quranm◉

Саҳифа 73

Range
from 3:174 to 3:180
Surahs covered
Тарҷума
7 Тарҷума

◉

3:174

فَٱنقَلَبُواْ بِنِعۡمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَضۡلٖ لَّمۡ يَمۡسَسۡهُمۡ سُوٓءٞ وَٱتَّبَعُواْ رِضۡوَٰنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ ذُو فَضۡلٍ عَظِيمٍ ﴿174﴾

Пас бозгаштанд ин мусалмонон, дар ҳоле ки неъмату фазли Аллоҳро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Аллоҳ рафтанд ва Аллоҳ дорои фазли бузург аст!

3:175

إِنَّمَا ذَٰلِكُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ يُخَوِّفُ أَوۡلِيَآءَهُۥ فَلَا تَخَافُوهُمۡ وَخَافُونِ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ﴿175﴾

Он шайтон аст, ки дар дили дӯстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, эй мӯъминон аз онҳо матарсед, ба Ман таваккал кунед ва паноҳ баред. Ман барои шумо кифояткунандаам, аз ман битарсед!

3:176

وَلَا يَحۡزُنكَ ٱلَّذِينَ يُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡكُفۡرِۚ إِنَّهُمۡ لَن يَضُرُّواْ ٱللَّهَ شَيۡـٔٗاۚ يُرِيدُ ٱللَّهُ أَلَّا يَجۡعَلَ لَهُمۡ حَظّٗا فِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٌ ﴿176﴾

Онон, ки ба куфр мешитобанд, туро ғамгин насозанд. Инҳо ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ намерасонанд. Аллоҳ мехоҳад онҳоро дар охират бебаҳрагардонад ва барояшон азоби бузург аст!

3:177

إِنَّ ٱلَّذِينَ ٱشۡتَرَوُاْ ٱلۡكُفۡرَ بِٱلۡإِيمَٰنِ لَن يَضُرُّواْ ٱللَّهَ شَيۡـٔٗاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ ﴿177﴾

Ҳароина онон, ки ба ивази имон куфрро хариданд, ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ намерасонанд ва барояшон азоби дарднок аст!

3:178

وَلَا يَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّمَا نُمۡلِي لَهُمۡ خَيۡرٞ لِّأَنفُسِهِمۡۚ إِنَّمَا نُمۡلِي لَهُمۡ لِيَزۡدَادُوٓاْ إِثۡمٗاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٞ مُّهِينٞ ﴿178﴾

Кофирон ба сабаби бахилиашон дар ҷамъ кардани мол гумон набаранд, ки агар эшонро мӯҳлат диҳем, ба некӣ ва салоҳи онон аст, балки барояшон зарар аст дар дину дунёашон. Мо ононро мӯҳлат медиҳем, то бештар гуноҳашон афзуда шавад ва барои онон азоби хоркунандаест.

3:179

مَّا كَانَ ٱللَّهُ لِيَذَرَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ عَلَىٰ مَآ أَنتُمۡ عَلَيۡهِ حَتَّىٰ يَمِيزَ ٱلۡخَبِيثَ مِنَ ٱلطَّيِّبِۗ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُطۡلِعَكُمۡ عَلَى ٱلۡغَيۡبِ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَجۡتَبِي مِن رُّسُلِهِۦ مَن يَشَآءُۖ فَـَٔامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦۚ وَإِن تُؤۡمِنُواْ وَتَتَّقُواْ فَلَكُمۡ أَجۡرٌ عَظِيمٞ ﴿179﴾

Аллоҳ мӯъминонро ҳаргиз бар он чи нагузорад, ки алҳол шумо бар он ҳастед. Меозмояд ва месанҷад, то нопокро аз пок, кофирро аз мӯъмин ҷудо созад. Ва Аллоҳ бар он нест, ки шуморо аз ғайб биогоҳонад, вале баъзе аз паёмбаронашро, ки худ бихоҳад, бармегузинад. Пас ба Аллоҳ ва паёмбаронаш имон биёваред. Ва агар имон дошта бошед ва парҳезгорӣ кунед, пас бароятон подоши бузургест.

3:180

وَلَا يَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ يَبۡخَلُونَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ هُوَ خَيۡرٗا لَّهُمۖ بَلۡ هُوَ شَرّٞ لَّهُمۡۖ سَيُطَوَّقُونَ مَا بَخِلُواْ بِهِۦ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ وَلِلَّهِ مِيرَٰثُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ ﴿180﴾

Ба касоне, ки ба он чи Аллоҳ аз фазли хеш ба онон додааст, бухл меварзанд, гумон набаранд, ки он бухл барои онон беҳтараст, балки ба зиёни онҳост. Ва дар рӯзи қиёмат, чизе ки дар он бухл варзидаанд, сабаби азобашон мегардад ва барои Аллоҳ аст ҳамаи дороиҳои осмон ва замин. Пас нафақа кунед аз он чи ки Аллоҳ рӯзиатон дод, зеро бозгашти ҳама умур ба сӯи Аллоҳ аст ва барои рӯзи охирати худ хайрхоҳӣ кунед, ки нафъи он, рӯзи қиёмат ба шумо мерасад ва Аллоҳ ба он чи мекунед огоҳ аст.