quranm◉

Саҳифа 559

Range
from 65:6 to 65:12
Surahs covered
Тарҷума
7 Тарҷума

◉

65:6

أَسۡكِنُوهُنَّ مِنۡ حَيۡثُ سَكَنتُم مِّن وُجۡدِكُمۡ وَلَا تُضَآرُّوهُنَّ لِتُضَيِّقُواْ عَلَيۡهِنَّۚ وَإِن كُنَّ أُوْلَٰتِ حَمۡلٖ فَأَنفِقُواْ عَلَيۡهِنَّ حَتَّىٰ يَضَعۡنَ حَمۡلَهُنَّۚ فَإِنۡ أَرۡضَعۡنَ لَكُمۡ فَـَٔاتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ وَأۡتَمِرُواْ بَيۡنَكُم بِمَعۡرُوفٖۖ وَإِن تَعَاسَرۡتُمۡ فَسَتُرۡضِعُ لَهُۥٓ أُخۡرَىٰ ﴿6﴾

Ба қадри тавоноии худ занони талоқшударо дар вақти идаашон дар ҷое, ки худ сукунат ихтиёр кардед, ҷой диҳед. Ва ба онҳо зиён нарасонед, то ки тангирӣ кунед ба онҳо дар маскан. Ва агар ҳомила буданд, нафақаашонро бидиҳед (дар вақти идаашон), то ки таваллуд кунанд. Пас агар фарзанди шуморо шир медиҳанд, муздашонро ба пуррагӣ бидиҳед. Ва бо тарзи некӯ бо якдигар корфармоӣ (тавофуқ) кунед. Ва агар дар боби шир додан ба тавофуқ нарасидед, пас зани дигар (ғайри модари талоқшуда) бихоҳед, ки кӯдакро шир диҳад.

65:7

لِيُنفِقۡ ذُو سَعَةٖ مِّن سَعَتِهِۦۖ وَمَن قُدِرَ عَلَيۡهِ رِزۡقُهُۥ فَلۡيُنفِقۡ مِمَّآ ءَاتَىٰهُ ٱللَّهُۚ لَا يُكَلِّفُ ٱللَّهُ نَفۡسًا إِلَّا مَآ ءَاتَىٰهَاۚ سَيَجۡعَلُ ٱللَّهُ بَعۡدَ عُسۡرٖ يُسۡرٗا ﴿7﴾

Ҳар шавҳари молдоре аз моли худ бар зани талолқшуда ва бар фарзанди навзод нафақа диҳад. Ва касе, ки фақир ва тангдаст бошад, аз ҳар чӣ Аллоҳ ба ӯ додааст, нафақа диҳад. Аллоҳ ҳеҷ камбағалро ба монанди молдор вазифадор намесозад ва ба зудӣ Аллоҳ пас аз тангдастӣ ва сахтӣ, молдорӣ ва осонӣ пеш орад.

65:8

وَكَأَيِّن مِّن قَرۡيَةٍ عَتَتۡ عَنۡ أَمۡرِ رَبِّهَا وَرُسُلِهِۦ فَحَاسَبۡنَٰهَا حِسَابٗا شَدِيدٗا وَعَذَّبۡنَٰهَا عَذَابٗا نُّكۡرٗا ﴿8﴾

Чӣ басо мардуми деҳаҳое, ки аз фармони Парвардигорашон ва паёмбаронаш саркашӣ карданд ва ба куфру туғён ҷуръат карданд. Пас ба сабаби носипосии неъматҳои Мо сахт ба ҳисобашон расидем ва ба азоби вазнин азобашон кардем.

65:9

فَذَاقَتۡ وَبَالَ أَمۡرِهَا وَكَانَ عَٰقِبَةُ أَمۡرِهَا خُسۡرًا ﴿9﴾

Пас, уқубати амали худро чашиданд. Оқибати корашон зиёнкорӣ буд.

65:10

أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُمۡ عَذَابٗا شَدِيدٗاۖ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ يَـٰٓأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۚ قَدۡ أَنزَلَ ٱللَّهُ إِلَيۡكُمۡ ذِكۡرٗا ﴿10﴾

Аллоҳ таъоло барои онҳое, ки амрҳои Аллоҳ ва расулашро ба ҷо наоварданд, азоби сахт омода кард. Пас, эй хирадмандоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед. Ҳамоно Аллоҳ барои шумо (эй мӯъминон) зикре нозил кардааст, ки шуморо мутаззакир месозад ва шуморо бар насибатон аз имони ба Аллоҳ ва амал кардан ба тоъаташ огаҳ менамояд.

65:11

رَّسُولٗا يَتۡلُواْ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ مُبَيِّنَٰتٖ لِّيُخۡرِجَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ مِنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِۚ وَمَن يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ وَيَعۡمَلۡ صَٰلِحٗا يُدۡخِلۡهُ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۖ قَدۡ أَحۡسَنَ ٱللَّهُ لَهُۥ رِزۡقًا ﴿11﴾

Ва ин зикр Расулаллоҳ мебошад, ки оёти равшани Аллоҳро бароятон мехонад, то касонеро, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз торикии куфр ба рӯшноии имон оварад ва ҳар ки ба Аллоҳ имон оварад ва кори шоиста кунад, ба биҳиштҳое медароварад, ки дар зери дарахтҳояш рудҳо ҷорист, ҳамеша дар он ҷо бимонанд ва ҳамоно Аллоҳ барои мӯъмини солеҳ ризқашро дар ҷаннат некӯ гардонад.

65:12

ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ سَبۡعَ سَمَٰوَٰتٖ وَمِنَ ٱلۡأَرۡضِ مِثۡلَهُنَّۖ يَتَنَزَّلُ ٱلۡأَمۡرُ بَيۡنَهُنَّ لِتَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ وَأَنَّ ٱللَّهَ قَدۡ أَحَاطَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عِلۡمَۢا ﴿12﴾

Аллоҳ аст, ки ҳафт осмону монанди онҳо замин биёфарид. Фурӯд меояд тадбири кор аз ҷониби Аллоҳ миёни осмонҳову замин, то яқин бидонед, эй одамон, ки ҳароина, Аллоҳ ба ҳар чиз қодир аст, чизе Ӯро оҷиз накунад ва ҳароина Аллоҳ ба илм бар ҳама чиз иҳота дорад, пас чизе аз илм ва қудрати Ӯ берун намешавад.