quranm◉

Саҳифа 586

Range
from 81:1 to 81:29
Surahs covered
Тарҷума
29 Тарҷума

◉

81:1

إِذَا ٱلشَّمۡسُ كُوِّرَتۡ ﴿1﴾

Чун офтоб дар ҳам печида шавад ва нураш хира шавад

81:2

وَإِذَا ٱلنُّجُومُ ٱنكَدَرَتۡ ﴿2﴾

ва чун ситорагон тира шаванд

81:3

وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ سُيِّرَتۡ ﴿3﴾

ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд ва пора-пора шаванд

81:4

وَإِذَا ٱلۡعِشَارُ عُطِّلَتۡ ﴿4﴾

ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ бесоҳиб гузошта шаванд

81:5

وَإِذَا ٱلۡوُحُوشُ حُشِرَتۡ ﴿5﴾

ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд,

81:6

وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ سُجِّرَتۡ ﴿6﴾

ва чун дарёҳо оташ гиранд

81:7

وَإِذَا ٱلنُّفُوسُ زُوِّجَتۡ ﴿7﴾

ва чун рӯҳҳо бо ҷасадҳо наздик шаванд ва ҷамъ оянд

81:8

وَإِذَا ٱلۡمَوۡءُۥدَةُ سُئِلَتۡ ﴿8﴾

ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки

81:9

بِأَيِّ ذَنۢبٖ قُتِلَتۡ ﴿9﴾

ба чӣ гуноҳе кушта шудааст

81:10

وَإِذَا ٱلصُّحُفُ نُشِرَتۡ ﴿10﴾

ва чун саҳифаҳои аъмол боз шаванд,

81:11

وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ كُشِطَتۡ ﴿11﴾

ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад

81:12

وَإِذَا ٱلۡجَحِيمُ سُعِّرَتۡ ﴿12﴾

ва чун ҷаҳаннам афрӯхта шӯълавар гардад

81:13

وَإِذَا ٱلۡجَنَّةُ أُزۡلِفَتۡ ﴿13﴾

ва чун биҳишт наздик оварда шавад,

81:14

عَلِمَتۡ نَفۡسٞ مَّآ أَحۡضَرَتۡ ﴿14﴾

ҳар кас бидонад, ки чӣ омода кардааст, аз хубӣ ва бадиҳо.

81:15

فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلۡخُنَّسِ ﴿15﴾

Аллоҳ савганд ёд мекунад ба ситорагони бозгарданда, ки дар рӯз пинҳон мешаванд,

81:16

ٱلۡجَوَارِ ٱلۡكُنَّسِ ﴿16﴾

ситорагони сайркунандаи ғоибшаванда

81:17

وَٱلَّيۡلِ إِذَا عَسۡعَسَ ﴿17﴾

ва савганд ба шаб, чун торик шавад

81:18

وَٱلصُّبۡحِ إِذَا تَنَفَّسَ ﴿18﴾

ва савганд ба субҳ, чун бидамад,

81:19

إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٖ كَرِيمٖ ﴿19﴾

ки ин Қуръон сухани расули бузургвор Ҷабраил (алайҳиссалом) аст,

81:20

ذِي قُوَّةٍ عِندَ ذِي ٱلۡعَرۡشِ مَكِينٖ ﴿20﴾

Ӯ нерӯманд аст, дар назди Аллоҳи Арш, дорои мақоми болост,

81:21

مُّطَاعٖ ثَمَّ أَمِينٖ ﴿21﴾

он ҷо дар назди Аллоҳ фармонбардоршуда, боваринок аст

81:22

وَمَا صَاحِبُكُم بِمَجۡنُونٖ ﴿22﴾

Ва ҳамсӯҳбати шумо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) девона нест.

81:23

وَلَقَدۡ رَءَاهُ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡمُبِينِ ﴿23﴾

Ба дурустӣ, ӯ Ҷабраилро ба сурати ҳақиқааш дар уфуқи равшан дидааст.

81:24

وَمَا هُوَ عَلَى ٱلۡغَيۡبِ بِضَنِينٖ ﴿24﴾

Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад.

81:25

وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَيۡطَٰنٖ رَّجِيمٖ ﴿25﴾

Ва он (Қуръон) гуфтаи шайтони рондашуда нест, балки сухан ва ваҳйи Илоҳӣ аст.

81:26

فَأَيۡنَ تَذۡهَبُونَ ﴿26﴾

Пас ба куҷо меравед баъди ин қадар ҳуҷҷатҳои қотеъ?

81:27

إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٞ لِّلۡعَٰلَمِينَ ﴿27﴾

Ин китоб, пандест барои ҷаҳониён,

81:28

لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَسۡتَقِيمَ ﴿28﴾

барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад росткирдор шавад.

81:29

وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿29﴾

Ва шумо ростӣ ва истиқоматро намехоҳед ва бар ин хост қодир ҳам намебошед, магар он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён бихоҳад.