٰبِرِينَ وَٱلصَّـٰدِقِينَ وَٱلۡقَٰنِتِينَ وَٱلۡمُنفِقِينَ وَٱلۡمُسۡتَغۡفِرِينَ بِٱلۡأَسۡحَارِ ﴿17﴾

Онҳое, ки дар тоъату мусибатҳо сабр мекунанд ва дар сухану корҳояшон содиқ ҳастанд ва дар тоъат бардавоманд ва дар пинҳону ошкоро нафақа мекунанд ва дар саҳаргоҳон аз гуноҳҳо омӯрзиш мехоҳанд. Ба дурустӣ, ки ин вақт, вақти қабули дуъо аст.

3:18

شَهِدَ ٱللَّهُ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ وَأُوْلُواْ ٱلۡعِلۡمِ قَآئِمَۢا بِٱلۡقِسۡطِۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿18﴾

Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ нест ва фариштагон ва аҳли илм низ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Ӯ нест ва Ӯ азиз аст, хости Ӯро чизе монеъ шуда наметавонад ва дар гуфтору корҳояш бо ҳикмат аст.

3:19

إِنَّ ٱلدِّينَ عِندَ ٱللَّهِ ٱلۡإِسۡلَٰمُۗ وَمَا ٱخۡتَلَفَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلۡعِلۡمُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَإِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ ﴿19﴾

Ба дурустӣ дине, ки Аллоҳ онро барои худ писандидааст ва ба он паёмбарашро фиристодааст, Ислом аст. Ба ҷуз ислом дигар дин дар пешгоҳи Аллоҳ мақбул нест. Пас аз омадани ҳуҷҷат (омадани расулон ва нозил шудани китобҳо) аҳли китоб аз яхуду насоро миёни худ аз рӯи ҳасад ва саркашӣ бо якдигар ихтилоф карданд. Ва ҳар кас, ки ба оёти Аллоҳ кофир шавад, бидонад, ки Аллоҳ зудшумор аст ба ҳисоби ҳар кас мерасад.

3:20

فَإِنۡ حَآجُّوكَ فَقُلۡ أَسۡلَمۡتُ وَجۡهِيَ لِلَّهِ وَمَنِ ٱتَّبَعَنِۗ وَقُل لِّلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡأُمِّيِّـۧنَ ءَأَسۡلَمۡتُمۡۚ فَإِنۡ أَسۡلَمُواْ فَقَدِ ٱهۡتَدَواْۖ وَّإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا عَلَيۡكَ ٱلۡبَلَٰغُۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِٱلۡعِبَادِ ﴿20﴾

Агар бо ту эй Расул, ахли китоб дар бораи тавҳид ба муноқиша бархезанд, ба онҳо бигӯ: «Ман ибодати худро холис аз барои Аллоҳ мекунам ва касеро дар ибодаташ шарик намеорам ва низ пайравони ман холис Ӯро ибодат мекунанд ва барояш сар фурӯ меоранд. Ба аҳли китоб ва мушрикони араб ва ғайрашон бигу: Агар шумо ҳам ба Аллоҳ худро таслим намудед, пас шумо бар роҳи мустақим ва ҳақ ҳастед ва агар рӯй гардонед, ҳисоби шумо бар Аллоҳ аст. Ва вазифаи ман танҳо пайғом расонидан асту бас. Аллоҳ ба бандагон биност ва ҳеҷ чизе аз Ӯ махфӣ намемонад.

3:21

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَيَقۡتُلُونَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ بِغَيۡرِ حَقّٖ وَيَقۡتُلُونَ ٱلَّذِينَ يَأۡمُرُونَ بِٱلۡقِسۡطِ مِنَ ٱلنَّاسِ فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ﴿21﴾

Ҳамоно касоне, ки оёти Аллоҳро инкор мекунанд ва паёмбаронро ба ноҳақӣ мекушанд ва мардумонеро, ки аз рӯи адл фармон медиҳанд ва ба тариқи паёмбарон пайравӣ мекунанд, ба қатл мерасонанд. Пас онҳоро ба азоби дарднок мужда бидеҳ!

3:22

أُوْلَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ وَمَا لَهُم مِّن نَّـٰصِرِينَ ﴿22﴾

Ин гурӯҳ ононанд, ки нобуд шуд амалҳояшон дар дунёву охират ва ҳеҷ амале аз онҳо қабул нахоҳад шуд ва нест онҳоро ёридиҳандае, ки аз азоби Аллоҳ онҳоро наҷот диҳад!