quranm◉

Саҳифа 558

Range
from 65:1 to 65:5
Surahs covered
Тарҷума
5 Тарҷума

◉

65:1

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ إِذَا طَلَّقۡتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَطَلِّقُوهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ وَأَحۡصُواْ ٱلۡعِدَّةَۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ رَبَّكُمۡۖ لَا تُخۡرِجُوهُنَّ مِنۢ بُيُوتِهِنَّ وَلَا يَخۡرُجۡنَ إِلَّآ أَن يَأۡتِينَ بِفَٰحِشَةٖ مُّبَيِّنَةٖۚ وَتِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِۚ وَمَن يَتَعَدَّ حُدُودَ ٱللَّهِ فَقَدۡ ظَلَمَ نَفۡسَهُۥۚ لَا تَدۡرِي لَعَلَّ ٱللَّهَ يُحۡدِثُ بَعۡدَ ذَٰلِكَ أَمۡرٗا ﴿1﴾

Эй Паёмбар, агар ту ва мӯъминон мехоҳед, ки занонатонро талоқ диҳед, пас талоқ диҳед занҳоро дар аввали иддаашон. Ва шумори иддаро нигаҳ доред, то бидонед вақти бозгаштанро, агар бихоҳед онҳоро бозгардонед. Ва аз Аллоҳи якто, Парвардигоратон битарсед. Ва онҳоро аз хонаҳояшон, ки зиндагӣ мекарданд, то комил шудани иддаи худ берун накунед: Ва аз хона танҳо берун нараванд, магар он ки ба ошкоро кори зиште (зино) кунанд. Инҳо аҳкоми Аллоҳ ҳастанд, ки барои бандагон амр кардааст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад, пас ҳамоно ба худ ситам карда худро мавриди ҳалок қарор додааст. Ту чӣ донӣ (эй талоқшуда), шояд Аллоҳ баъд аз ин талоқ амреро падид оварад, ки ту намедонистӣ ва ӯ туро бозгардонад.

65:2

فَإِذَا بَلَغۡنَ أَجَلَهُنَّ فَأَمۡسِكُوهُنَّ بِمَعۡرُوفٍ أَوۡ فَارِقُوهُنَّ بِمَعۡرُوفٖ وَأَشۡهِدُواْ ذَوَيۡ عَدۡلٖ مِّنكُمۡ وَأَقِيمُواْ ٱلشَّهَٰدَةَ لِلَّهِۚ ذَٰلِكُمۡ يُوعَظُ بِهِۦ مَن كَانَ يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ وَمَن يَتَّقِ ٱللَّهَ يَجۡعَل لَّهُۥ مَخۡرَجٗا ﴿2﴾

Пас, вақте ки иддаи занҳои талоқшуда буд шавад, пас ба ваҷҳи некӯ нигоҳашон доред ё ба ваҷҳи некӯ аз онҳо ҷудо шавед. Ва дар ҳарду ҳолат ҳам, албатта гувоҳ гиред ду мусалмони соҳибтақворо. Ва (эй шоҳидон) холис барои Аллоҳ гувоҳиро адо кунед, на барои чизи дигар. Ин ҳукми Аллоҳ аст, панд дода мешавад ба он ҳар киро, ки имон дорад ба Аллоҳу рӯзӣ қиёмат. Ва ҳар кӣ аз Аллоҳ битарсад, пас амрҳои Ӯро ба ҷой орад ва аз манъ кардаҳояш парҳез кунад, Аллоҳ роҳи наҷоту халосиро аз тамоми ғаму андӯҳ барояш пайдо кунад.

65:3

وَيَرۡزُقۡهُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَحۡتَسِبُۚ وَمَن يَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِ فَهُوَ حَسۡبُهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ بَٰلِغُ أَمۡرِهِۦۚ قَدۡ جَعَلَ ٱللَّهُ لِكُلِّ شَيۡءٖ قَدۡرٗا ﴿3﴾

Ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, сабабҳои ба даст овардани ризқу рӯзиро ба ӯ осон мегардонад. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккал кунад, Аллоҳ ӯро кофист дар анҷоми тамоми корҳо. Ҳароина, Аллоҳ кори худро ба иҷро мерасонад. Ҳамоно Аллоҳ барои ҳар чиз (яъне аз сахтиҳо ва осудаҳолиҳо) як андозаву миқдори муайянро муқаррар кардааст.

65:4

وَٱلَّـٰٓـِٔي يَئِسۡنَ مِنَ ٱلۡمَحِيضِ مِن نِّسَآئِكُمۡ إِنِ ٱرۡتَبۡتُمۡ فَعِدَّتُهُنَّ ثَلَٰثَةُ أَشۡهُرٖ وَٱلَّـٰٓـِٔي لَمۡ يَحِضۡنَۚ وَأُوْلَٰتُ ٱلۡأَحۡمَالِ أَجَلُهُنَّ أَن يَضَعۡنَ حَمۡلَهُنَّۚ وَمَن يَتَّقِ ٱللَّهَ يَجۡعَل لَّهُۥ مِنۡ أَمۡرِهِۦ يُسۡرٗا ﴿4﴾

Ва занҳое, ки ба сабаби калонсолиашон аз дидани ҳайз ноумед шуданд, агар дар шубҳа афтодед, ки идаашон чи қадар бошад? Пас бидонед, ки иддаашон гузаштани се моҳ аст. Ва занҳое, ки ба синни ҳайз дидан нарасидаанд, иддаи онҳо низ се моҳ аст. Ва иддаи занҳои ҳомиладор, вазъи ҳамл (таваллуд) аст. Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад ва ҳукмҳои Ӯро ба ҷой орад, Аллоҳ корашро дар дунёву охират осон хоҳад кард.

65:5

ذَٰلِكَ أَمۡرُ ٱللَّهِ أَنزَلَهُۥٓ إِلَيۡكُمۡۚ وَمَن يَتَّقِ ٱللَّهَ يُكَفِّرۡ عَنۡهُ سَيِّـَٔاتِهِۦ وَيُعۡظِمۡ لَهُۥٓ أَجۡرًا ﴿5﴾

Ин ҳама он чи зикр шуд аз аҳкоми талоқ ва идда, фармони Аллоҳ аст, ки бар шумо (эй одамон) нозил кардааст, то ба он амал кунед. Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, аз гуноҳҳо парҳез кунад ва фарзҳоро ба ҷой орад, гуноҳашро аз ӯ дур мекунад ва ӯро дар охират подоши бузурге (ҷаннат) медиҳад.