quranm◉

Саҳифа 54

Range
from 3:30 to 3:37
Surahs covered
Тарҷума
8 Тарҷума

◉

3:30

يَوۡمَ تَجِدُ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا عَمِلَتۡ مِنۡ خَيۡرٖ مُّحۡضَرٗا وَمَا عَمِلَتۡ مِن سُوٓءٖ تَوَدُّ لَوۡ أَنَّ بَيۡنَهَا وَبَيۡنَهُۥٓ أَمَدَۢا بَعِيدٗاۗ وَيُحَذِّرُكُمُ ٱللَّهُ نَفۡسَهُۥۗ وَٱللَّهُ رَءُوفُۢ بِٱلۡعِبَادِ ﴿30﴾

Рӯзи қиёмат ҳар кас корҳои нек ва корҳои бади худро дар пеши худ ҳозир бинад, то ҷазо дода шавад, онгоҳ касе, ки корҳои бад кардааст орзу кунад, эй кош миёни ӯ ва кирдори бадаш масофае бузург бувад. Пас барои он рӯз омода бошед, ки Аллоҳ шуморо аз Худаш метарсонад. Ва бо ҳамроҳи ин ҳама сахтгириҳояш Аллоҳ ба бандагонаш меҳрубон аст!

3:31

قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿31﴾

Эй Паёмбар бигу: Агар дӯстдори Аллоҳ бошед, пас пайравии ман кунед ва бо зоҳиру ботинатон ба ман имон оред, то Ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмӯрзад, ки омӯрзанда ва меҳрубон аст! (Ин оят чунин мефармояд, ки шахсоне, ки даъвои муҳаббати Аллоҳ мекунанд, вале аз амру наҳйи Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайравӣ намекунанд, пас ин гуна касон дар даъвои худ дурӯғгӯ ҳастанд.)

3:32

قُلۡ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَۖ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡكَٰفِرِينَ ﴿32﴾

Эй Паёмбар бигӯ: Итоъати Аллоҳ кунед бо пайравӣ кардани китобаш ва итоъати паёмбар кунед бо пайравии суннаташ. Пас агар рӯй баргардонданд, ҳамоно Аллоҳ кофиронро дӯст надорад.

3:33

إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰٓ ءَادَمَ وَنُوحٗا وَءَالَ إِبۡرَٰهِيمَ وَءَالَ عِمۡرَٰنَ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿33﴾

Ҳамоно Аллоҳ, Одаму Нуҳ ва хонадони Иброҳимро бар ҷаҳониён бартарӣ дод ва онҳоро беҳтарини аҳли замонашон гардонид:

3:34

ذُرِّيَّةَۢ بَعۡضُهَا مِنۢ بَعۡضٖۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ ﴿34﴾

Онҳо фарзандони поке буданд дар тавҳиду ихлос. Баъзе аз насли баъзе дигар пайдо шудаанд. Ва Аллоҳ шунаво аст ба гуфтори бандагонаш ва доност ба кирдорашон ва мувофиқи аъмолашон подошашон хоҳад дод!

3:35

إِذۡ قَالَتِ ٱمۡرَأَتُ عِمۡرَٰنَ رَبِّ إِنِّي نَذَرۡتُ لَكَ مَا فِي بَطۡنِي مُحَرَّرٗا فَتَقَبَّلۡ مِنِّيٓۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿35﴾

Ба ёд ор эй Расул, қиссаи зани Имрон ва духтараш Марям ва Исо алайҳиссаломро; то ин ки ту рад намоӣ касонеро, ки даъво кардаанд, ки Исо Аллоҳ аст ё фарзанди Аллоҳ аст. Чун гуфт зани Имрон: Эй Парвардигори ман, он чи ки дар шикам дорам, барои Ту назр кардам, Ин назрро аз ман бипазир, ки Ту танҳо шунавоӣ ба дуъои ман ва доноӣ ба нияти ман.

3:36

فَلَمَّا وَضَعَتۡهَا قَالَتۡ رَبِّ إِنِّي وَضَعۡتُهَآ أُنثَىٰ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا وَضَعَتۡ وَلَيۡسَ ٱلذَّكَرُ كَٱلۡأُنثَىٰۖ وَإِنِّي سَمَّيۡتُهَا مَرۡيَمَ وَإِنِّيٓ أُعِيذُهَا بِكَ وَذُرِّيَّتَهَا مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ ٱلرَّجِيمِ ﴿36﴾

Чун фарзанди хешро ба дунё овард, гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳамоно ман духтар ба дунё овардаам ва назр кардам то он чиро, ки дар шикам дорам, ходими ибодатгоҳи ту қарор диҳам ва Аллоҳ ба он чӣ ки ӯ таваллуд карда буд, донотар аст. Аллоҳ қалби ӯро таскин дод ва назрашро пазируфт ва фармуд, ки писар монанди духтар нест. (Ва модари Марям гуфт:) Уро Марям ном ниҳодам. Ӯ ва фарзандонашро аз шайтони раҷим дар паноҳи Ту месупорам.

3:37

فَتَقَبَّلَهَا رَبُّهَا بِقَبُولٍ حَسَنٖ وَأَنۢبَتَهَا نَبَاتًا حَسَنٗا وَكَفَّلَهَا زَكَرِيَّاۖ كُلَّمَا دَخَلَ عَلَيۡهَا زَكَرِيَّا ٱلۡمِحۡرَابَ وَجَدَ عِندَهَا رِزۡقٗاۖ قَالَ يَٰمَرۡيَمُ أَنَّىٰ لَكِ هَٰذَاۖ قَالَتۡ هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٍ ﴿37﴾

Пас Парвардигораш дуъояшро қабул кард ва он духтарро ба некӣ аз ӯ пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш дод ва Закариё алайҳиссаломро ба сарпарастии ӯ вобаста кард. Ва ҳар вақт, ки Закариё ба меҳроб назди ӯ мерафт, пеши ӯ хӯрданӣ меёфт. Мегуфт: Эй Марям, инҳо барои ту аз куҷо мерасад? Марям мегуфт: Аз ҷониби Аллоҳ; зеро Ӯ ҳар касро, ки бихоҳад, аз бандагонаш беҳисоб рӯзӣ медиҳад.