quranm◉

Саҳифа 92

Range
from 4:87 to 4:91
Surahs covered
Тарҷума
5 Тарҷума

◉

4:87

ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۚ لَيَجۡمَعَنَّكُمۡ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَا رَيۡبَ فِيهِۗ وَمَنۡ أَصۡدَقُ مِنَ ٱللَّهِ حَدِيثٗا ﴿87﴾

Ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуди бар ҳаққе нест, ҳатман шуморо дар рӯзе, ки ҳеҷ шакке дар он нест, ҷамъ меоварад. Ва чи касе аз Аллоҳ ростгӯйтар аст?

4:88

فَمَا لَكُمۡ فِي ٱلۡمُنَٰفِقِينَ فِئَتَيۡنِ وَٱللَّهُ أَرۡكَسَهُم بِمَا كَسَبُوٓاْۚ أَتُرِيدُونَ أَن تَهۡدُواْ مَنۡ أَضَلَّ ٱللَّهُۖ وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَلَن تَجِدَ لَهُۥ سَبِيلٗا ﴿88﴾

Шумо (эй мӯъминон), чаро дар бораи мунофиқон ду гурӯҳ шудаед, ки барои шумо шоиста нест, дар мавриди онҳо дучори иштибоҳ шавед ва шак кунед? Ҳол он ки Аллоҳ онҳоро ба сабаби кирдори бадашон ва ба сабаби он чи анҷом додаанд, сарнагун сохтааст. Оё мехоҳед касеро ҳидоят кунед, ки Аллоҳ ӯро гумроҳ кардааст? Ва ҳар касро ки Аллоҳ аз динаш гумроҳ созад, барои ӯ роҳи ҳидоят нахоҳӣ ёфт.

4:89

وَدُّواْ لَوۡ تَكۡفُرُونَ كَمَا كَفَرُواْ فَتَكُونُونَ سَوَآءٗۖ فَلَا تَتَّخِذُواْ مِنۡهُمۡ أَوۡلِيَآءَ حَتَّىٰ يُهَاجِرُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَخُذُوهُمۡ وَٱقۡتُلُوهُمۡ حَيۡثُ وَجَدتُّمُوهُمۡۖ وَلَا تَتَّخِذُواْ مِنۡهُمۡ وَلِيّٗا وَلَا نَصِيرًا ﴿89﴾

Мунофиқон дӯст доранд, ки шумо монанди онҳо кофир шавед. Агар шумо ҳақиқати он чиро ки дилҳоятон тасдиқ намуда буд, инкор кунед, мисли он ки дилҳои онҳо инкор кардаанд, он гоҳ шумо ва онҳо баробар мешавед. Пас аз онҳо барои худ дӯстон нагиред, магар ки дар роҳи Аллоҳ ҳиҷрат кунанд ва ин далел бар сидқи имони онҳо аст. Пас агар рӯй гардонанд, онҳоро бигиред ва ҳар куҷо ки ёфтед, бикушед ва аз онҳо дӯст ва ёридиҳандае нагиред.

4:90

إِلَّا ٱلَّذِينَ يَصِلُونَ إِلَىٰ قَوۡمِۭ بَيۡنَكُمۡ وَبَيۡنَهُم مِّيثَٰقٌ أَوۡ جَآءُوكُمۡ حَصِرَتۡ صُدُورُهُمۡ أَن يُقَٰتِلُوكُمۡ أَوۡ يُقَٰتِلُواْ قَوۡمَهُمۡۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَسَلَّطَهُمۡ عَلَيۡكُمۡ فَلَقَٰتَلُوكُمۡۚ فَإِنِ ٱعۡتَزَلُوكُمۡ فَلَمۡ يُقَٰتِلُوكُمۡ وَأَلۡقَوۡاْ إِلَيۡكُمُ ٱلسَّلَمَ فَمَا جَعَلَ ٱللَّهُ لَكُمۡ عَلَيۡهِمۡ سَبِيلٗا ﴿90﴾

Магар касоне, ки бо гурӯҳе пайванд пайдо мекунанд, ки миёни шумо ва онон паймонест, пас ба онҳо маҷангед ва инчунин касоне, ки назди шумо меоянд, дар ҳоле ки намехоҳанд бо шумо биҷанганд ва намехоҳанд бо қавмашон биҷанганд, пас онҳо на ҳамроҳи шумоанд ва на ҳамроҳи қавмашон. Пас бо онҳо маҷангед ва агар Аллоҳ мехост онҳоро бар шумо ҳукмрон ва пирӯз мегардонд ва онон ҳамроҳи душманони шумо (мушрикон) бо шумо меҷангиданд. Ва лекин Аллоҳ ба фазлу қудраташ онҳоро аз шумо нигоҳ дошт. Бинобар ин агар аз шумо канорагирӣ карданд ва бо шумо наҷангиданд ва пешниҳоди сулҳ карданд, Аллоҳ барои шумо ҳеҷ роҳе бар зидди онҳо накушодааст.

4:91

سَتَجِدُونَ ءَاخَرِينَ يُرِيدُونَ أَن يَأۡمَنُوكُمۡ وَيَأۡمَنُواْ قَوۡمَهُمۡ كُلَّ مَا رُدُّوٓاْ إِلَى ٱلۡفِتۡنَةِ أُرۡكِسُواْ فِيهَاۚ فَإِن لَّمۡ يَعۡتَزِلُوكُمۡ وَيُلۡقُوٓاْ إِلَيۡكُمُ ٱلسَّلَمَ وَيَكُفُّوٓاْ أَيۡدِيَهُمۡ فَخُذُوهُمۡ وَٱقۡتُلُوهُمۡ حَيۡثُ ثَقِفۡتُمُوهُمۡۚ وَأُوْلَـٰٓئِكُمۡ جَعَلۡنَا لَكُمۡ عَلَيۡهِمۡ سُلۡطَٰنٗا مُّبِينٗا ﴿91﴾

Гурӯҳе дигареро аз мунофиқон хоҳед ёфт, ки мехоҳанд, ки аз ҷониби шумо дар амон бошанд, пас бароятон имонро зоҳир мекунанд ва мехоҳанд, ки аз ҷониби қавмашон дар амон бошанд, пас барояшон куфрро зоҳир мекунанд. Ҳар гоҳ ба сӯи куфр ва ахди он хонда шаванд, дар он фурӯ мераванд (яъне, ҳамеша бар куфр ва нифоқи худ боқӣ ҳастанд), пас агар аз шумо канорагирӣ накарданд ва ба шумо пешниҳоди сулҳ нанамуданд ва аз ҷанг бо шумо даст бардоштанд, онҳоро асир бигиред ва ҳар куҷо ононро ёфтед, бикушед. Онон касоне ҳастанд, ки мо далели ошкоре бар қатл ва асир гирифтани онҳо ба шумо додаем.