quranm◉

Саҳифа 68

Range
from 3:141 to 3:148
Surahs covered
Тарҷума
8 Тарҷума

◉

3:141

وَلِيُمَحِّصَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَيَمۡحَقَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ﴿141﴾

Ва ин шикасте, ки дар ҷанги Уҳуд шуд, имтиҳоне буд, то мӯъминонро покиза гардонад ва ононро аз мунофиқон халос кунад ва кофиронро нобуд созад.

3:142

أَمۡ حَسِبۡتُمۡ أَن تَدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ وَلَمَّا يَعۡلَمِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ جَٰهَدُواْ مِنكُمۡ وَيَعۡلَمَ ٱلصَّـٰبِرِينَ ﴿142﴾

Оё гумон доред (эй ёрони Муҳаммад (алайҳиссалоту вассалом), ки ба биҳишт хоҳед рафт, ҳол он ки имтиҳон карда нашудаед ба вазниниҳои ҷанг ва ба биҳишт дохил нахоҳед шуд то он даме, ки имтиҳон карда шавед ва Аллоҳ маълум мекунад аз миёни шумо чӣ касоне дар роҳи Ӯ ҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне дар муқобили душман сабр мекунанд?

3:143

وَلَقَدۡ كُنتُمۡ تَمَنَّوۡنَ ٱلۡمَوۡتَ مِن قَبۡلِ أَن تَلۡقَوۡهُ فَقَدۡ رَأَيۡتُمُوهُ وَأَنتُمۡ تَنظُرُونَ ﴿143﴾

Ҳамоно шумо -эй мӯъминон- орзу мекардед ҷангиданро бо душман пеш аз ҷанги Уҳуд; то ноил шавед шаҳодатеро, ки бародаронатон дар ҷанги Бадр дар роҳи Аллоҳ ноил шуданд. Пас бо чашмони худ дидед онро дар Уҳуд, акнун биҷангед ва сабр кунед.

3:144

وَمَا مُحَمَّدٌ إِلَّا رَسُولٞ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِ ٱلرُّسُلُۚ أَفَإِيْن مَّاتَ أَوۡ قُتِلَ ٱنقَلَبۡتُمۡ عَلَىٰٓ أَعۡقَٰبِكُمۡۚ وَمَن يَنقَلِبۡ عَلَىٰ عَقِبَيۡهِ فَلَن يَضُرَّ ٱللَّهَ شَيۡـٔٗاۚ وَسَيَجۡزِي ٱللَّهُ ٱلشَّـٰكِرِينَ ﴿144﴾

Шубҳае нест, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбарони дигар будаанд, ки рисолати Парвардигорашонро мерасониданд. Оё агар бимирад ё кушта шавад (чунон ки душманон хабари дурӯғ паҳн карданд,) шумо ба дини пешинаи худ бозмегардед ва дини паёмбаратонро тарк мекунед? Ҳар кас, ки аз динаш бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ нахоҳад расонид, балки ба худаш зиёни бузурге расонидааст. Аммо касе устувор аст дар имон ва шукргузор аст бар неъмати Ислом, Аллоҳ шукргузоронро подош (мукофот) хоҳад дод.

3:145

وَمَا كَانَ لِنَفۡسٍ أَن تَمُوتَ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِ كِتَٰبٗا مُّؤَجَّلٗاۗ وَمَن يُرِدۡ ثَوَابَ ٱلدُّنۡيَا نُؤۡتِهِۦ مِنۡهَا وَمَن يُرِدۡ ثَوَابَ ٱلۡأٓخِرَةِ نُؤۡتِهِۦ مِنۡهَاۚ وَسَنَجۡزِي ٱلشَّـٰكِرِينَ ﴿145﴾

Ҳеҷ шахсе намирад, магар ба иродаи Аллоҳ, ки навишта шудааст мӯҳлати вақти ӯ. Ҳар кас бо амалаш хоҳони савоби ризқи ин дунё бошад, ба ӯ медиҳем ва ӯ дар охират насибе надорад ва ҳар кас бо амалаш хоҳони савоби охират бошад, ба ӯ медиҳем барзиёд бо ҳамроҳии он ризқе, ки барои ӯ дар ин дунё тақсим карда шуда буд. Ва шукргузоронро подош хоҳем дод!

3:146

وَكَأَيِّن مِّن نَّبِيّٖ قَٰتَلَ مَعَهُۥ رِبِّيُّونَ كَثِيرٞ فَمَا وَهَنُواْ لِمَآ أَصَابَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَمَا ضَعُفُواْ وَمَا ٱسۡتَكَانُواْۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلصَّـٰبِرِينَ ﴿146﴾

Чӣ басо аз паёмбарони гузашта, ки гурӯҳи бисёре аз асҳобашон ҳамроҳи онон дар роҳи Аллоҳ биҷангиданд, ҳарчӣ ба онҳо расид аз ҷароҳату куштор, сустӣ накарданд ва нотавон нашуданд ва сар фуруд наёварданд дар пеши душман, балки сабр карданд ва Аллоҳ сабркунандагонро дӯст дорад.

3:147

وَمَا كَانَ قَوۡلَهُمۡ إِلَّآ أَن قَالُواْ رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسۡرَافَنَا فِيٓ أَمۡرِنَا وَثَبِّتۡ أَقۡدَامَنَا وَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ﴿147﴾

Танҳо ин сабркунандагон мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро ва зиёдаравиҳои моро дар корҳоямон биёмӯрз ва моро собитқадам гардон дар майдони ҷанг ва дар баробари онон, ки инкор карданд ягонагии туро ва паёмбарии паёмбаронатро моро ёрӣ кун».

3:148

فَـَٔاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ ثَوَابَ ٱلدُّنۡيَا وَحُسۡنَ ثَوَابِ ٱلۡأٓخِرَةِۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ﴿148﴾

Пас Аллоҳ ба онон ҷазои некро дод дар дунё, ки он пирӯзӣ бар душман ва устуворӣ дар замин аст ва низ ҷазои некро дар охират дод, ки он биҳишти сарсабз аст. Ва Аллоҳ накӯкоронеро, ки бо Парвардигори худ ва мардумон хушмуомила ҳастанд, дӯст дорад!