quranm◉

Саҳифа 89

Range
from 4:66 to 4:74
Surahs covered
Тарҷума
9 Тарҷума

◉

4:66

وَلَوۡ أَنَّا كَتَبۡنَا عَلَيۡهِمۡ أَنِ ٱقۡتُلُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ أَوِ ٱخۡرُجُواْ مِن دِيَٰرِكُم مَّا فَعَلُوهُ إِلَّا قَلِيلٞ مِّنۡهُمۡۖ وَلَوۡ أَنَّهُمۡ فَعَلُواْ مَا يُوعَظُونَ بِهِۦ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۡ وَأَشَدَّ تَثۡبِيتٗا ﴿66﴾

Ва агар бар онҳо (яъне мунофиқоне ки ҳукми тоғутро бар ҳукми Аллоҳ бартар доштанд) воҷиб мегардондем, ки хештанро бикушед, ё аз сарзаминҳоятон берун биравед, ҷуз шумораи андаке аз онҳо чунин намекарданд ва агар он чиро мекарданд, ки ба он панд дода мешаванд ҳамоно барои онон беҳтар ва устувортар менамуд.

4:67

وَإِذٗا لَّأٓتَيۡنَٰهُم مِّن لَّدُنَّآ أَجۡرًا عَظِيمٗا ﴿67﴾

Ва онгоҳ дар дунё ва охират ба онон аз пеши худ подоши бузурге медодем.

4:68

وَلَهَدَيۡنَٰهُمۡ صِرَٰطٗا مُّسۡتَقِيمٗا ﴿68﴾

Ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамудем.

4:69

وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ فَأُوْلَـٰٓئِكَ مَعَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ وَٱلصِّدِّيقِينَ وَٱلشُّهَدَآءِ وَٱلصَّـٰلِحِينَۚ وَحَسُنَ أُوْلَـٰٓئِكَ رَفِيقٗا ﴿69﴾

Ва ҳар кас фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо овард ва ба роҳнамудаи Паёмбари Аллоҳ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амал намуд, пас онҳо ҳамнишини касоне хоҳанд буд, ки Аллоҳ ба онҳо неъмат додааст аз паёмбарон ва сиддиқон, ва шаҳидон, ва солеҳони мӯъминон, ки Аллоҳ зоҳир ва ботинашонро ислоҳ намудааст. Ва инҳо чи хуб дӯстоне ҳастанд, ки бо онҳо дар боғҳои биҳишт ҷамъ шуда ҳаёт ба сар мебаранд.

4:70

ذَٰلِكَ ٱلۡفَضۡلُ مِنَ ٱللَّهِۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ عَلِيمٗا ﴿70﴾

Ин бахшише аст аз ҷониби Аллоҳ. Ва басандааст, ки Аллоҳ ба ҳоли бандагонаш доност ва медонад аз онҳо, ки сазовори савоби бисёр мешавад.

4:71

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ خُذُواْ حِذۡرَكُمۡ فَٱنفِرُواْ ثُبَاتٍ أَوِ ٱنفِرُواْ جَمِيعٗا ﴿71﴾

Эй касоне ки имон овардаед! Ба муқобили душманонатон омодагии худро бубинед ва гурӯҳ-гурӯҳ ё ҳама ҷамъ омада берун (ба ҷанг) биравед.

4:72

وَإِنَّ مِنكُمۡ لَمَن لَّيُبَطِّئَنَّ فَإِنۡ أَصَٰبَتۡكُم مُّصِيبَةٞ قَالَ قَدۡ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيَّ إِذۡ لَمۡ أَكُن مَّعَهُمۡ شَهِيدٗا ﴿72﴾

Ва эй мӯъминон! Гурӯҳе аз шумо ҳастанд, ки дар ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ сустӣ мекунанд. Агар мусибате ба шумо бирасад (аз қабили шикаст хӯрдан ва кушта шудан ва пирӯз шудани душманон бар шумо, фарде, ки дар ҷиҳод ширкат накардааст), мегуяд: "Ба ростӣ Аллоҳ ба ман лутф намуд, ки бо онон ҳамроҳ ва ҳозир набудам".

4:73

وَلَئِنۡ أَصَٰبَكُمۡ فَضۡلٞ مِّنَ ٱللَّهِ لَيَقُولَنَّ كَأَن لَّمۡ تَكُنۢ بَيۡنَكُمۡ وَبَيۡنَهُۥ مَوَدَّةٞ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ مَعَهُمۡ فَأَفُوزَ فَوۡزًا عَظِيمٗا ﴿73﴾

Ва агар ба шумо раҳмат ва фазле (яъне пирӯзӣ ё ғанимат ба даст овардан), аз ҷониби Аллоҳ бирасад, албатта ин мунофиқи ҳасадхӯр ҳасраткунон - чунон ки гӯӣ ҳаргиз миёни шумо ва миёни вай дӯстӣ набуда - мегӯяд: «Кош ҳамроҳи онҳо будам ва хеле баҳра мебурдам ва ба муваффақияти бузурге даст меёфтам.

4:74

فَلۡيُقَٰتِلۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ٱلَّذِينَ يَشۡرُونَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا بِٱلۡأٓخِرَةِۚ وَمَن يُقَٰتِلۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَيُقۡتَلۡ أَوۡ يَغۡلِبۡ فَسَوۡفَ نُؤۡتِيهِ أَجۡرًا عَظِيمٗا ﴿74﴾

Пас касоне, ки зиндагии дунёро ба охират мефурӯшанд, бояд дар роҳи Аллоҳ биҷанганд ва ҳар кӣ дар роҳи Аллоҳ ҷанг кунад ва кушта шавад, ё ғолиб ояд, подоши бузурге ба ӯ хоҳем дод.